wrapper

Хабарҳо

Бо мақсади ривоҷу равнақ ва вусъат бахшидан ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021-ро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли “Рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудааст.
Дар паёми навбатии санаи 26-уми декабр Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омадаанд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале расидан ба ҳадафҳои пешниҳодшуда як сол басанда нест”.  Аз ин рӯ се сол пайи ҳам соли “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.
Ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат барои мардуми Тоҷикистон як рӯҳияи тоза бахшид. Зеро, Тоҷикистони биҳиштосои мо яке аз кишварҳои сайёҳӣ башумор меравад, чун ки имрӯзҳо сайёҳони хориҷ аз ҳар кишвар ба мамлакати мо сафар менамоянд ва аз ҳунарҳои мардумӣ, фарҳангу маданияти миллати мо бохабар мешаванд. Чуноне ки, Сарвари давлат дар пайёми солонаи худ баён намуданд “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мо баҳисоб меравад. ”Дар ин иқдоми пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби ҳунармандону ширкатҳои сайёҳӣ: “Помир Осиёи Марказӣ”, “Помир пикс”, “Артуч”, “Боми ҷаҳон тур”, “Сайру Сайёҳати Кӯҳӣ”, “Гиди Помир”, ҶДММ “Ҷавоҳир”, ширкати сайёҳӣ “Атлас Тревел”, ширкати сайёҳии “Сазер Тревел”, ҶДММ “Диана ва Т”, “Зурмич”, ҶДММ “Кухандиз”, ҶДММ  “Тур”, ҶДММ “Ганҷина”, Ширкати Сайёҳӣ “ҶДММ Опиент Адвентур”, Ширкати сайёҳӣ “Ором Тревел”, ҶДММ “Панҷакент Интур”, Ширкати сайёҳии ҶДММ “Роҳат Тур”, ҶДММ “Тоҷикистон тревел”, ҶДММ “Бадахшон тревел”, дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин мактабҳо ва ширкатҳо аз рӯи усули анъанавии миллӣ шогирдон тарбия меёбанд, ки ин ҳама аз пешравию ободии сарзамини мо дарак  медиҳад.
Сайёҳоне, ки ба мамлакати мо ворид мешаванд диққати онҳоро бештар кӯҳҳои сарбафалаккашида ва табиати деҳаҳои мо ҷалб мекунад. Аз ин рӯ бештари ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот мавҷуданд, аз қабили кандакорӣ, заргарӣ, кӯлолгарӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ, чакандӯзӣ, заргарӣ ва дигар ҳунарҳоро мардуми деҳот то ба имрӯз оварда расонидаанд. Гарчанде ки камтар нафарон ба ин ҳунарҳо машғуланд. Президенти кишвар маҳз ана ҳамин нуқтаро ба назар гирифта, солҳои 2019-2021-ро соли “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳунарҳои хешро бештар инкишоф диҳанд. Воқеан ҳам, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷаноби Толиб Рифоӣ, дабири кулли Созмони Умумиҷоҳонии Сайёҳӣ дар солҳои 2010-2016 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуда, оид ба кишвари мо чунин ақидарони намуд: “Тоҷикистон ин Швейтсарияи дуюм дар Осиёи Марказӣ мебошад”. Дар ҳақиқат Тоҷикистон кишвари офтобрӯя ва ҳамешасабз буда, бо табиати нотакрору афсонавӣ, кӯҳҳои сарбафалаккашида, водиҳои нотакрор, рӯдҳои шӯхи кӯҳӣ, оби чашмаҳои софу зулол ва мусаффои худ Швейтсарияро пеши назар ҷилвагар месозад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёди рушди соҳаи туризм вуҷуд доранд. Бахусус, манзараҳои афсонавии Бадахшон, дарраҳои Варзобу Ромит, Балҷувон, Сари Хосор, мавзеъҳои сайру саёҳатии Ҳафткӯл, Искандаркӯл, ёдгориҳои бостонии Саразм Қалъаи Ҳулбук, Ҳисор ва дигар мавзеъҳои сайру сайёҳатӣ бе шубҳа, таҷассумгари тамаддуни бузурги миллатамон буда, таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз анъанаҳои қадимаи миллии тоҷикон буда, муҳаққиқ П.А. Гончарова онро дар радифи дигар усулҳои шогирдтайёркунӣ баррасӣ намудааст. Тадқиқоти ӯ ба зардӯзӣ – яке аз ҳунарҳое, ки густариши васеъ дорад, бахшида шудааст. Муҳаққиқ нуқтаи ҷолиберо қайд мекунад, ки зардӯзӣ дар қадим аслан ҳунари мардон буд, зеро дар рӯӣ матоъҳои дурушту ғафс, ба монанди бахмал, сӯзан задан лозим меомад. Ҳоло бошад, занҳои ғайюру ҷасур ва ҳунарманди мо ин касбро ба пуррагӣ ҳам гӯем хато намекунем, аз худ намуда, дар либосҳои миллиамон хело ин ҳунарро истифода менамоянд. Дар аморати Бухоро дар бори амир фармоишгари асосии маҳсулоти зардӯзӣ буд, ки ин зарурати ташкили устохонаҳоро дар назди дарбор ба миён овард. П.А. Гончарова дар бораи ташкили устохонаҳои зардӯзӣ, тарзи қабул ва хатми шогирдон, ки дар ин замина як қатор маросим роиҷ буд, маълумот медиҳад.
Дар он солҳо садҳо нафар зардӯзи моҳир ба духтани либосҳои қиматбаҳои дарбориён машғул буданд ва фақат як қисми ночизи маҳсулоти онҳо ба бозор бароварда мешуд. Либосҳои бо зардӯзӣ оро дода – ҷомаҳои мардона, камзулҳо, шалворҳо, пойафзол, тасма, каллапӯшҳо, ҷиҳози аспҳо танҳо бо фармоиши амир ва пайвандони шоҳ омода мешуданд. Дигар ҳеҷ кас, ҳатто шахсони воломақом ба чунин фармоиш ҳуқуқ надоштанд. Танҳо дар вақтҳои муайян ин гуна либосҳо аз тарафи худи амир туҳфа мешуданд. Бубинед, ки дар он замонҳо чигуна ҳунарҳои мардумиро пос медоштанд ва ба қадри ҳар як ҳунарҳое, ки аз гузашта ба онҳо боқӣ монда буд, мерасиданд ва ба мардуми оддӣ ҳатто иҷозати истифода бурдан ҳам намедоданд.
Бо мурури замон берун аз дарбор низ устохонаҳо ташкил шуданд, ки дар онҳо ба ҳунармандон оқсақол, яъне сардори зардӯзон роҳбари мекард. Тамоми корҳо, аз ҷумла, хариду фурӯши маҳсулот, қабули шогирдон танҳо бо иҷозати оқсақол иҷро мешуданд. Барои дар вақти таъйингардида иҷро шудани фармоишҳои ҳатмии оқсақол ба ҳамаи устохонаҳои гирду атроф корро тақсим мекард. Оқсақол барои меҳнаташ музд намегирифт, ба ӯ фақат туҳфа аз тарафи дарбор супорида мешуд. Аъзои ташкилоти сехҳои зардӯзӣ шахсе шуда метавонист, ки курси дарозмуддат ва душвории ин ҳунарро аз усто омӯхта, барои фаъолияти мустақилона аз устодаш ризоият гирифта бошад. Мо бояд чи қадар шукронаи истиқлолияту тинҷиву оромии кишварамонро кунем, ки дар  чунин давлат ва чунин даврон ҳаёт ба сар мебарем. Зеро чигуна ҳунаре, ки дилхоҳ инсон дорад, озодона иҷро карда, имкон дорад, то зиндагияшро пеш мебарад ва ҳама метавонад маҳсулоти дастии он ҳунармандро озодона истифода барад. Мардуми меҳнат дӯсти кишвари азизи мо ҳунарҳои аҷдодонамонро то ба имрӯз оварданд. Барои боз ҳам вусъат ёфтани ҳунарҳои мардумӣ, Пешвои миллат боз се соли дигар имтиёз доданд, ки ҳунарҳои миллати тоҷик бояд аз байн наравад ва ҳамеша дар пайи рушду инкишоф бошад.
Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар ин самт дар ташаккул ва барқарор сохтани шуури нави таърихию фарҳангии ҷомеъа дар арафаи таҳлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра инсонпарварона мебошад. Зеро ба ин васила мо ҳунармандони номдори гузаштаи худро ба ёд оварда, ҳунарҳои онҳоро бори дигар мавриди омӯзиш қарор медиҳем ва ба ҷаҳониён низ муаррифӣ менамоем. Бигузор ҳунари онҳо писанди ҳамагон аз ҷумла сайёҳон гардад ва маҳсули бо меҳр парваридаи онҳо муаррифӣ гардад ва миллати тоҷикон бошад.
Хулоса, барномаи “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро мо тавре ба роҳ монда метавонем, ки аз гузашта ба мо мерос монда буд. Зеро ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат ба шумор рафта, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқамандӣ доранд. Дар роҳи инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ё санъати дастӣ муаммоҳои гуногун вуҷуд доранд, ки ҳатто бархе аз онҳо дар кишварамон қариб аз байн рафта истодаанд. Бинобар ин, ҳоло зарурати ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ба миён омадааст, ки мо метавонем ин заруратро, яъне ин мушкилиро сарҷамъона бартараф созем.
 
Адабиёти истифодашуда
  1. Гончарова, П.А. Санъати зардузии Бухоро. – Нашриёти‚ Адабиёт ва Санъат ба номи Г. Гулом/ П.А. Гончарова. - Тошканд, 1986. – 110 с.
  2. Нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ Дадобоев: https://cyberleninka.ru/article/n/na-shi-anana-oi-mill-dar-e-yoi-unar-oi-mardum.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии. http://www.president.tj/node/17985.
  4. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
 
Саёҳат Саидова,
ходими хурди илмии Институт
 
Последнее изменение Сешанбе, 15 Декабр 2020
 
http://www.zoofirma.ru/