wrapper

Хабарҳо

Устод Муҳаммад Осимӣ хатмкардаи факултаи физика буда, донишманди мумтози соҳаи фалсафа гаштанд ва бештари умри худро ба корҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои илмиву таълимӣ сарф карда, дар пешрафти илму фарҳанги мамлакат саҳми бузург гузоштанд. Вале дар тамоми умр аз кӯдакиву наврасӣ то пирӣ ҳамеша ба шеъру шоирӣ ва адабиёт пайванди ногусастанӣ доштанд.

Модари Муҳаммадҷон, ки зани босаводу бомаърифат буд, аз тифлӣ дар дили ӯ меҳри шеърро ҷой медиҳад. Солҳои донишҷӯӣ ҳам ҳамеша дар маҳфилу нишастҳои адабӣ ширкати фаъол дошт. Ҳангоме ки пас аз даргузашти академик Абдулғанӣ Мирзоев сарварии Институти шарқшиносиро муддате ба ӯҳда дошт, устод М.Осимӣ аз гузаштаи худ ёд карда, ба мо ҷавонон маслиҳат медод, ки дар ҳама ҳолат аз адабиёт дур набошем. Фаъолияти М. Осимӣ дар ин бобат намунаи барҷастаи дилбастагиву муҳаббат ба адабиёт мебошад. Ӯ дар хар вазифаю мансаб набошад, хоҳ сарвари донишгоҳу хоҳ вазир, хоҳ президенти Академияву хоҳ сарвари пажуҳишгоҳ ба адабиёт таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуд.

Соли 1965, пас аз он ки М.Осимӣ президенти Академияи илмҳо интихоб гардид, яке аз аввалин корҳое, ки ба он даст зад, омодагӣ ба ҷашни Амир Хусрави Деҳлавӣ буд. Ӯ дар ин бобат бо академик Бобоҷон Ғафуров, ки директори Институти шарқшиносии АИ Шӯравӣ буд, машварат карда, бо ҳамкории академик А. Мирзоев нақшаи баргузории ҷашнро омода намуд. Соли 1975 ҷашни 700-солагии Амир Хусрави Деҳлавӣ хеле пуршукӯҳ баргузор гардид. Ба муносибати ҷашн як силсила асарҳо ба табъ расиданд. Аз ҷумла Осори мунтахаби шоир дар чаҳор ҷилд дар Душанбе интишор ёфт. Дар Москва матни илмиву интиқодии «Хамса»-и ӯ нашр гардид. Дар асоси достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» драмнависи машҳури тоҷик Ғанӣ Абдулло драмаи «Фарёди ишқ»-ро эҷод намуд, ки театри ба номи Лоҳутӣ онро ба саҳна гузошт. Бо ташаббуси М. Осимӣ дар асоси миниатюраҳо акси Амир Хусрави Деҳлавӣ офарида шуд. Дар рӯзҳои ҷашн конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он донишмандони зиёде аз Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Россия, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар ширкат ва суханронӣ намуданд. М.Осимӣ низ бо нашри чанд мақола ва суханронӣ дар ҳамоишҳои илмӣ дар баргузории ҷашн фаъолона ширкат варзид. Дар мақолаи «Хусрави мулки сухан» М.Осимӣ зарурати баргузории ҷашн, мақоми Амир Хусрав дар адабиёту фарҳанги Шарқ, сайри забони форсӣ дар Ҳинду Покистон, нақши Амир Хусрав дар ғазалсароӣ, достоннависӣ, мусиқӣ, таърихнигорӣ, муносибати шоир ба тасаввуф ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

         Дар мақолаи «Шӯҳрати суханвар» М. Осимӣ бо далелҳои зиёд дар Ҳинду Покистон шӯҳрати хеле зиёд доштани Амир Хусрави Деҳлавиро нишон додааст. Аз ҷумла ӯ менависад, ки «Амир Хусрав яке аз аввалин шоироне мебошад, ки ба адабиёти урдузабон, ки дар он вақт забони он «рехта» ном дошт, асос гузоштааст.»1Дар мақола таъсири Амир Хусрав ба шоирони ҳавзаи Ҳинду Покистон, нақши ӯ дар пешрафти адабиёти форсизабон дар ин сарзамин ба қалам дода шудааст.

         Хидмати устод М. Осимӣ дар баргузории ҷашни ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ хеле бузург аст. Ҳанӯз соли 1987 ӯ, ки бо созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҳамкорӣ дошт, дар бораи гузарондани ҷашни ҳазораи «Шоҳнома» андеша баён намуда, бо намояндагони Эрону Афғонистон машваратҳо намуд ва пас аз кӯшишҳои зиёд ҷашни мазкурро ба феҳрасти ҷашнҳо ворид намуд. Бо роҳнамоии ӯ дар ҷумҳурӣ омодагӣ ба ҷашни мазкур дар сатҳи баланд шурӯъ мешавад. Ниҳоят соли 1990 бо қарори ЮНЕСКО ҷашни Ҳазораи «Шоҳнома» дар панҷ сол эълон гардид. Ҷашн бо Конгресси байналмилалӣ дар Теҳрон оғоз ёфт, ки дар он як гурӯҳ донишмандони тоҷик бо сарварии М.Осимӣ ширкат намуда, суханронӣ карданд. Дар ҳамоиши мазкур дабири кулли созмони ЮНЕСКО Федерико Майор низ суханронӣ намуда, арзиши баланди ахлоқиву маънавии «Шоҳнома»-и Фирдавсиро таъкид кард. Солҳои баъд ҳамоишҳои байналмилалӣ дар бораи «Шоҳнома» дар Амрикову Афғонистон, Туркия ва кишварҳои дигар баргузор гардиданд. Ҷашни мазкур соли 1994 дар шаҳри Душанбе ҷамъьаст гардид. Дар конференсияи байналмилалии «Шоҳнома» ва замони мо», ки 5-7 сентябри соли 1994 баргузор шуд, донишмандони кишварҳои гуногуни олам ширкат намуданд. Ба муносибати ҷашн 9 ҷилди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чоп шуд, радиои ҷумҳурӣ барномаи Шоҳномахониро таҳия намуд, муҷассамаи бузурги Абулқосим Фирдавсӣ дар маркази Душанбе қомат афрохт. Бо кӯшиши М. Осимӣ тарҷумаи пурраи русии «Шоҳнома»- и Фирдавсиро С. Бону анҷом дод. М. Осимӣ да мақолаву суханрониҳои худ дар бораи арзиши баланди «Шоҳнома», муносибати он ба забони тоҷикӣ ва нақши ин шоҳасар дар рушди адабиёту фарҳанг андешаҳои ҷолиб баён менамояд. Дар мақолаи «Оғози ҷашни ҳазораи «Шоҳнома» ӯ муҳимтарин дастовардҳои донишмандони кишварҳои гуногунро ба қалам медиҳад.

         Устод М.Осимӣ ба аҳволу осори донишманди бузург Абӯалӣ ибни Сино таваҷҷуҳи хеле зиёд дошт. Ӯ дар бораи паҳлӯҳои рӯзгору осори нобиғаи илми ҷаҳонӣ ба забонҳои тоҷикиву русӣ беш аз даҳ мақола таълиф намудааст. Дар мақолаҳои худ М.Осимӣ саҳми барҷастаи Ибни Синоро дар илмҳои гуногун баррасӣ намуда, нақши ӯро дар пешрафти илму фарҳанги ҷаҳон ба қалам додааст. Аз ҷумла дар мақолаи «Абӯалӣ ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ» дар баробари баррасии осори безаволи нобиға дар соҳаҳои гуногуни илм ба мақоми ӯ дар рушди шеър, поэтика ва мусиқӣ ишора намудааст. Ӯ Ибни Синоро «асосгузори жанри нави шеъри илмиву фалсафӣ» мешумоарад ва Умари Хайёмро идомадиҳандаи ӯ медонад, ки ин назари тоза буд. Зеро баъзе муҳаққиқон Умари Хайёмро бунёдгузори рубоиёти фалсафӣ дониста, нақши Рӯдакиву Ибни Синоро нодида мегирфтанд. Ӯ достони тиббии «Ал-урҷуза фи-т-тиб»-ро баррасӣ намуда, ба натиҷае мерасад, ки «дар «Урҷуза»-и Ибни Сино барои ба ҳам омехтани санъати шоирӣ ва маҳорати табибӣ, ки дар ҳар ду низ устоди комил буд, кӯшидааст». М. Осимӣ рисолаҳои гуногуни фалсафиву ахлоқии Ибни Синоро баррасӣ намуда, таъкид мекунад, ки «ақидаҳои адабӣ ва ахлоқию эстетикии Ибни Сино байни атиқа ва Рененанси Аврупо як навъ ҳалқаи васлкунандае гардид».

         Ҳофизи Шерозӣ аз шоирои маҳбуби М. Осимӣ буд. Аз ин ҷост, ки ӯ барои баргузории ҷашни 650-солагии ин шоири оламшумул талоши зиёд ба харҷ дод. Дар мақолаи «Ҳофиз ва айёми мо» М. Осимӣ муҳимтарин ҷанбаҳои андешаҳои шоирро баррасӣ намуда, ба субут мерасонад, ки «афкори пешқадам, санъати баланд, забони ширину сода, самимият, ҷӯшу хурӯши шоирона ва ягонагии шаклу мазмун ашъори Ҳофизро писанди хосу ом гардонд».

         Дар мақолаи «Умри ҷовидон» муаллиф шоири ҷаҳонӣ будани Ҳофизро таъкид намуда, дар бораи арзишҳои баланди ашъори оламгири ӯ менависад: «Вале маҳз ақидаҳои пешқадаму умумиинсонӣ ва инсонпарваронаву ҳаётдӯстии Ҳофиз, ки имрӯз ҳам роиҷ буда, ба ҳаёти реалии одамони муосир созгор аст, ӯро дар чашми ҷаҳониён мӯҳтарам гардондааст».

 Дар мақолаи «Сеҳри сухан» М.Осимӣ муҳимтарин лаҳзаҳои осори Ҳофизро баррасӣ намуда, мазмунҳои баланди ишқиву фалсафӣ, ҳаётдӯстиву инсонпарварии ашъори шоирро нишон медиҳад. Ӯ ғазалиёти Ҳофизро пайвандгари дилҳои мардумони тоҷивку форс медонад ва аз забони Мирзо Турсунзода мегӯяд:

                   Дили тоҷику эронӣ муҳаббатгоҳи Ҳофиз шуд,

                   Суруди ошиқон ҳамсӯҳбати дилхоҳи Ҳофиз шуд.

         Дар баргзории ҷашни 575-солагии шоири маъруф Абдурраҳмони Ҷомӣ низ М. Осимӣ саҳми калон гузоштааст. Дар мақолаи «Ҷомӣ ва худшиносии тоҷикон» ӯ ҷаҳонбинии васеи шоири бузургро таъкид намуда, муносибати ӯро бо маслаки нақшбандия ба қалам медиҳад ва андешаҳои баланди инсондӯстии вайро баррасӣ карда, нақши онҳоро дар худшиносӣ нишон медиҳад.

         Устод М. Осимиро беш аз ҳама ҷанбаҳои башардӯстиву инсонпарваронаи адабиёти тоҷику форс ба ваҷд меоварданд ва инро аз фазилатҳои фарҳанги мо медонист. Соли 1983 бо дархости нашриёти «Дониш» ман «Рубоиёт»-и Умари Хайёмро нашр намудам, ки маҷмуаи нисбатан мукаммали рубоиҳои ҳаким буд. Устод М.Осимӣ маро бо нашри китоби мазкур табрик намуда, гуфта буд: «Кори хубе кардӣ, ки маҷмуаро бо ин рубоӣ оғоз намудаӣ:

                   То битвонӣ ранҷа магардон касро,

                   Бар оташи хашми хеш маншон касро.

                   Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ,

                   Маранҷ ҳамешаву маранҷон касро.

Зеро бештари хонандагон Хайёмро майзадаву ишратталаб тасаввур мекунанд. Ин рубоӣ нишон медиҳад, ки ӯ то чӣ ҳад инсондӯст будааст.»

         М. Осимӣ ба робитаи адабии тоҷику ӯзбек ва халқҳои дигари Шарқ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамуд. Ӯ дар мақолаи «Дилро ба дил раҳест» дар мисоли дӯстии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ дӯстиву ҳамдилии мардуми тоҷику ӯзбекро нишон додааст.

         Мақолаи «То дарахти дӯстӣ боре диҳад» аз назари васеъ ва мавқеи устувори М. Осимӣ дар мавриди робитаи адабӣ ва нақши мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Дар ин бора адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус навиштааст: «Нуктаи пандомӯз аст, ки ҳини таъсиси созмони мазкур («Ассамблеяи маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ»-М.М.) намояндагони туркизабон ба ҷои мафҳуми «Осиёи Марказӣ» мехостанд мафҳуми «Туркистон» ба кор равад ва форум таҳти шиори «Туркистон – хонаи умумии мо» бояд баргузор мешуд. Аммо талошҳо ва далелҳои қотеи устод М.Осимӣ буд, ки мафҳуми «Осиёи Марказӣ» қабул шуд».

         Шоири бузург Муҳаммад Иқбол бо ашъори ноби ба забони форсӣ эҷод намудааш машҳур гаштаст. М.Осимӣ дар мақолаи «Шоир ва мутафакири бузурги Шарқ андешаҳои баланди инсондӯстии ӯро баррасӣ намуда, таъкид кардааст: «Шеърҳои форсии Муҳаммад Иқбол ба сарвати ганҷинаи адабиёти ҳамаи халқҳои форсизабони Шарқ афзуда, дар Тоҷикистон низ шӯҳрати бағоят бузург пайдо кардаанд».9

         М.Осимӣ ба осори адибони маъруфи олам низ таваҷҷӯҳи зиёд доштааст. Дар ин бора Матлубаи Мирзоюнус навиштааст: «Дар мақолот ва суханрониву мусоҳибаҳои устод Муҳаммад Осимӣ борҳо аз таваҷӯҳи бузургони адаби ҷаҳон Гете, Митскевич, Пушкин, Есенин ва дигарон ба адабиёти тоҷик рафта, дар айни ҳол аз шӯҳрати оламшумули адибони форсу тоҷик, тарҷумаи осори онҳо ба забонҳои мухталиф бо ифтихори бузург сухан ба миён омадааст, ки ин ҳама шахсияти фарҳанг солор М.Осимиро ба унвони донишманд ва муҳаққиқи борикбину нуктасанҷ, тарғибгари мероси фарҳангии тоҷикон, мунодии сулҳу дӯстиву рафоқат миёни ақвоми башар мешиносонад».

         М. Осимӣ бо раванди адабиёти муосири тоҷик низ хеле хуб ошно буда, бо адибони маъруф дӯстиву ҳамкорӣ дошт. Мақолаи «С. Айнӣ - нависандаи бузурги байналмилал» баррасии муҳимтарин ҷанбаҳои осори нависандаро дар бар гирифта, дилбасагии муаллифро ба осори нависанда нишон медиҳад. Муаллиф таъкид менамояд, ки осори устод С.Айнӣ ба кулли ҷаҳониён тааллуқ дорад.

         Устод М. Осимӣ бо шоиру арбоби барҷаста Мирзо Турсунзода дӯстиву ҳамкории қавӣ дошт. Онҳо дар баргузории ҷашнҳову ёдбуди адибон ҳамеша машварату ҳамкорӣ менамуданд. Самимияту садоқати худро ба дӯсташ М.Осимӣ дар мақолаҳои «Номи ӯ, шеъри ӯ зиндаву ҷовид хоҳад монд», «Ёде аз дӯст» ифода намудааст.

         Симои эҷодии Боқӣ Раҳимзода дар мақолаи «Одамият – эҳтироми одамӣ», Раҳим Ҷалил дар «Нависандаи маҳбуб», Н.Маъсумӣ дар «Суруди беинтиҳо», Аминҷон «Инсони комил» таҷассум ёфтаанд. М. Осимӣ дар бораи адибони дӯстдоштааш бо меҳру самимият сухан меронад ва муҳимтарин ҷанбахои шахсият ва офаридаҳои онҳоро ба қалам медиҳад.

         Асарҳои ба баррасии масъалаҳои адабӣ ва осори адибон бахшидаи устод М.Осимӣ натиҷаи ҷустуҷӯву пажӯҳишҳои пайвастаи ӯ буда, аз вусъати назар ва диди амиқи зебописандиаш шаҳодат медиҳанд.

 

 

  Пайнавиштҳо

 

1 М.Осимӣ Авроқи нотамом. –Хуҷанд, 2005, саҳ. 115.

2 Ҳамон ҷо, саҳ. 51.

3 М. Осимӣ. Осори мунтахаб.-Душанбе, 2000, саҳ.231

4 Ҳамон ҷо, саҳ. 231.

5 М.Осимӣ Авроқи нотамом, саҳ. 202.

6 Ҳамон ҷо, саҳ. 192.

7 Ҳамон ҷо, саҳ. 219.

8 Матлубаи Мирзоюнус. Нуктаҳои меҳварӣ дар мақолоти адабпажӯҳии академик Муҳаммад Осимӣ\\ Академик Муҳаммад Осимӣ ва о мӯзиши масоили тамаддуни Осиёи Марказӣ. –Душунбе, 2020, саҳ. 450.

9 М.Осимӣ Авроқи нотамом, саҳ. 360.

10 Матлубаи Мирзоюнус. Нуктаҳои меҳварӣ дар мақолоти адабпажӯҳии академик Муҳаммад Осимӣ, саҳ.451.

 

 

 

Мирзо Муллоаҳмад

Последнее изменение Панҷшанбе, 21 Январ 2021
 
http://www.zoofirma.ru/