wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

 

26.12.2019, шаҳри Душанбе

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.

Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Муфассал ...

Тазоҳуроти Эрон аз нигоҳи таҳлилгарони сиёсии араб

   Ховари Миёна яке аз минтақаҳои муҳим аз нигоҳи қавмӣ, мазҳабӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ ва тамаддунӣ ба ҳисоб рафта, аз аҳди бостон то ин замон пайвандгари Шарқу Ғарб дониста мешавад. Дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ин минтақа мавзеи бархӯрди абарқудратҳои ҷаҳон будааст, ки ин бархӯрдҳо аслан ба хотири дастёбӣ ба манобеи муҳими табиӣ ба вуқуъ мепайвастанд. Муфассал ...

Семинар: Баррасии масъалаҳои мубрами шарқшиносии муосир

  Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18уми декабри соли 2019 соати 14:00 дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами шарқшиносии муосир» семинари илмӣ баргузор мегардад.
   Дар семинари илмӣ, профессори Донишгоҳи Оксфорд Эдмун Ҳерзинг маъруза хоҳад кард.
  Семинар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
  Суро
ға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ.
Муфассал ...
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2020 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove