wrapper

Хабарҳо

     Тавре дида мешавад, дар марҳилаи ҳозира ташаккули иқтисоди рақамӣ, ки ба коркард ва татбиқи технологияҳои муосири рақамӣ дар ҳаёти ҷомеа вобастагӣ дорад сурат мегирад. Истифодаи васеи таҷҳизоти мобилӣ, рушди интернет ва ғайра унсурҳои иноватсионие мебошанд, ки ба ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар сатҳи минтақаю кишварҳои ҷудогона ва ҷаҳонӣ равона карда шудаанд. Ин як амрест бебозгашт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала истисно намебошад ва барои гузаштан ба иқтисоди рақамӣ қадамҳои нахустин гузошта истодааст. 
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 чунин таъкид карда буданд:
    «Ҳоло мо дар давраи анҷомёбии марҳалаи аввали “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва оғози марҳалаи дуюми он қарор дорем.
     
 Вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки то охири соли 2020 барномаи миёнамуҳлати рушдро барои солҳои 2021-2025 қабул намояд.
Ҳукумати мамлакат, инчунин, вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади ҳарчи зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад.
    Мақомоти давлатӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва рақамигардонии фаъолияти идоракуниву истеҳсолот бояд сиёсати ягонаи иқтисодиро танҳо бо истифодаи механизм ва шаклу усулҳои муосир ба танзим дароранд».
    Дар чорчӯбаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои мазкури Пешвои миллатамон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ аз 30 декабри соли 2019 ба вазорату мақомоти кишвар оид ба андешидани чорабиниҳои зарурӣ, супоришҳои дахлдор дода шуд.
     Ба мақсади иҷрои супориши мазкур шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо рӯзи 25 феврали соли 2020, семинари илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Иқтисоди рақамӣ» доир намуд.
    Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мутахассисони варзидаи соҳаи «иқтисоди рақамӣ» аз Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони гиромӣ Холматов М.М., н.и.и., ходими пешбари илмӣ, мудири бахши «иқтисоди рақамӣ» ва Фатуллоев Фозилҷон, корманди институти номбурда даъват карда шуданд, ки дар назди кормандони Институт бо маърӯзаҳои алоҳидаи худ доир ба ҷанбаҳои мухталифи «иқтисоди рақамӣ» баромад  намуданд.
   Чунончи дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Вопросы институциональной организации цифровой экономики Таджикистана», устод Холматов М.М. омода намудани заминаҳои ҳуқуқӣ – институционалии иқтисоди рақамиро дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида доданд. Ишора карда шуд, ки дар самти мазкур аз тарафи олимону мутахассисони соҳа  Консепсияи иқтисодии рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли  коркард қарор дорад.
    
Устод Фатҳуллоев Ф. диққати ҳозиринро ба мавзӯи «Навтарин қуллаҳои идораи афзоиши бартариҳои рақобатӣ аз ҳисоби апрейдинги инноватсионӣ дар системаҳои иқтисодӣ» ҷалб намуд. Назар ба гуфтаи маърӯзачӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз система - барномаҳои муосири хизматрасониҳои интернетӣ истифода намояд. Ба ин мақсад, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани суръати интернет, таҳияи кадрҳои соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё дар соҳаи иқтисоди рақамӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.   
     Маърӯзаҳои пешниҳодшуда лоиқи таваҷҷуҳи кормандони Институт қарор гирифт. Ба саволҳои гузошташуда аз тарафи меҳмонон  ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.
Бо итминон метавон гуфт, ки семинари илмӣ – амалии мазкур дар дарки проблемаи гузошташуда барои кормандони Институт як дарси хуб мебошад.
   Дар сухани ҷамъбасти директори Институт, н.и.ф. Ниёзӣ Ё.Н. қайд гардид, ки баррасии мавзӯи номбурда идомаи худро дорад. Дар оянда аз рӯи ин масъала чорабиниҳои ҳамонанд барпо хоҳанд шуд.
     Ба ақидаи банда, семинарии илмӣ - амалии доиргардида дар баланд бардоштани дониши иқтисодии кормандони Институт  нақши босазо дорад. 
 
Сангинов Н.Н.,
мудири шуъбаи Осиёи Марказии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои
АИ ҶТ    
Последнее изменение Ҷумъа, 06 Март 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/