wrapper

Хабарҳо

ИОМДОА

ИОМДОА

СЕМИНАР: ҲАМГУНАГИИ ФАРҲАНГ ВА МАДАНИЯТИ ТОҶИКУ ҲИНД

   Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон 17 - уми декабри соли 2019 соати 10:00 таҳти унвони “Ҳамгунагии фарҳанг ва маданияти тоҷику ҳинд” семинари илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.
   Дар семинар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар    Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.
   Интизор меравад, ки дар он котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Гулмоҳ Шозиёева дар мавзӯи «Ҳамгунагии фарҳанг ва маданияти тоҷику ҳинд” баромад намояд.
   Семинар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
   Суроға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ.

Муфассал ...

Президенти Тоҷикистон - симои давлат ва давлатдории тоҷикон

   15-уми ноябри соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - симои давлат ва давлатдории тоҷикон” семинари илмӣ - амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимону мутахассисон, кормандони илмӣ ва магистрони Институт  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муфассал ...

Терроризми экологӣ ҳамчун проблемаи глобалии муосир

   Терроризми экологӣ, асосан, дар нимаи аввали асри ХХ пайдо шуда, ба муқовимат бо нигарониҳои васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳити зист таъсир расонид. Бештари кишварҳо бо истифода аз он кӯшиш менамоянд, масъалаҳои сиёсиро ҳал кунанд Мушкили «терроризми экологӣ» яке аз омили ҷангҳои сиёсати дохилии кишварҳои пешрафта мебошад. Муфассал ...
 

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
Copyright © 2020 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/