wrapper

Фишурдаи суханронии Мансурзода Амиршоҳ Мансур - н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия аз семинари илмии 2-юми октябри соли равон, ки дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Мазмуни асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Конститутсия ин қонуни асосӣ, қонуни олӣ, қонуни қонунҳо, тақвиятдиҳандаи демократия ва ба танзим дарорандаи тамоми муносибатҳо дар ҷомеа аст. Нақши ин санад дар устуворгардонии давлат, баамалбарории ҳокимият ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муҳим мебошад.

Конститутсияи соли 1994 Конститутсияи навишташуда ва аз рӯи тарзи ворид намудани тағйиру иловаҳо сахт (қавӣ) мебошад. Вай ба таври райпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст ва ҳаминтавр ба он таѓйиру иловаҳо ворид карда мешавад.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хислати волоӣ, бартарӣ дорад. Дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва иттиҳодияҳои давлатӣ, қабул карда мешаванд бояд ба Конститутсия мутобиқат намояд.

Конститутсияи имрӯз амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Дар мавриди мутобиқат накардани дигар қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия, қонун ва санадҳои қабул гардида эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби муайяни ҳифзнамоӣ дорад. Давлат ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки меъёрҳои Конститутсияро риоя ва иҷро намоянд.

Баробари хусусиятҳои ҳуқуқӣ, хусусиятҳои сиёсии Конститутсия аз он иборат аст ки он ҳамчун ҳуҷати сиёсӣ нақши муҳимро дар устуворгардонии давлати миллӣ бозидааст. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёрии давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шакли моликият алоқаманд муқаррар карда мешавад.

Меъёрҳои Конститутсия асоси фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсонои бетабааро муайян кардааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳуҷҷати оддӣ набуда балки ҳуҷҷати созишӣ мебошад, дар он манфиати тарафҳо зикр ёфтааст. Устувории Конститсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо пойдории муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ - иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ѓайра ки дар ҷамъият амал мекунанд вобаста аст.

Ҳамчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни раванди сиёсӣ, чаҳорчӯбаи фаъолияти онҳо, усули ҳаёти сиёсиро муқаррар ва тартиби воқеии раванди сиёсиро пешбинӣ менамояд.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии инкишофи ҷомеа ва давлат, дурнамо ва мақсадҳои онро муқаррар кардааст.

Дар умум Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси бунёди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аст. Хусусиятҳои он бошад, инъикоскунандаи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори марзию маъмурӣ, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Тоҷикистон танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад.

 

Мансурзода Амиршоҳ Мансур - н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия

Последнее изменение Чоршанбе, 03 Ноябр 2021
 
http://www.zoofirma.ru/