wrapper

Хабарҳо

    Санаи 20-уми феврали соли равон директори Маркази тадқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Небраскаи Штати Омахаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, доктор Патрик Мак Намара ба Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Мақсади ташрифи намояндаи Донишгоҳи зикршуда пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба бо Институт мебошад.
     Боздиди профессор Патрик Мак Намара аз шуъбаи Аврупо ва Амрико оғоз гардид. Самтҳои фаъолияти шуъбаи таҳқиқи масоили илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳамчунин омӯзиши равобити дуҷонибаи кишварҳои Аврупо ва Амрико мебошад.
    Сипас, доктор Патрик Мак Намара бо мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова роҷеъ ба лоиҳаи шуъба ва таҳқиқоти кормандон мулоқот сурат гирифт. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дутарафаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

                                                                

    Ҳамзамон вохӯрии Патрик Мак Намара бо директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ ва ҳамзамон бо аҳли кормандони институт ва дигар ходимони илмиву магистрон баргузор гардид. Патрик Мак Намара доир ба фаъолияти Маркази таҳқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Ню Браскаи Штати Омахаи ИМА суханронӣ карда, қайд намуд, ки ин нахустин сафари ӯ ба Тоҷикистон буда, ҷониби он омодааст, ки бо Институти Осиё ҳамкориҳои дуҷонибаро барпо намояд. Қобили зикр аст, ки дар ин доира самти робитаҳои илмӣ дар мадди аввал қарор дорад.
    Бояд гуфт, ки суханронии профессори донишгоҳи Небраска (Омаха) Патрик Мак Намараро дар ҳамаи мулоқот сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Шамсиддин Каримов тарҷума намуда, ҳамзамон ҳамроҳӣ мекард. 

                         

    Зимни боздид ва вохӯрии Патрик Мак Намара бо роҳбарияти Институт як Меморандум ба имзо расид. Мувофиқи ин Меморандум ҷонибҳо дар самтҳои зерин ҳамкориро ба роҳ мемонанд:
    - Рафтуомад байни олимони Маркази таҳқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Небраскаи ИМА штати Омаха ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
   - Нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмӣ-оммавии Маркази таҳқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Небраскаи штати Омахаи ИМА ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    - Ташкили конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ байни Маркази таҳқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Небраскаи штати Омахаи ИМА ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

                                                                                             

     Профессор Патрик Мак Намара аз вазъи кунунии донишгоҳи Небраскаи штати Омаха ва фазои илмии он суҳбат кард. Дар маърӯзааш аз равандҳои номатлуб амсоли терроризм ва ифротгароӣ қайд карда изҳор дошт, ки ин мушкилот ё падидаи номатлуб ва ё дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
   Дар охирсуханаш профессор қайд намуд, ки тавассути нақби Истиқлол сафари Хуҷанд доштааст ва изҳор намуд: «Дар умрам ин зебогии табиат ва кӯҳҳои баландқоматро надида будам. Аз дидани ин табиат «Моҳи асал» ба ёдам омад. Ман аз он мутаассифам, ки оилаам ҳамроҳи ман нест».
     Дар поёни ҷаласа, кормандони Институт роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз, суботи минтақа, таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва раванди таҳкими ҳамкориҳои боварибахш бо ҷониби профессори амрикоӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.



Санавбарбону Воҳидова,
мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико
Ашӯров А.,
  ходими калони илмӣ
Последнее изменение Чоршанбе, 26 Феврал 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/