wrapper

Конференсия ва семинар

Дурнамои вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа

      Имрӯз 15.12.2021 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Кафедраи фалсафаи назди Раёсати АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони “Дурнамои вазъи Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа (Дар ҳошияи муаррифии китоби профессор Қосимшо Искандаров “Афғонистон дар замони ҳукумати ваҳдати миллӣ”)” баргузор гардид. Муфассал ...
Хондан 338 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Барандаи ҷоизаи байналмилалии илмӣ

Таълифоти пурарзиши адабиётшиноси маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмад перомуни осори мондагори мутафаккирони барҷастаи тоҷику форс аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Манучеҳрии Домғонӣ, Фаррухии Сиистонӣ ва дигарон ҳосили ҷустуҷӯ ва заҳматҳои тӯлонии муаллиф аст, ки тавассути нашриётҳои Тоҷикистон ва берун аз кишвар ба табъ расидааст. Муфассал ...
Хондан 546 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мизи гирд дар мавзӯи “Нерӯи нарм ҳамчун воситаи бурдани ҷангҳои гибридӣ дар замони муосир”

Рӯзи 26 ноябри соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи “Неруи нарм ҳамчун воситаи бурдани ҷангҳои гибридӣ дар замони муосир” баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, марказҳои илмию таҳқиқотӣ, кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Нарзиев ва дигар ҷомеашиносону коршиносон ширкат варзиданд. Муфассал ...
Хондан 481 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Конференсияи ҷумҳуриявии илмии “Таҳқиқи масоили адабиёти дарӣ дар Тоҷикистон”

Фардо (26.11.2021. соати 10:00), бо ташаббуси Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмии «Таҳқиқи масоили адабиёти дарӣ дар Тоҷикистон», ки  ба муносибати 80 солагии адабиётшиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Қодиров Ғиёсиддин дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мешавад. Хоҳишмандон метавонанд дар ин конфронс иштирок намоянд. Муфассал ...
Хондан 407 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)