wrapper

Хабарҳо

 
Навиштану хондани ин асар ё он асар, иштирок ва муваффақ шудан дар ин ё он мусобиқа, омадани ин ё он шоҳ ба инҷо ё онҷо, мушоҳидаи ин филм ё он филм, гуфтугӯ бо ин ё он шахси маъруфу машҳур, навиштани ин ё он мақолаи хубу диданбоб ва боздид аз ин ё он макони таърихӣ, хотироти хуб ё бад аз он чизе ва касе ва мисли ҳамин “ину онҳо” аз манобеъ ва масодири илмие мебошанд, ки дар хотироти инсонҳо нақши муассире мегузоранд. Зеро ҳамин ҳама лаҳзаҳову хотироти пурасроре мебошанд, ки барои башарият нерӯи тозае фароҳам меоваранд.
Аммо дар миёни ҳамаи ин “ину онҳо” якеҳо мавҷуданд, ки дар дараҷаи олӣ ва намунавӣ қарор дошта, барои башарият чун модели роҳбари корсозу ояндабин боқӣ мемонанд. Бо доштани чунин авсофу маҳоратҳои барои инсонҳо мактаби худшиносиву худогоҳоиро ба вуҷуд меоваранд. Бояд қайд кунем, ки ҳар як кишвари ҷаҳон таъриху маданият ва шахсияту сарватҳои худро чун ганҷинаи нуҳуфта мешиносанду фахр мекунанд. Аммо баъзе аз онҳо бо доштани афроде шуҳрат ёфтаанд, ки таъриху фарҳанги миллати худро ҳифзу густариш бахшида, чун роҳбари дилсӯзу чорасоз нақш бозиданд. Мо метавонем дар мисоли ин намунаҳо сарзамини Ҳиндустонро бубинем, ки дорои тамаддуну таърихи ғанӣ ва рангоранг буда, байни аҳли олам ҳамчун кишвари озод, ором ва афсонавӣ шуҳрат дорад.
Аммо бояд дониста бошем, ки ҳамаи ин як дам барои ин кишвари бузурги ҷаҳон яку якбора дастрас нашуда, балки барои дарёти он нафарони дилсӯзу муборизе буданд, ки тавонистанд ба чунин дастовардҳо ноил гарданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ин шахсиятҳо ва роҳбарон барои бунёд ва ҳифзи миллатҳояшон талошҳо ва муборизаҳои пайдарпай бурдаанд, ки халқ номи онҳоро дар таърих ва ҷаридаи олам бо хати сурх сабт кардааст. Ва чуноне ки гуфтанд “Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад”, номашон дар таърих боқӣ мемонад. Яке аз чунин қаҳрамони номвари таърих дар сарзамин Ҳиндустон ҷаноби Маҳатма Ганди мебошад, ки тавонист бо донишу заковат, маҳорату дипломат ва хайру саховат дар ҷаҳони пӯр аз ҷангу ҷидол, касофату шарорат ва нохирадиву ноадолатӣ тавассути "Мубориза бидуни зӯроварӣ" ба ҳадафҳои олии худ пирӯзӣ ба даст оварада, кишвареро идора ва роҳбарӣ кунад, ки хело ба маврид ва арзишманд аст. Бо ҳамаи ин маҳорату матонат чун арзиши инсонӣ пазируфта шуда, писанди бештари мардуми сайёра гашт, ки онро Созмони Милалӣ Муттаҳид чун модели намунавӣ барои мубориза ва коҳиши муноқишаҳо бояд истифода кард. Ин буд, ки он ҳамчун шиор ва назарияи фалсафаи "Мубориза бидуни зӯроварӣ" барои инсоният чун “Рӯзи ҷаҳонии бидуни хушунат” пазируфта шуд, ки ҳамасола санаи 2-уми октябри таҷлил мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Маҳатма Ганди 2 октябри соли 1869 дар маҳаллаи Порбандари шаҳраки соҳилии Ҳиндустон ба дунё омад. Дертар бо хонум Кастурбай Маханҷӣ дар даврони мактабхониаш оиладор мешавад ва ҳамин тавр дар синни 16-солагӣ соҳиби аввалин фарзанд мегардад ва ҳамзамон, соли 1885 падараш вафот мекунад. Дертар соли 1887 мактабро хатм намуда, бо машварати хонавода барои таҳсил дар риштаи ҳуқуқ ба Лондон сафар мекунад. Дар он ҷо илми ҳуқуқро омӯхта, моҳи июни соли 1891 ба Ҳиндустон бармегардад ва дертар тавассути як тоҷир чун ҳуқуқшинос ба Африқои Ҷанубӣ даъват мешавад ва дар онҷо 21 сол кору фаъолият мекунад. Аз соли 1893 то соли 1914 Маҳатма Ганди чун муборизи роҳи озодӣ ва ободӣ дар ҷазираҳои гармтарини Африқо барои истиқлолияти ватанаш талошу муборизаҳо мебарад ва муваффақона соли 1915 фалсафаи "Мубориза бидуни зуроварӣ" тавассути ин марди таърихсозу накӯном оғоз мегардад, ки онро СММ чун консепсия барои озодӣ, ободӣ ва оромии аҳли башар пазируфта, чун раванди дипломатӣ барои ҳалли масоил чун калиди асосии гуфгушунид тавсия медиҳад. Маҳатма Ганди аз соли 1920 то 1930 роҳбарии Конгресси миллии Ҳиндро ба дӯш гирифта, барои озодихоҳии сарзамини худ мубориза мебарад ва дар натиҷа санаи 15-уми августи соли 1947 кишвари Ҳиндустон чун сарзамини озоду мустақил эътироф шуда, истиқлолияти худро эълом менамояд.
Бо амри тақдир моҳи феврали соли 1944 ҳамсари Ганди вафот мекунад ва худи ӯ муддате зиндонӣ шуда, аз бемории сил ранҷ мебарад. Дар сарчашмаҳо зикр мешавад, ки моҳи январи соли 1948 ин халлоқи фалсафаи "Мубориза бидуни зуроварӣ" ва қаҳрамони сулҳу покӣ ва абармардӣ таърих аз ҷониби афроди нохалаф мавриди ҳамла қарор гирифта, ба қатл мерасад.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон аз 28 августи соли 1992 барқарор шуда, соли 1993 аввалин сафири он кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Дертар соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Аввалин маротиба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро дар Деҳлӣ соли 2003 ифтитоҳ намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро зиёда аз 50 ҳуҷҷати дуҷонибаи байнидавлатӣ ба танзим овардааст. Тибқи созишномаҳои тарафайн мутахассисони тоҷик аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон барои баланд бардоштани савияи дониш ба курсҳои ихтисосӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) даъват мегарданд, ки заминаи хубест барои тавсеа ва ҳамкории судманд баҳри ҳар ду кишвари дӯст ва шарик. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳиндустон аз ҷумлаи давлатҳои бузурги ҷаҳон ба шумор меравад, ки баҳри рушди маънавӣ, ғанӣ гардидани ганҷинаи тамаддуни башарият хизмати шоёну арзанда кардааст.
Хулоса, ёди чунин марди таърихсозу сулҳҷӯ сазовор аст, зеро Маҳатма Гандӣ чун як шахсияти машҳур ва бузурги ҷаҳон, сиёсатмадоре буд, ки ҳам дар тӯли ҳаёташ ва ҳам пас аз маргаш ба туфайли асарҳои навиштааш ба сиёсатмадорони муосир таъсири мусбат расонд, ки асар ва натиҷаи ҳамаи он дар эҷоди фалсафаи “Мубориза бидуни зуроварӣ" чун раванди дипломатӣ байни башар боқӣ монд ва метавон онро барои коҳиши муноқишаҳо истифода кард ва хушунату кинаро аз миёни инсонҳо раҳо сохт, то ҳама зери сояи озодӣ, ободӣ ва оромӣ умр ба сар баранд.
 
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ
 
Последнее изменение Ҷумъа, 02 Октябр 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/