wrapper

Дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо семинари навбатї дар мавзӯи «Эҳёи иқтисоди Тоҷикистон дар давраи баъд аз COVID-19» тавассути интернет доир гардид. Чунин тарзи омӯзиш ба нисбати мушкилиҳо ва маҳдудиятҳое, ки чун натиҷаҳои номатлуби коронавирус рӯи кор омадаанд, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар машғулияти навбатии омӯзиш тавассути интернет тақрибан 20 нафар ходимон ва муҳаққиқони шуъбаҳои мухталифи Институт иштирок ва табодули назар карданд.
Машғулияти мазкурро устоди Донишгоҳи Небраска дар Омаҳа (ИМА) доктор Ҷеймс Кларк (Dr. James Clark, University of Nebraska at Omaha, USA) ба забони англисӣ доир намуд.
Доктор Ҷеймс Кларк хотирнишон намуд, ки COVID-19 пасомадҳои ногувор ва номатлуберо ба миён овард, ки оқибатҳои манфии он на фақат ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷумлаи иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири амиқ гузошт.  Махсусан иқтисоди кишварҳо осеб ва зарари назаррас дид, ки ислоҳи он вақту заҳмати зиёдеро тақозо мекунад. Аз ҷумла, имқтисоди Тоҷикистон низ аз назари профессори Донишгоҳи Небраска дар Омаҳа, ҳалли ин мушкилиҳо ҳамкориву ҳамбастагӣ ва кӯшишҳои якҷояи на фақат ҳукуматҳои маҳаллӣ, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан созмонҳои байналмилалии маблағгузорро талаб менамояд.
Тоҷикистон имкониятҳои фаровон дорад, - мегӯяд Др. Ҷеймс Кларк, - аммо аз ин имконоту захираҳо бояд оқилона ва ба таври бояду шояд истифода намуд. Пеш аз ҳама, бояд захираҳои дохилии кишвар мавриди истифода қарор гиранд. Соҳибкоронро дастгирӣ бояд кард, онҳоро ҳавасманд намуд, то дар ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда алоқамандона иштирок ва амал намоянд. Аз тарафи дигар, дар Тоҷикистон аксари мардум соҳибмаълумотанд ва бештар аз 70% аҳолии кишвар ҷавононанд, ки ин сармояи муҳими иҷтимоии бесобиқа ва арзишманд аст ва онро дуруст бояд истифода кард. Истифода аз технологияи ҷадид ва роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилиҳо низ барои эҳёи тозаи иқтисоди Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд. Дар ин замина истифодаи васеи интернет ва имконоти он хеле муҳим хоҳад буд. Барои мисол пофессори амрикоӣ фаъоляити хубу пурсамари ширкати Алиф Сармояро махсус қайд намуд.
Бояд гуфт, ки чунин машғулиятҳо дар доираи лоиҳаи махсуси миёни шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ва Донишгоҳи Небраска дар Омаҳа, ИМА таҳти унвони “Такмили иқтидори илмию таълимии донишгоҳҳои Тоҷикистон” амалӣ карда мешавад. Дар назар аст, ки дар доираи ин лоиҳа курсҳои махсус доир ба масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва таҳқиқотҳои пурарзиш дар шароити коронавирус ва пасомадҳои он таълим дода мешаванд. Дар амалисозии лоиҳаи мазкур Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ширкат менамояд.
Се семинар нишасти аввал дар фазои интернет ва машғулиятҳои дигар бо иштироки бевоситаи кормандони илмии Донишгоҳи Небраска дар Омаҳа, ки дар назар аст моҳи марти соли равон ба Тоҷикистон ташриф оваранд, гузаронида мешаванд. Роҳбари лоиҳа профессор Пэтрик Макнамарра (Dr. Patrick MacNamarra), намояндаи Донишгоҳи Небраска дар Омаҳа мебошад. Ду семинари аввалро устодони Донишгоҳи Небраска дар Омаҳа хонум Аста Рeйф (Asta Reiff) дар мавзӯи «Таълими фаъолона дар шароити коронавирус» (“Engaged Teaching in Age of Coronavirus”  ва доктор Конни Шаффер (Dr. Connie Schaffer) дар мавзӯи «Илму маориф дар шароити коронавирус» (“Higher Education Response to COVID-19”) гузаронидаанд.
Шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институт ният дорад, ки ҳамкориҳои илмию тадқиқотии худро бо ҳамкорони хориҷии худ боз ҳам бештар вусъат дода, доираи шарикони ҳамкорро аз ҷумлаи марказҳои илмии дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Аврупо амсоли Донишгоҳи Ҳумболди Берлин, Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир, Донишгоҳи Карл-Август Готинген афзун намояд.
 
Санавбарбону Воҳидова,
д.и.т., профессор
Шамсиддин Каримов, д.и.с.
 
Последнее изменение Панҷшанбе, 21 Январ 2021
 
http://www.zoofirma.ru/