Нусхаи чопи

Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 - уми марти соли равон, соати 10:00 семинари илмии “Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” доир менамояд, ки дар он устодону коршиносон иштирок ва суханронӣ мекунанд. Аз ин рӯ, роҳбарияти Институт хоҳишмандонро барои ширкат дар семинари мазкур даъват менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дар семинар Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори Институт, н.и.фал., Акбар Турсон, академик, Мирзо Муллоаҳмад, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор, Раҷабов Ҳабибулло, мудири Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институт, профессор Хоҷамуродов Олимҷон, сарходими илмии  Институт, н.и.фал. Комил Бекзода, Воҳидова Санавбар, д.и.т., Қодиров Ғиёсиддин, н.и.фил., Зиёев Субҳиддин, н.и.фил., мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт ва дигарон атрофи баҳору наврӯзӣ суханронӣ хоҳанд кард. 

Последнее изменение Панҷшанбе, 19 Март 2020