Конференсия ва семинар

- Сешанбе, 10 Ноябр 2020
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
Ҷанбаҳои асосии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо (дар ҳошияи Конфронси байналмилалии илмӣ - амалӣ)
30-юми октябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи Осиёи Марказии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои асосии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо” бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ баргузор гардид, ки дар кори ин конфронси байналмилалӣ ҳайати роҳбарият ва ходимони илмии Институт, докторантону магистрантон, аспирантону унвонҷӯён, намояндагони институтҳои зертобеъи АМИТ ва олимону устодони донишгоҳҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Муфассал ...

- Панҷшанбе, 29 Октябр 2020
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
“Ҷанбаҳои асосии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо”
Рӯзи 30-юми октябри соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ҷанбаҳои асосии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо”, бо ташаббуси шуъбаи Осиёи Марказии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор мегардад.
Муфассал ...

- Ҷумъа, 16 Октябр 2020
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
Мирзо Турсунзода адиби сулҳпарвар ва пайвандгари халқҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна
Имрӯз, 16-уми октябри соати 10:00 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ семинари илмӣ-омавӣ дар мавзӯъи «Мирзо Турсунзода адиби сулҳпарвар ва пайвандгари халқҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна» баргузор гардид. Дар семинар дӯстдорони илму адаб, кормандону магистрантҳои Институт ширкат варзиданд.
Муфассал ...

- Чоршанбе, 07 Октябр 2020
- Конференсия ва семинар
- Муаллиф: ИОМДОА
Вохӯрии маъмурияти Институти Осиё ва Аврупо бо магистрантону докторантҳо
Санаи 7-уми октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии маъмурияти Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо докторантону магистрони Институт сурат гирифт.
Муфассал ...