Конференсия ва семинар

- Сешанбе, 17 Декабр 2019
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
Семинар: Баррасии масъалаҳои мубрами шарқшиносии муосир
Дар семинари илмӣ, профессори Донишгоҳи Оксфорд Эдмун Ҳерзинг маъруза хоҳад кард.
Суроға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ. Муфассал ...

- Душанбе, 16 Декабр 2019
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
СЕМИНАР: ҲАМГУНАГИИ ФАРҲАНГ ВА МАДАНИЯТИ ТОҶИКУ ҲИНД
Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон 17 - уми декабри соли 2019 соати 10:00 таҳти унвони “Ҳамгунагии фарҳанг ва маданияти тоҷику ҳинд” семинари илмӣ-амалӣ баргузор мегардад.
Дар семинар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ ва дигар меҳмонон ширкат ва суханронӣ хоҳанд намуд.
Интизор меравад, ки дар он котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Гулмоҳ Шозиёева дар мавзӯи «Ҳамгунагии фарҳанг ва маданияти тоҷику ҳинд” баромад намояд.
Семинар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
Суроға: шаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 33, бинои асосии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ.

- Ҷумъа, 15 Ноябр 2019
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
Президенти Тоҷикистон - симои давлат ва давлатдории тоҷикон
15-уми ноябри соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - симои давлат ва давлатдории тоҷикон” семинари илмӣ - амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимону мутахассисон, кормандони илмӣ ва магистрони Институт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муфассал ...
- Сешанбе, 12 Ноябр 2019
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА