Конференсия ва семинар

- Панҷшанбе, 17 Январ 2019
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
Баррасии усули навиштани мақола ва рисолаҳои илмӣ
15 - уми январи соли 2019 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муҳаққиқони ҷавон ва магистрони Институти мазкур таҳти унвони “Услуб ва роҳҳои навиштани мақола ва рисолаҳои илмӣ” семинари илмӣ баргузор гардид.
Он аз ҷониби Шӯрои олимони ҷавони Институти мазкур амалӣ гардида, мақсади он омӯзонидани тарзу дурусти навиштани мақолаву рисолаҳои илмӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад.
Муфассал ...
- Сешанбе, 27 Ноябр 2018
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
МИРЗО ТУРСУНЗОДА- ШОИРЕ, КИ АЗ ҲИНД ҚИССА МЕКАРД
27 –уми ноябри соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳиндустон аз нигоҳи Мирзо Турсунзода» семинари илмӣ- амалӣ баргузор гардид.
Дар семинар директори Институт Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, ҳиндшиноси тоҷик, профессор Ҳабибулло Раҷабов, муҳаққиқи осору рӯзгори Мирзо Турсунзода, профессор Шоҳзамон Раҳмон ва дигар олимону пажӯҳишгарон иштирок ва суханронӣ карданд.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 23 Ноябр 2018
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
Семинар: Ҳиндустон аз нигоҳи Мирзо Турсунзода
Ба таваҷҷуҳи донишмандон, пажуҳишгарон ва хоҳишмандон расонида мешавад, ки 27-уми ноябри соли 2018 соати 10:00 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Ҳиндустону Тоҷикистон ба муносибати 25 соли равобити дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон таҳти унвони «Ҳиндустон аз нигоҳи Мирзо Турсунзода» семинари илмӣ баргузор мегардад.
Дар семинар директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош ва дигарон ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.
Шоҳрамазон Раҳмонов дар мавзӯи "Ҳиндустон аз нигоҳи Мирзо Турсунзода" баромад хоҳад кард.
Семинар дар толори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.
PS: Дар ҳамоиш иштироки кормандон, аспирантон ва магистрони Институт ҳатмист.
Муфассал ...
- Сешанбе, 23 Октябр 2018
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
Афкори фалсафии Маҳатма Гандӣ
23 - юми октябри соли равон дар Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-уми соли равобити дӯстӣ, 14-умин семинари илмӣ таҳти унвони "Афкори фалсафии Маҳатма Гандӣ" баргузор гардид.
Дар семинари мазкур нахуст директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо суханронӣ намуда, меҳмононро хайру мақдам гуфт. Ниёзӣ Ёрмаҳмад дар суханронии худ зикр намуд, ки “Шахсияти Маҳатма Гандӣ дар сартосарии таърихи ҷаҳон собиқа надорад ва шахсияти ӯ барои ҷаҳон улгуи инсони ҳақгӯву ҳақталош аст”.
Муфассал ...