wrapper

  Санаи 14 октябри соли 2022 дар Гӯшаи Ҳиндустони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ рӯнамои китоби ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт Қодиров Ғиёсиддин таҳти унвони “Сояи Хуршед” баргузор гардид.

                                                                

  Қобили зикр аст, ки дар рӯнамои китоби мазкур устодони шинохта ва маъруфи кишвар доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон, доктори илмҳои филологӣ Олимҷон Хоҷамуродов, доктори илмҳои фалсафа Комил Бекзода ва доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов иштирок ва суханронӣ намуданд.
  Аз ҷумла, устод Олимҷон Хоҷамуродов қабл аз ҳама аз маъмурияти Институт изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки иқдоми пешгирифтаи Институт қобили ситоиш ва дастгирист. Чунки тавассути чунин семенарҳо ва рӯнамои китобҳо дигар кормандони илмӣ бо корҳои таҳқиқотии анҷомёфта шинос мегарданд. Дар идомаи сухан устод О. Хоҷамуродов доир ба арзиши китоб қайд карданд, ки солҳои қаблӣ доир ба эҷодиёт ва фаъолияти Ҳушанги Ибтиҳоҷ (Соя) корҳои илмӣ анҷом ёфтааст, вале таҳқиқоти илмие, ки аз ҷониби устод Қодиров Ғиёсиддин анҷом ёфтааст ва дар пешгуфтори китоби мазкур дарҷ гардидааст, пешниҳод менамоям, ки ба тарзи академикӣ дар маҷаллаҳои алоҳида нашр гардида, роҷеъ ба ин китоб тақризҳо навишта шавад.
  Инчунин Ҳасани Султон зимни суханронии худ қайд карданд, ки Ҳушанги Ибтиҳоҷ (Соя) воқеан аз шоирони бузурги форсизабон аст, ки мутаассифона ҳанӯз барои мардуми Тоҷикистон ба таври бояду шояд ношинохта аст. Ҳушанги Ибтиҳоҷ (Соя) ҳам дар шеъри классикии мо ва ҳам дар шеъри Нимоӣ (шеъри нав) забардаст буданд.
  Устод Аслиддин Низомов зимни баромади худ қайд карданд, ки яке аз сабабҳои пешравии кишвар ин аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо фарҳанги Эрону Афғонистон аст. Яке аз хидматҳои бузурги устод Қодиров Ғиёсиддин дар он аст, ки тавассути сафарҳояшон ба кишварҳои Эрону Афғонистон ва аз наздик шинос шудан бо фарҳанги ҳамзабонони мо як иқдоми бузургро анҷом дода истодаанд. Яъне бо вуҷуди он ки Ҳушанги Ибтиҳоҷ дар байни мардуми Тоҷикистон ба таври бояду шояд шинос набуданд, вале устод Зафар Нозимов ҳамчун сарояндаи мумтоз ва шеършинос беҳтарин ашъори шоирони классикро интихоб намуда, онро месуруданд, ки дар байни сурудаҳояшон баъзе ашъори Ҳушанги Ибтиҳоҷ ба назар мерасад. Ҳамчунин устод Аслиддин Низомов қайд карданд, ки аз баъзе ашъори эҷоднамудаи устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ бармеояд, ки устод бо ашъори Ҳушанги Ибтиҳоҷ шинос буданд.
  Дар интиҳо мураттиби китоб устод Қодиров Ғиёсиддин доир ба баргузории рӯнамои китоби мазкур аз маъмурияти Институт изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Институт дар муаррифии корҳои илмии анҷомёфтаи кормандони илмӣ дар шакли гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ба маврид аст.
 
 
http://www.zoofirma.ru/