wrapper

ИОМДОА

ИОМДОА

Ҳиндустони озод 75 сола шуд

  Дар соли 1947 яке аз намоёнтарин воқеаи таърихие, ки дар ҷаҳон рӯй додааст, ин аз зулму истисмори мустамликадорони Британияи Кабир озод ва соҳибистиқлол шудани Ҳиндустон мебошад. Пас 26 январи соли 1950 Ҳиндустон худро Республика эълон намуд. Ин аст, ки ҳар сол дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар моҳҳои январ ва август ду иди бузурги давлатӣ бо тантана ва шукӯҳи хос таҷлил карда мешавад. Лекин озодӣ барои мардумони ин сарзамин ба осонӣ ба даст наомадааст. Аввало ҳазорҳо ватандӯстони Ҳинд барои озоду мустақил шудан то ҳадде, ки имконияту фаҳмишу нерӯ доштанд мубориза бурдаанд, зиндонӣ шудаанд ва ҳатто ҷонҳои худро аз даст додаанд. Кофист агар Шӯриши Сипоҳиёнро, ки солҳои 1857-1859 муқобили зулму беадолатиҳои мустамликадорони англис рӯй додааст, ба ёд биёрем. Шӯриш аз ҷониби аскарони англис бераҳмона пахш карда шуд ва ҳазорҳо ватандӯстони мубориз ё зиндонӣ ва ё ба қатл расонда шуданд. Шумораи шӯришгарони ба қатл расидаро то ҳол касе дақиқ гуфта наметавонад, гарчанде аз байн бештар аз якуним аср гузаштааст. Шӯриш аввалин эътирози марговаре муқобили аҷнабиён буду чорабиниҳои мустамликадорон сахттарин ҷавоб ба ин ҳаракати одилонаи мардумӣ. Гарчанде шӯришгарон дар ҳадафи худ ноком шуда бошанд ҳам, ин аввалин талоши ҷиддии онҳо барои озодӣ ҳамчун таҷрибаи ибратбахше барои тамоми ҳиндустониён солҳои баъдина истифода шудааст. Ватандӯстони Ҳинд тамоми солҳои нимаи дуюми асри XIX бурду бохти ин шӯришро ҳаматарафа таҳлил менамуданд, то бифаҳманд, ки нокомиро сабаб чӣ бошад ва кадом бартариҳои ҳокимони зулмофар онҳоро муваффақ кардааст. Маҳз ҳамин замони таҳлили оқибатҳои шӯриши шикастхӯрда дар як вақт замони тайёрии ҷиддитаре барои ҳаракатҳои нав буд. Мустамликадорони англис беандоза бераҳмиҳои шадид намуда, шӯришро саркуб карданд ва гумон доштанд, ки пас аз ин дигар мардуми Ҳинд ҷуръат намекунад сари худро боло бардорад, эътироз кунад, муқобилият нишон диҳад, вале онҳо бехабар буданд, ки ин гумон танҳо чун орзуи дилхоҳашон боқӣ мемонад. Муфассал ...

Нақши шуури ҷамъиятӣ дар рушду ақибмондагии миллатҳо

  Дар чанд садсолаи охир омилҳои таъсиргузор дар рушду ақибмондагии миллатҳову кишварҳо мавриди омӯзиши донишмандон қарор гирифтаанд. Ин раванд баъди ба пайраҳаи рушди саноатӣ ворид шудани Британияи Кабир дар асри 18-ум оғоз шуда буд. Инқилоби санъатӣ дар ин кишвар, ки тибқи маълумоти Донишномаи “Британика” аз солҳои 1760 то 1830 давом дошт [1], ба иқтисоди он ҷаҳиши назаррас дода, сатҳи зиндагии мардум ва қудрати ҳукумати онро ба маротиб боло бурда буд. Кишварҳои дигар, чӣ рақиб ва чӣ шарики Британияи Кабир, ин тағйиротро бо диққат назорат мекарданд ва решаҳои ин комёбиҳои онро меомӯхтанд. Дар пайравӣ аз ин кишвар, дар асри 19-ум, давлатҳои зиёде аз Аврупову Амрикои Шимолӣ тавонистанд саноати худро рушд дода, ба пайраҳаи рушди устувор ворид гарданд. Ин таҷрибаро кишварҳои алоҳида дар Африқову Осиё низ такрор карданд, аммо бо таъхири зиёд ва аслан дар нимаи дуюми асри 20-ум. Аз ҷумлаи ин кишварҳо, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Ҷопон ҳанӯз дар асри 19-ум бо омӯзиши амиқи омилҳои рушди кишварҳои Аврупо дар сиёсату фарҳанги хеш ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида, ба пайраҳаи рушд ворид шуда буд. Муфассал ...

ҶОЙГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ФАРОНСА (ДАР МИСОЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН)

  Осиёи Марказӣ дар низоми сиёсати хориҷии Фаронса ҷойгоҳи хоса дорад. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба вуҷуд омадани давлатҳои нави мустақил, таваҷҷуҳи Фаронса ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зиёдтар гардид. Муфассал ...
 
http://www.zoofirma.ru/