wrapper

Имрӯз (19.10.2021) бо ташаббуси Шӯъбаи Аврупо ва Амрико дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар-нишаст дар мавзӯъи “Натиҷаҳои сафари Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо ва Фаронса” баргузор гардид.
Дар семинар-нишаст кормандони Институт иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Санавбарбону Воҳидова, мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико, доктори илмҳои таърих, Шамсиддин Каримов, доктори илмҳои сиёсӣ ва Юсуфҷонов Фаридун, номзади илмҳои сиёсӣ дар мавзӯи зикршуда суханронӣ карданд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо аввал аз Шоҳигарии Белгия дидан карда, бо Аълоҳазрат Алберто Филипп мулоқот карданд. Баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Халак суҳбат карданд. Яке аз мавзӯъҳои асосии музокироти Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Иттиҳоди Аврупо оид ба амният Жозеф Борелл мушкилоти Афғонистон, инчунин таҳдидҳо ва чолишҳое, ки аз ин кишвар сар мезананд буд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки рушди ҳамкорӣ яке аз мавзӯъҳои нишасти қариб-ул-вуқӯъи вазирони хориҷии G5+1 дар Душанбе хоҳад шуд. Гуфтан мумкин, ки Фаронса бо Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимод дар Аврупо ба ҳисоб меравад.
Дар зимни сафар, Президент Эммануэл Макрон махсус қайд кард, ки “Тоҷикистон кишварест, ки дар чаҳорчӯбаи тамаддунҳо ҷойгир шудааст ва худ соҳибтамаддун буда, аз тамаддунҳои аҳди бостон Сосониён ва Юнониҳо нашъа гирифтааст.” Баъдан Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар толори Созмони Милали Муттаҳид хонум Одри Азуле хайрамақдам гуфт. Дар инҷо барномаи фарҳанги “Тоҷикистон кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ҳамзамон бузургтарин намоишгоҳи экспонатҳои таърихии марбут ба ниёгони тоҷикон дар Осорхонаи миллии санъати шарқии Порис-Осорхонаи Гимет кушода шуд. Намоишгоҳ то 10-уми январи 2022 идома меёбад.
Санавбарбону Воҳидова мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико, доктори илмҳои таърих, профессор зимни суханронии худ қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи оламшумули тоҷикон, ойину суннатҳои миллӣ, маданияти китобдорӣ, пешбурди илму фарҳанг ва хизматҳои шоистаи фарзандони барӯманди халқи тоҷик дар рушди пешрафти умумибашарӣ кардаанд, ибрози ақида намуданд. Ногуфта намонад, ки сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 ба Швейтсария ва Фаронса тақвияти нави ҳамкорӣ бошад, саҳифаи тоза нафаси тоза буд, сафари навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2021 як такони бузург барои аврупоиён ҳамчун муаррифгари чеҳраи мондагори тоҷикон дар Аврупо буд. Умедворам, ки ин иқдоми неки Президенти кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самарабахш буда, дар тақвими ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нақши калидиро мебозад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Фаронса яке аз кишварҳоест, ки аз 3-уми марти соли 1992 бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудаааст. Зиёда аз 33-санади ҳамкорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Фаронса ба имзо расидааст, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд.
Дар ахири семинар-нишаст миёни кормандони Институт тариқи суолу ҷавоб муҳокимаи мавзӯъ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки аврупоиён метавонанд аз таърих ва фарҳанги тоҷикон аз наздик ошно шаванд.
 
Санавбарбону Воҳидова, мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико, доктори илмҳои таърих, профессор
Последнее изменение Чоршанбе, 20 Октябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/