wrapper

Хабарҳо

Имрӯз, 16-уми октябри соати 10:00 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ семинари илмӣ-омавӣ дар мавзӯъи «Мирзо Турсунзода адиби сулҳпарвар ва пайвандгари халқҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна» баргузор гардид. Дар семинар дӯстдорони илму адаб, кормандону магистрантҳои Институт ширкат варзиданд.
Дар аввал муовини директори Институт Азимҷон Раҳмонзода хотираҳое аз фаъолиятҳои сиёсии устод Мирзо Турсунзода ёдовар шуда, семинарро ифтитоҳ бахшид. Баъд аз он ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Мирсаид Раҳмонов оиди ҳаёт ва фаъолияти адабиву сиёсии устод Турсунзода суханронӣ кард.
Маърӯзачӣ бештар дар бораи сафарҳои устод Турсунзода ба кишварҳои Ҳиндустону Покистон тазаккур дод. Аз ҷумла мулоқоташ бо адибону ходимони ҷамъиятиву сиёсии кишварҳо суханронӣ карда, ӯро ҳамчун муаррифгар ва таблиғгари асосии рушд ва равобит, таҳкими адабӣ ва фарҳангӣ, машъалафрӯзи чароғи дӯстии халқҳо шиносоӣ намуд. Зеро устод Турсунзода тавассути нерӯи суханварӣ тавонист макатаби сулҳу дӯстиву инсонгароиро эҷод намуда, чун ифтихорнома ва санади дипломатияи мардумӣ заминаи равобитро миёни кишварҳо истеҳком бахшад ва чун модели намунавӣ дар байни аҳли адаби ҷаҳон мавриди пазироӣ ва эътироф гардид.
Худи устод Турсунзода натиҷаҳои сафарҳои сисолаашро возеҳу ошкор баён карда, чунин ёдоварӣ мекунад:
 
            Бо ҳамин ният ба Ҳиндустон сафар кардем мо,
            Осиёро бо ҳамин ният назар кардем мо.
            Бо ҳамин ният садои Осиё ояд ба гӯш,
            Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш, омад ба ҷӯш.
 
Таҳлилу баррасиҳои осору фаъолиятҳои устод Мирзо Турсунзода ба мо имкон медиҳад, то онҳоро чунин хулосабандӣ кунем:
  • Ашъори Турсунзода дорои аҳамияти таърихӣ мебошанд, зеро худи шоир шоҳиди бевосита ва иштирокчии аксари онҳо буд ё аз шахсоне ном мебарад, ки дар воқеаҳо ҳузур доштанд.
  • Дар асарҳои Турсунзода маълумоти дуруст ва дақиқ дар бораи ҳунару фарҳанги мардуми он замон ва маҳфилу мушоираҳо ва муборизаҳои онҳо зикр шудааст.
  • Достонҳои "Ҷони ширин", "Садои Осиё" ва " Қиссаи Ҳиндустон" аз асарҳои барҷастаи таърихии ӯ ба шумор мераванд, ки кишварҳои Ҳиндустону Покистон ва қораи Осиёро ба тасвир кашидааст.
  • Ӯро метавон аз мубаллиғони фаъоли роҳи озодии Ҳиндустону Покистон ва Осиёву Африқо шуморид.
  • Ашъори эҷодкардаи Турсунзода дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ-ахлоқӣ барои омӯхтани таърих, ҳаёти сиёсӣ, маданӣ ва адабии мардумони Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти арзишманд дорад.
 

Хулласи калом мо фарзандони Тоҷикистон ва аҳли башарро зарур аст, то аз дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода кору пайкори худ гирифта, бо дуои неки нависандаи бузурги Қирғизистон Чингиз Айматов ба хотири шоири бузург, Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷозӣ сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд оварем. Зеро имрӯз мо ҳама аҳли сайёра дар деҳкадаи хурди ҷаҳонӣ зиндагӣ ва фаъолият мекунем, ки фазлу мақому манзалат ва меҳру вафову дӯстиву ҳамгироиро бояд қадрдонӣ кард, онро ба чашми хирад нигарист ва сокинонашро озоду ободу ором нигоҳ дошту ҳеҷгоҳ мардумозорӣ накард. Ба қавли устод Турсунзода,
 
          Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
          Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.
 
Дар хатми семинар мудири Шуъба Ҳабибулло Раҷабов, Усмоналӣ Сайдалиев ва Комили Бекзода бо мулоҳизаҳову хотираҳо ва бо замзами шеърӣ оид ба шахсият ва фаъолияти адабии устод Мирзо Турсунзода фикру андешаҳояшонро ироа намуда, қайд карданд, ки мактаби сулҳпарварӣ, сиёсатшиносиву дипломатияи мардумӣ ва ватандӯстии устод Мирзо Турсунзода бояд бештар аз ҷониби магистрантҳову донишмандони Институт бештар омӯхта шавад.
 
 
 
Последнее изменение Ҷумъа, 16 Октябр 2020
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/