wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Андар шеваи дарки маънои шеър

Шеър, хоса шеъри ғиноӣ, зодаи хаёлу илҳоми ногаҳонии шоири асилест, ки падидаҳои офаринишро мутобиқи завқи вежаи хеш бозшиносӣ карда, онҳоро дар густараи забон ғолибан ба гунае мавзуну муқаффо рақам мезанад, ки мухотаби ӯ бо хондани он ба дарку бардошти зебоишиносонаи шоир аз падидаҳои ҳастӣ даст меёбад. Муҳаммадтақии Баҳор мегӯяд, ки «шеъре, ки мақсуди мост, шеърест, ки аз димоғи шоире лоиқ ва дар як вақти озод ва ё ба вақти торике дар буҳбуҳаи эҳсосот ва тарокуми авотифи гуногун ва дар як ҳоли ҳаяҷонӣ гуфта шавад»[5, c. 931]. Ҳар андоза диди шоир ҳунармандона бошад ва ҳар андоза ҳусни баёнаш нозук, ба ҳамон андоза шеъраш дар сатҳи писандида, чи аз назари сурат ва чи аз нигоҳи маъно, ба забон меояд ва ба дили мухотабаш менишинад.

Муфассал ...

Пресс-релиз барои намояндагони воситаҳои ахбори умум оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 (27 июли соли 2020, соати 08.30, маркази ҷумҳуриявии матбуот)

   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар  нимсолаи якуми  соли 2020 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда,  нерӯи илмиро барои  тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва  дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Муфассал ...

Мурури кӯтоҳе ба 45 лаҳзаи муассири таърихии Минтақаи Шарқи Миёна бо 45 соли фаъолияти “Араб неюз”

Дар муаррифӣ ва шинохти ин ё он мавзӯъ ё кори муҳим васоилу воситаҳое ҳастанд, ки нақши асосиро мебозанд. Яке аз инҳо рӯзнома мебошад, ки инъикоскунандаи асосии хабари рӯз буда, чун санади таърихӣ дар ҷомеа боқӣ мемонад. Инҷо хостем назаре ба яке аз рӯзномаҳои аглисзабони кишварҳои Ховар ё Шарқи Миёна бипардозем, ки чун манбаи аслии инъикоскунандаи масоили муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа ва ҷаҳон нақши асосиро то имрӯз нишон дода истодааст. Тибқи сарчашмаҳо Ховари Миёна минтақаест, ки аз тангаи “бобул мандиб” то тангаи “дори донил” ва то риштаи куҳҳои Ҳимолой ва бандари Карочӣ воқеъ гардида, чун минтақаи стратегӣ аз назари ҷуғрофӣ ва энергетикӣ буда, дорои 56,6 % нафти курраи замин мебошад. Инҷо дар худ қавмиятҳои гуногунро аз ҷумла эрониҳо, озарбойҷониҳо, туркҳо, курдҳо, балучҳо, арабҳо ва барбариҳоро дар худ ҷой додааст. Баъзе муаррихон дар вожаи Ховари Миёна кишварҳои Афғонистон, Покистон, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Африқои Шимолиро низ шомил мекунанд. Муфассал ...
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/