wrapper

Конференсия ва семинар

“Роҳҳои навиштани лоиҳаи муваффақ”

Имрӯз, 25 сенятби соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи Аврупо ва Америка семинари илмӣ-омавӣ дар мавзӯъи “Роҳҳои навиштани лоиҳаи муваффақ” баргузор гардид. Дар семинар кормандони Институт ширкат варзиданд. Муфассал ...
Хондан 651 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Тавоно бувад ҳар ки доно бувад

19 августи соли 2020 дар толори шуъбаи Ҳиндустони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрӣ - семинаре бо Азизҷон Азимӣ, магистри донишгоҳи Гарварди ба номи Ҷон Кеннедӣ, стипендианти Донишгоҳи Стенфорди ИМА ва роҳбари Маркази таълимии зеҳни маснуъӣ (искусственный интеллект) Tajrupt баргузор гардид. Муфассал ...
Хондан 986 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(1 Овозҳо)

Пресс-релиз барои намояндагони воситаҳои ахбори умум оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 (27 июли соли 2020, соати 08.30, маркази ҷумҳуриявии матбуот)

   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар  нимсолаи якуми  соли 2020 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда,  нерӯи илмиро барои  тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва  дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Муфассал ...
Хондан 780 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

«Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ»

Бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 20 марти соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ - омавии «Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун падидаи ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» доир гардид, ки дар кори ин ҳамоиш ҳайати роҳбарияти Институт ва дигар кормандону меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд. Муфассал ...
Хондан 1016 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)