wrapper

Хабарҳо

Дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ семинар-машварати илмӣ доир ба «Интихобот дар Амрико»  доир гардид.
Мавзӯъро сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико доктори илмҳои сиёсатшиносӣ  Шамсиддин Каримов, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ҳамчунин доир ба баъзе масъалаҳои мубрами сиёсии ин кишвар, маълумоти муфассалро ба саҳми иштирокдорон ва муҳаққиқону олимони институт расонд. Ӯ ҳамчунин зимни суханрониаш аз натоиҷи интихоботи Амрико ҳарф зада, зикр намуд, ки натиҷаи ҳар интихобот ба сари қудрат омадани мансабдороне мебошад, ки аз номи мардум амал мекунанд - аз Президенти Иёлоти Муттаҳида сар карда, то шерифи як ҷамоати хурди деҳот. Дар Иёлоти Муттаҳида ин робита бештар дар мақомоти қонунгузории иёлот ва дар Конгресси Иёлоти Муттаҳида мушоҳида мешавад.

Маҳз дар Конгресси ИМА идеяи демократияи намояндагӣ таҷассум ёфтааст. Тасодуфӣ нест, ки моддаи якуми Конститутсияи ИМА маҳз ба Конгресс бахшида шуда, дар он омадааст: "Ҳама ваколатҳои қонунгузорӣ, ки бо ин роҳ муқаррар карда шудаанд, ба зиммаи Конгресси ИМА гузошта шудаанд." Ин муқаррароти конститутсионӣ маънои онро дорад, ки танҳо сенаторҳо ё аъзои палатаи намояндагони Конгресси ИМА ҳуқуқи пешниҳоди қонунҳоро доранд. Президенти Иёлоти Муттаҳида, вазирони ҳукумати федералӣ, губернатори иёлот ва дигар шахсони расмӣ ин ҳуқуқро надоранд ва ин яке аз муҳимтарин принсипҳои ҷудопазирии ҳокимият ва  ё тақсими қудрати давлатӣ дар Иёлоти Муттаҳида мебошад. Дар айни замон, Конгресс қонунан ба Президент ваколати муҳимтаринро медиҳад, ки ҳар сол лоиҳаи буҷаи федералиро барои баррасӣ ба Конгресс пешниҳод кунад. Президенти ИМА инчунин ба намояндагӣ аз дастгоҳи маъмуриии худ дар робита ба тамоми соҳаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳодҳои қонунгузорӣ ироа менамояд. Ғайр аз он, Президент қонунҳоеро, ки Конгресс қабул кардааст, тасдиқ мекунад. Ҳамин тариқ, парламент қонунҳоро қабул мекунад ва президент онҳоро тасдиқ мекунад. Ба ақидаи коршиносон, дар ин ҷо ваҳдати ботинии ҳокимияти давлатӣ зоҳир мешавад.
 Баъд аз баромаду мулоҳизаҳо дар бахши саволу ҷавоб ва мулоҳизаҳо муҳаққиқон фаъолона иштирок карданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова изҳор карданд, ки вазъи имрӯзаи сиёсати Амрико хеле нигаронкунанда ва муташаниҷ аст. Дар Амрико  авҷ гирифани бемории Ковид-19 боиси ворид шудани  халали ҷиддие ҳам ба амният ва ҳам ба сиёсати ин кишвар гардид.. Намояндаи палатаи  Конгресс, Хонум Марҷори Тейлор Грин баъди забти бинои копитолиум изҳори ақида намуд, ки “Бояд президенти кишвари Амрико Доналд Трамп аз вазифааш истеъфо диҳад”. Ин дар таърихи Амрико 45 -ум президент маҳсуб мешавад, ки ду маротиба Импичмент гирифтааст. Зимнан Санавбарбону Воҳидова изҳор намуданд, вақте ки президенти нави Амрико интихоб мешавад, мо умед дорем, ки муносибатҳои Амрико бо Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон рушд ва нумуъ ёбад.

Мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико
Профессор Санавбарбону Воҳидова,
Ходими илмии шуъба
 Гулҳаё Мадимарова
Последнее изменение Душанбе, 18 Январ 2021
 
http://www.zoofirma.ru/