wrapper

Конференсия ва семинар

Мулоқот бо профессори Донишгоҳи Карл Август Готтинген хонум Ева Ортманн

Донишгоҳи Карл Август Готтинген
 
Дирӯз (17.04.2021), бо ташаббуси Шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институт омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон мулоқот бо хонуми  Ева Ортманн, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Директори Интитути эроншиносии Донишгоҳи Карл Август Готтинген тавассути онлайн баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот, Директори ИОМДОА АМИТ Ёрмаҳмад Ниёзӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои тарафайн суханронӣ карда, таъкид карданд, ки ҳамкориҳои мо бо Донишгоҳи Ҳумболди Берлин ду сол аст,  ки давом дорад. Дар оянда мо омода ҳастем, ки бо Донишгоҳи Карл Август Готтинген ҳамкории зич дошта бошем.
Мудири шуъбаи Аврупо ва Амрико доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова ибрози ақида намуданд, ки дар Донишгоҳи Карл Август Готтинген соли 2007-ум тавассути Хадамоти академикии Олмон (DAAD) ба ин Донишгоҳи бонуфуз сафари илмӣ дошта барои “Лоиҳаи беҳтарин” ба гирифтани стипендияи ҳамин Донишгоҳ мушарраф шудаанд.
Ногуфта намонад, ки  Донишгоҳи Карл Август Готтинген яке аз Донишгоҳҳои қадимаи шӯҳратдошта дар Саксонияи поён ба ҳисоб меравад.
Шаҳри Готтингенро ҳамчун шаҳраки «Хурду бузург» шаҳраки «Донишҷӯён»  мешиносанд.  Ба назари ман, ин шаҳри «Пироҳани сабз» дар бар карда мебошад. Ба вазъи экологияи хеш шаҳрвандон хело боаҳамият буда, асосан бо дучарха роҳ мегарданд.
Шоҳ Георгиа Август ҳамонзамон сарвари Ҳанновер донишгоҳҳои Готтингенро дар соли 1837 бунёд намуд ва номи худ, яъне Георгиа Августро гузошт. Заминаи комёбӣ ва шарафу эътибори Донишгоҳи Готтинген ба мушовири махсус, сиёсатмадори хирадманд, сарвазир Герлах Адолф фон Мюнҳаузен мутааллиқ мебошад.
Бояд махсус зикр намуд, ки Донишгоҳҳои Готтинген ва Академияи Карл Август аз соли 1810 сар карда то соли 1933 шарафи дарёфти унвони «Маркази табиатшиносӣ – илмии ҷаҳон»  гардида аст.
Бояд махсус таъкид кард, ки ба саҳифаҳои мушкилтарини таърихи Донишгоҳ нигоҳ накарда, роҳи ҳаёти 40 барандагони ҷоизаи Нобелӣ бо Донишгоҳи Карл-Август Готтинген пайвандӣ дорад. Пас аз ҷанг дар соли 1945 Донишгоҳи Георгиа Август дубора Донишгоҳи нахустини олмоние мегардад, ки шумораи рекордии донишҷӯёнро қабул намудааст, яъне 5000 донишҷӯ дар он замон асосан танҳо дар 3 факулта таҳсил мекарданд.
Дар айни замон дар Институти эроншиносӣ донишҷӯён баъди он ки Тоҷикистон истиқлоли хешро ба даст овард ба мавзӯъҳои тоҷикшиносӣ машғул шуданд.
Ман шоҳиди он будам, ки донишҷӯёни Донишгоҳи Карл Август Готтинген аз сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдулло Рӯдакӣ сар карда то ашъори Турсунзодаву Лоиқу Бозор шеър мегӯянду таҳқиқ мекунанд.
Зимни мулоқот дар фарҷоми сухан бо хунуми профессори Донишгоҳи номбурда Ева Ортманн ибрози ақида намудем, ки мо омода ҳастем донишҷӯёни Донишгоҳи Карл Август Готтингенро ба “Курсҳои тобистона” даъват намоем.
 
д.и.т., профессор Санавбарбону Воҳидова
мудири Шуъбаи Аврупо ва Амрико
Муфассал ...
Хондан 371 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Меҳмонони фаронсавӣ дар Институти Осиё ва Аврупо

Дирӯз (14.04.2021), дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аташеи фарҳангии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хонум Лола Рожес ва директори минтақавии Осиёи Марказии Фаронса дар Бишкек Адрман Фов ташриф оварданд. Муфассал ...
Хондан 426 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Рушди сайёҳӣ, ҳамчун қисми стратегияи миллии Тоҷикистон

Бо ҳамин ном 13 апрели  соли 2021 дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, семинари илмӣ-амалӣ, бо  ҷалби мутахассисони  соҳавии  давлатӣ ва ширкатҳои  сайёҳии ғайридавлатӣ, баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонони зерин иштирок ва суханронӣ намуданд: Қодирзода Сайёд - намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Олимҷон Алимурзаев менеҷери лоиҳаи “Hi Central Asia” ва Идиев Усмон менеҷер оид ба маркетинг ва савдои ширкати  сайёҳии  “Go Travel Tajikistan”. Муфассал ...
Хондан 544 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

 Рушди сайёҳӣ ҳамчун стратегияи миллии Тоҷикистон

Шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 13 апрели  соли 2021  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 - 2021), гузаронидани  семинари  илмӣ – амалиии  дохилиидоравиро  дар  мавзӯи “Рушди сайёҳӣ ҳамчун стратегияи миллии Тоҷикистон” (“Развитие туризма как часть национальной стратегии Таджикистана”) ба нақша  гирифтааст.
Дар чорабинии  мазкур  мутахассисони зерини  соҳа  иштирок  ва  суханронӣ  менамоянд:
  1. Усмон Идиев - намояндаи ширкати сайёҳии Go Travel Tajikistan
  2. Олим Алимурзаев - намояндаи ширкати сайёҳии  HI Central Asia (HICA).
Инчунин, иштироки  намояндаи  Кумитаи  рушди  сайёҳии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  назар  аст.
 
Шуъбаи  Осиёи Марказӣ      
 
 
 
 
 
 
Муфассал ...
Хондан 479 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)
 
http://www.zoofirma.ru/