wrapper

Конференсия ва семинар

Семинари илмии ҷонибҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавзӯи “Мушкилот ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа ва роҳҳои ҳалли он: назар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон”

  29 марти соли 2022 семинари маҷозӣ зери унвони “Мушкилот ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа ва роҳҳои ҳалли он: назар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” баргузор гардид.
Хондан 345 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

ТАЪЛИМИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ-АВВАЛИН ҲАЛҚАҲОИ ИБТИДОИИ ТЕРРОРИСТӢ

15.02.2022                                                         ш. Душанбе
Хондан 371 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

"Шарқшиносон" сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар Паёмро баррасӣ намуданд

Имрӯз 24.12.2021, дар маҷлисгоҳи Кафедраи забонҳои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии  ҲХДТ дар АМИТ "Шарқшиносон"-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ҷаласаи навбатӣ доир намуд. Муфассал ...
Хондан 504 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо”

Рӯзи 22 декабри соли 2021 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” баргузор гардид. Дар ҳамоиш вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи  ватанӣ  ширкат варзиданд.  Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ кушода, иштирокчиёни  нишасти илмию амалиро  хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки дар ҳамоиш масъалаи хеле муҳим–арзёбии  рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамои он  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор мегирад. Имрӯз дар ин толор олимону мутахассисон ва намояндагони идораҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ ҳузур доранд ва  умеду  бовар дорам, ки ин суҳбати илмӣ барои ҳалли мушкилот ва ҳадафҳое, ки дар назди  ин конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ қарор доранд,  мусоидат хоҳад кард.  Тавре мегӯянд,  “ҳақиқат зодаи баҳс аст” ва мо низ бар он назарем, ки дар ҷараёни суҳбатҳо аз ҷониби ширкаткунандагони муҳтарами нишасти илмии имрӯза масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур мавриди таҳлил қарор гирифта, доир ба роҳҳои ҳаллу фасли онҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид ва созанда пешниҳод мегарданд. Муфассал ...
Хондан 323 маротиба
Баҳодиҳии мавод
(0 Овозҳо)