wrapper

Конференсия ва семинар

Меҳмонони олмонӣ дар Институти Осиё ва Аврупо

Бо ташаббуси Шуъбаи Аврупо ва Амрико вохӯрӣ бо намояндагони Хадамоти Академияи Олмон дар Тоҷикистон хонум - доктор Улрике Миттер ва ёрдамчии хадамоти мазкур, хонум Паулина Ҳейне бо роҳбарияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Муфассал ...
Хондан 365 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Амнияти иттилоотӣ – амнияти миллист

Суҳбате доштем дар ин мавзӯи хеле муҳим ва то андозае мушкилоти калидӣ, бо яке аз журналистони варзидаи кишвар Хуршеди Андам, ки манзури хонандагони азиз мегардонем. Хуршеди Андам соли 1993 дар ҳафтаномаи «Наврӯзи Ватан» - ба ҳайси муҳаррир ва муовини сармуҳаррир, соли 1996 дар телевизиони Тоҷикистон, Сарредаксияи филмҳои мустанад – «Телефилм» ба сифати муҳаррир ва муҳаррири калон ифои вазифа кардааст. Аз моҳи июни соли 1997 фаъолияти эҷодии худро ҳамчун хабарнигор дар дафтари намояндагии ИРНА дар Тоҷикистон идома додааст. Соли 2002 ба ҳайси хабарнигори намояндагии Радиои Би Би Си дар Тоҷикистон пазируфта шуд. Сентябри соли 2009 ба Дафтари намояндагии Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ ба кор даъват гардид ва январи соли 2011 директори ин Радио дар Тоҷикистон таъйин шуд. Солҳои 1995 -1996 ҳамчун устод дар кафедраи забону адабиёти байнифакултавии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Соли 2002 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллӣ ва соли 2010 дар факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе аз фанни журналистика ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Хуршед Андамов соли 2017 дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия дар мавзӯи «Ҷойгоҳи маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар низоми бавуҷудомадаи матбуоти тоҷики солҳои 20 – 30 –и садаи ХХ» рисолаи номзадӣ дифоъ карда ва номзади илми филология бо ихтисоси журналистика мебошад. Ҳоло докторанти Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар АМИТ «Ховар» фаъолият дорад. Муфассал ...
Хондан 432 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Мирзо Турсунзода ва кишварҳои Шарқ

Мувофиқи қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 01.02.2021 таҳти рақами №08, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо 30-юми апрели соли 2021 бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110-солагии зодрӯзи устод Мирзо Турсунзода Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро таҳти унвони «Мирзо Турсунзода ва кишварҳои Шарқ» баргузор менамояд.
Хондан 429 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Эҳё ва дурнамои рушди устувори Тоҷикистон дар давраи баъд аз COVID-19  

Дар нишасти илмии навбатие, ки ба таърихи 23 феврали соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо доир гардид, масъалаҳои марбут ба таъсири буҳрони COVID-19 ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои Осиё ва Аврупо, аз ҷумла Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нишасти мазкур дар доираи нақшаи кории Институт бо ташаббуси шуъбаи Аврупо ва Амрико доир карда шуд.
Хондан 678 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)