wrapper

Хабарҳо

   15-уми ноябри соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - симои давлат ва давлатдории тоҷикон” семинари илмӣ - амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимону мутахассисон, кормандони илмӣ ва магистрони Институт  иштирок ва суханронӣ намуданд.

  Семинар бо табрикоти муовини илмии Институт, номзади илмҳои таърих Азимҷон Раҳмонзода, ифтитоҳ гардид. А. Раҳмонзода қайд кард, ки эъмори ҳар давлатро бидуни оромиву субот тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вале бо амри тақдир барои баъзе аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ он дар майлонҳои куллан ноозмуда рӯи кор омад, ки таърих мисолашро ёд надорад.

   Дар идома тазаккур дод, ки барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷоддаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Аз миёни фарзандони миллати куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд ва ин шахс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Пешвои миллат намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ як амри воқеӣ буд.

   Бо ҳамин радиф доктори илмҳои таърих, профессор Мирзоев Ниёзбадал гуфт, ки дар марҳилаҳои тақдирсоз, даврае ки халқу миллат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта, ҳаёти онро бенизомӣ фаро мегирад, зарурати пайдоиши шахсият ва ё шахсиятҳои ин ҳолатро тағйирдиҳанда ба миён меояд. Табиист, ки ҳама бенизомиҳо бесабаб ва дар як лаҳза пайдо намешаванд, балки онҳо хеле пештар пайдо шуда, оҳиста-оҳиста меафзоянд ва оммаро фаро гирифта, дар шакли эътирозу бенизомиҳо худро ошкор месозанд, афзуд профессор Мирзоев.

   Ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сафаргул Давлиёрова, дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ” суханронӣ намуда, мафҳумҳои “Сулҳ, “Ваҳдат”, “Ваҳдати миллӣ, “Худшиносӣ ва “Худшиносии миллӣ- ро шарҳ дод.

   Ба гуфтаи С. Давлиёрова Сулҳ - ин ғояи миллии тоҷикон буда, қувваи солими миллатро, ки барои муҳофизат ва таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон мубориза мебаранд – қувваҳои наҷоти миллӣ номидан мумкин аст. Ваҳдат - ин яке аз омилҳои устувории низоми ҷомеа ва сафарбарнамоии мақсадноки аъзои ҷомеа барои ноил гаштан ба ҳадафҳои умумии инкишоф мебошад. Ваҳдати миллӣ - ин маҳсули марҳилаи навини инкишофи ҷомеаҳои миллӣ аст. Худшиносӣ - ин шинохти мақоми худ дар ҷомеа ва вазифаҳою ҳуқуқҳо мебошад. Худшиносии миллӣ - дар таърифи муфассалтараш - аз ҷониби фард бо шакли миллӣ шинохтани робитаҳои ҷамъиятӣ, шинохти мансубияти худ ба умумияти муайяни миллӣ - этникӣ, шинохтани ягонагии худ мебошад.

   Ба таъкиди Давлиёрова худшиносии амалии мо имрӯз вобаста ба он аст, ки метавон дар атрофи як мафкураи умумимиллӣ, як ҳадаф, як мақсад - истиқлолият, озодӣ, тараққиёт муттаҳид шавем: “Чунин худшиносӣ метавонад садди роҳи ҳама гуна парокандагӣ, ташаннуҷ ва ихтилоф дар ҷомеаи муосир гардад. Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ сахт марбут буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд. Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд “То даме, ки худшиносии миллӣ, дар шуури ҳар яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳар кадоми мо манфиати миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиром нагузорем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат бароямон ба арзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намерасем”.

   Ходими илмии Институт Ҳокимҷон Қурбонов зимни суханронии худ тазаккур дод, ки рӯзи 16 ноябр на танҳо ҷашни миллии кишвари мо аст, балки ин рӯзи таъсиси яке аз ҳабдаҳ созмонҳои ихтисосии СММ - созмони фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишии ЮНЕСКО мебошад.

   Муҳаққиқи шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Мирсаид Раҳмонов тазаккур дод, ки миллати мо ифтихор аз он мекунад, ки дар худ чунин фарзанди фарзонаеро тарбият кардааст, ки ояндабин ва дурандеш буда, дар ҳама ҳолот талош кард, ки халқу ватани худро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад ва дасисаву макри душманони ватанро ошкор созад, то мардуми кишвар роҳи дурусту устуворро пеша карда, аз паси макру ҳиллаи нохалафони дохиливу хориҷӣ нараванд.

Умед Пудинаев,

корманди Институт

Последнее изменение Ҷумъа, 13 Декабр 2019
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/