wrapper

Хабарҳо

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ду кишвари Иттиҳоди Аврупо – Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Фаронса сафари расмӣ анҷом доданд.
   Дар ин сафари расмӣ Президенти Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ – Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқотҳои созанда анҷом дода, масъалаи рушду густариши муносибатҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангиро матраҳ намуданд. Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо дар мулоқоту музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Швейтсария ва Тоҷикистону Фаронса сурат гирифт.
  Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер зимни мулоқот Президенти Тоҷикистонро барои сиёсати муваффақона ва татбиқи ислоҳот дар соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолии кишвар табрик намуда, хостори рушду густариши бештари ҳамкориҳои ҳар ду кишвар шуд.
   Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, табодули андеша карданд.
   Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон низ самарабахш буд. Зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангӣ баррасӣ шуданд.
   Ҷонибҳо қаноатмандии худро аз робитаҳои Тоҷикистону Фаронса, ки дар рӯҳияи эҳтиром ва назардошти манофеи миллии ду кишвар мунтазам густариш меёбанд, иброз доштанд. Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, логистикаи нақлиётӣ, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду давлат номида шуд.
  Зимни мулоқот густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кимиёвӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминий афзалиятнок ва муҳим арзёбӣ гардиданд.
   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои ин ду кишвари пешрафтаи Иттиҳоди Аврупо низ мулоқотҳои самарабахш анҷом доданд, ки дар фарҷом як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, дар форуми соҳибкорону сармоягузорон ва роҳбарони ширкатҳои Конфедератсияи Швейтсария дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
   Инчунин, дар шаҳри Париж 11 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, тиҷорат, дорусозӣ, илм ва маориф ба имзо расиданд.
   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфедератсияи Швейтсария бо шаҳрдори Берн Алек фон Граффенрид мулоқоти дигар анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқот масоили густариш ва барқарорсозии муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо ин шаҳри таърихии Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид.
   Дар ин шаҳр, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенберг, ки бо ширкати «ТАЛКО»-и Тоҷикистон ҳамкории дувоздаҳсола дошта, дар ин муддат ба маблағи 4,7 миллиард доллари амрикоӣ амалиётҳои тиҷоратиро ба анҷом расонида аст, мулоқот намуданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо ҷониби Швейтсария, аз ҷумла бо ширкати «Гленкор» дар соҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурма ва синк табодули андеша карданд. Дар назар аст, ки давоми 5 соли оянда ин ду ширкат, тибқи қарордодҳои баимзорасида, боз ба маблағи қариб якуним миллиард доллари амрикоӣ ҳамкории тиҷоратӣ ва маблағгузорӣ кунанд.
   Мулоқоти муҳими дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар шаҳри Париж сурат гирифт, бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле буд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, ба руйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, воқеъ дар Роҳи Абрешим, муҳокима карда шуд.
   Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои махсуси ЮНЕСКО оид ба омӯзиши пиряхҳо ва обистифодабарӣ, ҳамчунин захираҳои биосфера тақвият бахшида шаванд.
   Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Франсия низ мулоқоти гарму самимӣ доир карданд.
   Инчунин дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оғохони IV низ, ки дар Тоҷикистон ҳамкории тӯлониву созанда дошта, дар як қатор тарҳҳо саҳм дорад, мулоқот намуданд. Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ омодагии худро барои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо иброз намуда, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, сохтмон, рушди деҳот, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва андешидани тадбирҳоро дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, муҳокима карданд.
   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария бо дархости роҳбарияти радиои “Аврупои Озод, Радиои Озодӣ” Президенти ин радио Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт. Ӯ зимни таъкиди озодии сухан ва озодии матбуот дар Тоҷикистон, ки рӯзноманигорон, аз ҷумла кормандони «Радиои Озодӣ» низ аз он бархурдоранд, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили қаламрави кишварро ба миён гузошта, риояи онҳоро таъкид кард.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар чорабиниҳои ҳамоиши Париж оид ба Сулҳ шоми рӯзи 11 ноябри соли 2019 бо Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш ва Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон суҳбат доштанд.
   Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурд ва тарғиби рӯзномаи иҷтимоиву иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид созгор донист. Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон бошад, натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фаронса ва силсилаи музокиротро пурсамар ва муҳим арзёбӣ намуд.
   Адабиёт:
   1. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон http://www.president.tj/node
   2. АМИТ «Ховар» https://khovar.tj

  Кайхусрави СУБҲОНЗОД,
  ходими илмии Институт
Последнее изменение Панҷшанбе, 14 Ноябр 2019

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/