wrapper

Имрӯз, 2-юми октябри соли равон дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Мазмуни асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур кормандони Институт, докторантон, унвонҷӯён ва магистрон иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки дар семинар, Мансурзода Амиршо Мансур, сардори Шуъбаи илми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримзода Умар Карим, ходими калони Шуъбаи илми Академияи ВКД ҶТ маърӯза карданд ва дигар кормандону ходимони илмии Институти Осиё ва Аврупо низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маърӯзачиён дар баромадҳояшон тамоми мазмун, мундариҷа, мавқею мақом, аҳамияти таърихӣ ва байналмилалии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад, мавриди баррасии худ гузоштанд ва ба ҳозирин таассуроти хуб гузоштанд.
Дар қисмати ниҳоӣ олимони Институт профессорон Мардонӣ Тоҷиддин, Воҳидова Санавбарбону, Сангинов Нарзулло, Раҷабов Ҳабибулло, Холназаров Назар ва дигарон ба музокираҳо баромада фикру назари худро дар мавриди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Хусусан, қисмати саволу ҷавобҳо фаромӯшнашаванда буд ва ҳозирини чорабинӣ ба бисёре саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд!
Дар анҷоми чорабинӣ директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ниёзӣ Ёрмаҳаммад Бобо тамоми ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда комёбиҳо таманно намуд!


                                                                             
 
Последнее изменение Чоршанбе, 03 Ноябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/