wrapper

Хабарҳо

Бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 20 марти соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ - омавии «Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» доир гардид, ки дар кори ин ҳамоиш ҳайати роҳбарияти Институт ва дигар кормандону меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро директори  Институт Ёрмаҳмад Ниёзӣ ифтитоҳ намуда аз ҷумла зикр кард, ки дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврӯз ба сифати ҷашни муҳимтарини аҷдодӣ ва миллӣ шинохта шуд. Фаротар аз ин, он бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба  як қавм, як миллат, як нажод, балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии қавмҳои мухталифи башарӣ ва дар маҷмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст.
Дар ҳамоиш олимон, кормандон, аспирантон ва Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш иштирок доштанд. Аз ҷумла,   сарходими илмии Институти мазкур, профессор Тоҷиддин Мардонӣ  дар мавзӯи «Наврӯз дар шеъри арабӣ», узви вобастаи АМИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад дар мавзӯи «Рамзҳои Наврӯз»,  профессор Ҳабибулло Раҷабов — «Анъанаҳои наврӯзӣ дар Ҳиндустон», профессор Олимҷон Хоҷамуродов — «Наврӯз дар Эрон», д.и.т Санавбар Воҳидова — «Баҳори Аврупо», номзади илмҳои филологӣ Субҳиддин Зиёев — «Бозтоби Наврӯзу баҳор ва оинҳои он дар шеъри Мавлонои Балхӣ», Комил Бекзода — «Ашъори наврӯзӣ» ва Ғиёсиддин Қодиров — «Наврӯз дар Афғонистон» маърӯза намуданд.
Дар Эрон Наврӯз 13 рӯз идома меёбад. Ба сафар мебароянд, ба дидори ҳамдигар мерасанд ва Наврӯзро табрик мегӯянд. Он иди расмии эрониён низ ҳаст. Табрики дӯстону ошноён 15 рӯз пеш оғоз меёбад.
Дар рӯзи сездаҳуми моҳи фарвардин, яъне охирин рӯзи ид аз хона берун меоянд, то наҳс аз хона бибарояд. Ва масале дар ин бора машҳур аст, ки «дар сездаҳум аз хона бурун, дар чаҳордаҳум ба хона дарун». Бахшида ба иди Наврӯз мусобиқоти варзишӣ низ доир карда мешаванд.
 
Дар Афғонистон агарчи Наврӯз дар саросари кишвар таҷлил мегардад, он дар Балх вижагӣ ва шеваҳои хосро молик аст. Дар ин вилоят, ки таърихи бас куҳан дорад ва шахсиятҳои оламшумулро ба ҷаҳон додааст, ин ид чил рӯз идома меёбад. Мардуми ин вилоят дар оғози ид дар Ҳарами ҳазрати Амир ҷамъ омада, парчами бузургеро ба истиқболи Наврӯз боло мекунанд. Чун теппаҳои Балх лолапӯш мегарданд, Наврӯз бо номи «Иди гули сурх» ҷашн гирифта мешавад.
 
Ба онҳое, ки дар он рӯзҳо издивоҷ намудаанд, ба муносибати Наврӯз дар ин ҷо ҳадя медиҳанд. Аз фарзҳои Наврӯз аст, ки ба хонаводаи онҳое бираванд, ки касе аз онҳо оламро чанд рӯз ё чанд моҳ пештар падруд гуфтааст.
 
Дастархони наврӯзӣ, ки ҳам иборат аз «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» аст, меороянд. Қиссахонону гӯяндагон ҳунарнамоӣ мекунанд. Пас аз чил рӯз, яъне бо анҷоми ҷашн, парчами Наврӯзро поён мефароранд ва онро даруни парчаи зар то ба Наврӯзи дигар нигоҳ медоранд.
Аз ҷониби олимон дар бораи таҷлили ин ҷашни байналмилалӣ дар дигар минтақаҳои ҷаҳон маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуд. Аз маърӯзаҳои олимони тоҷик маълум мегардад, ки ҳарчанд ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар минтақаҳои ҷаҳон бо номҳои гуногун таҷлил мекунанд, вале ҷавҳари аслии он   навсозӣ ва навпардозӣ, поксозӣ ва бозсозии тинату вуҷуди инсон ва муҳити зиндагии табииву иҷтимоии ӯ мебошад. Наврӯз - ҷашни тантанаи меҳр, хирад, адолат, озодӣ, накӯӣ ва билохира фарҳангсозӣ будааст.
Халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки ин ҷашн талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд.
Дар дунё, аз қадим то имрӯз ҷашну маросими зиёде мавриди таҷлил қарор гирифта ва мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги  қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Вале Наврӯз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин ҷавҳарҳои   шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеҷ гоҳ кӯҳнашавиро намепазирад, дар масири  таърих ҳамвора бо инсон ҳамқадаму ҳамқисмат мешавад ва пайваста дар маҷрои  таҷдиду таҳаввул қарор мегирад.


Умед Пудинаев,
масъули сомона
Последнее изменение Сешанбе, 19 Май 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/