wrapper

Хабарҳо

    Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бистумин лексияи ҷашнӣ дар мавзӯи “Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ”-ро баргузор намуд.
     Дар семинар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ, профессорон, ходимони илмӣ ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ намуданд.
     Директори Институт Ёрмаҳмад Ниёзӣ зимни суханронии худ аз роҳбарияти ҷонибайн барои иҷозаи баргузории семинар изҳори сипос намуда, сипас қайд кард, ки муносибатҳо ва густариши равобиту ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла равобити ҳамкории Тоҷикистон бо Ҳиндустон маҳаки асосии фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Ӯ қайд намуд: “Ин аст, ки ин вазифаи пурмаҳсулро "Ҷамъияти дӯстӣ" ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ содиқона иҷро мекунад. Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар солҳои 50-уми асри гузашта ба фаъолият оғоз бахшидааст. Аммо фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишвари Ҳиндустон 4 августи соли 1962 бо номи Ҷамъияти дӯстӣ ва алоқаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Ҳиндустон дар назди "Ҷамъияти дӯстӣ" ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ таъсис ёфтааст. Он замон академик Баҳодур Искандаров раиси Ҷамъияти мазкур интихоб шуда буд”, афзуд директори Институт.

                  

    Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ аснои суханронии худ дар ин семинар изҳори хушнудӣ намуд, ки чунин ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамфарҳанг доир мегардад ва талошҳо шуда истодааст, ки дар оянда низ ҳамкориҳо бештар гардад.
    Ба гуфтаи ҷаноби сафир баргузории чунин семинарҳо ба манфиати ду ҷониб буда, бояд бомудом баргузор гардад. Ӯ ёдовар шуд, ки қаблан дар Тоҷикистон аснои фаъолият доштанаш, бештар бо "Ҷамъияти дӯстӣ" ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишвари Ҳиндустон ҳамкорӣ доштааст. “Медидам, ки ин ҷамъият иқдомоти зиёдеро амалӣ менамуд ва ҳоло ҳам амалӣ намуда истодааст. Аз ин рӯ тасмим гирифтем, ки “Гӯшаи Ҳиндустон”-ро дар Институти Осиё ва Аврупо ифтитоҳ намоем. Дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон каме ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ҳиндустон коста шуда буд ва шукр, ки ноамниҳо ҳам бартараф гардиданд ва дубора таовун ва ҳамкорӣ байни ҳар ду кишвар ҳамасола хубтару беҳтар гардида истодааст”.
     Сафир таъкид кард, ки шояд касе суол кунад, дар ҳоле ки равобити фарҳангии мо чунин хуб аст, пас Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо кишвари Ҳиндустон чӣ зарурат дорад?
    “Ба фикри ман чунин ҷамъиятҳо барои коршиносону мутахассисон заминаи илмие дар самти кории худ фароҳам меоранд. Бахши ҷамъияти дӯстии ҳар ду кишвар дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва хуб ҳам буд агар дар кишвари Ҳиндустон низ чунин ҷамъият дари худро барои хоҳишмандон боз менамуд”.
     Профессор Ҳабибулло Раҷабов, ки солҳо боз дар бахши ҳиндушиносӣ фаъолият дорад ва дар радифи 31 ҳиндушиноси ҷаҳон сабт шудааст, гуфт мардуми Ҳинд бо мардумони дигар, аз ҷумла бо тоҷикон самимона дӯстӣ кардану муносибатҳои фарҳангию сиёсӣ доштанро аҷаб фаъолияти судманду фараҳбахш мешуморанд ва онҳо дар ин самтҳо ҳамрадифи мо мебошанд.

              
   Дар семинар ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институт, Хуршеди Ҳамдам (Хуршед Андамов), маърӯза ироа намуда, зикр намуд, ки дар мустаҳкам намудани равобити дӯстии халқҳои тоҷику ҳинд хидмати академик Бобоҷон Ғафуров ва шоири маъруф - Мирзо Турсунзода хеле калон аст. Зеро ҳар дуи ин шахсият дар он ҷо соҳиби обрӯ ва сазовори ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирлал Неру гашта буданд.
     Ӯ гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи чанд даҳсолаи Ҷамъияти дӯстии  «Тоҷикистон – Ҳиндустон» мешавад фаъолияти ин муассисаро ба марҳала тақсим кард:
    Марҳалаи аввал замони Шуравии пешинро дар бар мегирад. Аммо марҳалаи дуввум – ба даврони ҳозираи Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 солро дар бар мегирад, рост меояд.
    Марҳалаи аввал марҳалаи эҳё, барқарорӣ ва густариши Ҷамъият дониста мешавад ва саҳми шахсиятҳои бузурги Тоҷикистону Ҳиндустон барои ривоҷи ин кор хеле бузург аст. Ба хусус саҳми ду шахсият – Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода нодир мебошад. Ин ҳам ҷолиб аст, ки маҳз китоби “Тоҷикон” –и Бобоҷон Ғафуров ва “Қиссаи Ҳиндустон” –и Мирзо Турсунзода дар ин солҳо навишта шудаанд.
    Аммо марҳалаи дувум, ки калидӣ аст, марҳалаи тақвияти равобиту ҳамкориҳои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон аст. Робитаҳои ҳар ду кишвари дӯсту бародар ба сатҳи сифатан нав бароварда шуд. Ҳар ду кишвар, ки дорои фарҳанги таърихӣ ва куҳананд, диди нави сиёсатҳои худро таҳия карданд, муносиботи ҳасана барқарор карданд ва имрӯз дар арсаи минтақа ва ҷаҳон соҳиби ҷойгоҳи хеш ҳастанд.
 
                                                                                              

    Дар семинар, инчунин рӯйнамоии китоби навбатии корманди илмии Институт, Турсунов Турсунмурод таҳти унвони "Равобити дипломатӣ, тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон", баргузор гардид.
      Зимни муаррифи китоб муаллиф, Турсунмурод Турсунов шарҳ дод, ки китоби мазкур робитаи дипломатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар давоми 25 сол (аз соли 1992 то 2017) қаламдод шудааст.
    Дар монография сафарҳои расмӣ ва давлатии мутақобилаи ходимони давлатӣ, баромаду вохӯриҳои сарони кишварҳо, ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, мубодилаи мол, ҳамкориҳо дар самти энергетика ва тандурустӣ дар асоси маводи бойгониҳои ҷории вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шуда, созишномаҳои тарафайни ҳамкорӣ дар самтҳои номбурдашуда ба таври зарурӣ таҳлил карда шудааст. Монографияи мазкур аз 200 саҳифа иборат буда, ба ҳаводорони илм пешкаш мегардад.
                                            
     Дар поёни семинар байни иштирокчиён суолу ҷавоб сурат гирифта,  мутахассисон пешниҳодҳои худро барои ҳамкориҳои минбаъда ироа намуданд.
   Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор гардид. Соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.
     Аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро дар шаҳри Деҳлӣ соли 2003 ифтитоҳ намуд.
    Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон бо кӯшишҳои тарафайн рушд меёбанд. Давоми 27 соли муносибатҳо сафарҳои давлатӣ, расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон (солҳои 1993, 1995, 2001, 2006, 2012 ва 2016) сурат гирифтааст. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (6-8 сентябри 2009 ва 7-9 октябри 2018) ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

                                                                                                                                

      Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон бо сафарҳои расмӣ ва корӣ (солҳои 2003 ва 2015) ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
      Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ 12-14 майи 2015 ба Деҳлӣ сафари расмӣ анҷом додааст. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон бо сафари корӣ 11-12 сентябри 2014, 11-12 октябри 2018 ва 14-15 июни 2019 ба Душанбе ташриф овардааст.
    То ба имрӯз чор даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хорҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе ва Деҳлӣ баргузор гардидааст. Пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 70 адад созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад.
   Байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки то ба  имрӯз даҳ ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор шудааст. 28-29 январи 2019 ҷаласаи даҳуми Комиссия дар Душанбе баргузор шуд. 
    7 июни 2019 дар Душанбе даври якуми машваратҳои консулӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар соли 2018 гардиши мол байни ду кишвар ба 23 млн. 659,3 ҳазор доллари ИМА расидааст.

Умед Пудинаев,
 масъули матбуоти Институт
 
 
 
 
Последнее изменение Чоршанбе, 12 Феврал 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/