wrapper

Хабарҳо

   Пеш аз ҳама бояд муайян кард, ки мақолаи илмӣ чист. Мақолаи илмӣ як ё якчанд масъалаи ба ҳамдигар вобастаи ин ё он мавзӯъро дар бар мегирад. Метавон гуфт, ки мақолаи илмӣ як таҳқиқоти кӯчак оид ба мавзӯи маҳдуде мебошад.

   Мақолаи илмӣ бояд баррасии муаллиф, хулосаҳо ва тавсияҳоро дар бар гирад. Яъне мақолаи илмӣ пеш аз ҳама дорои навоварӣ буда, натиҷаҳои таҳқиқоти мақола на бояд қаблан нашр шуда бошанд.

    Мақолаи илмӣ ҳаҷман то 30 саҳифа буда, мавзӯеро бо равиши мантиқӣ баррасӣ ва исбот мекунад. Шарти муваффақияти мақолаи илмӣ якпорчагӣ ва чаҳорчуби мантиқӣ он мебошад. Барои он, ки мақолаи илмӣ том ва мантиқӣ бошад, бояд марҳилаҳои зерин қадам ба қадам тай карда шавад:

 

   1. Интихоби мавзӯъ;

   2. Ҷустуҷӯи манбаъҳо;

   3. Ёддоштбардорӣ;

   4. Ба тартиб даровардани ёддоштҳо барои тарҳрезии мақола;

   5. Сиёҳнависи матни мақола дар асоси нақшаи тарҳрезишуда ва ёддоштҳо;

   6. Асоснок кардани далелҳо дар поварақ ё охири мақола;

   7. Рӯйхатти адабиётҳои истифодашуда;

   8. Сафеднавис кардани мақола.

   1. Интихоби мавзӯъ

   Дар интихоби мавзӯъ ба ин нуқтаҳо диққат додан лозим аст. Мавзӯи мақола бояд аҳмияти илмӣ дошта бошад ва барои хонандагон ҷолиб бошад. Бояд хонандаро дар назар дошт, ки ӯ манзури мақоларо мефаҳмад ё не. Бояд ҳатман мавзӯъро пурра омӯхт. Дар як мақолаи кӯтоҳ мавзӯъҳои васеъро таҳқиқ кардан имкон надорад. Бояд мавзӯи куллиро ҷузъӣ кард.

   2. Ҷустуҷӯи манбаъҳо

   Пас аз интихоби мавзӯъ нуктаҳоеро, ки барои таҳқиқ аҳамият доранд ба тартиби муайян дар коғазҳои алоҳида ё таҳти рақамҳои тартибӣ сабт бояд кард.

   Мақсад аз ёддошт бардорӣ кумак ба ҳофиза ва бовари ҳосил кардан ба дурустии матолиб ва пешгирӣ аз плагиат аст. Яъне ба ин восита нависанда ҳангоми истифода аз фикрҳои дигарон ба манбаъҳо ишора мекунад ва манбаи онро дар поварақ ё рӯйхатти адабиёт нишон медиҳад.

   3. Ба тартиб даровардани ёддоштҳо барои тарҳрезии мақола

   Пас аз ёддоштбардорӣ онро ба тартиб даровардан лозим аст. Ҳар як ёддоштро аз рӯйи дар сохтори мақола омаданаш номгузорӣ ё рақамгузорӣ карда, пайи ҳам гузоштан лозим аст.

   Сохтори мақолаи илмӣ

   Мақолаи илмӣ аз чунин қисматҳои асосӣ иборат аст: Сарлавҳа, аннотатсия, вожаҳои калидӣ, муқадима, қисмати асосӣ, хулоса (хулосаҳо, таҳлил, умумикунӣ, нақд).

   Сарлавҳа

   Сарлавҳаи мақола бояд ин ду вазифаро иҷро намояд: мундариҷаи мақоларо инъикос намояд ва диққати хонандаро ҷалб кунад.Агар сарлавҳа аз чанд калимаи калидӣ иборат бошад беҳтар аст. Ва ин чунин то ҳадди имкон мухтасар бошад. Сарлавҳаи пурдабдаба ва моҷароҷӯёна барои матнҳои рекламавӣ ва ахбор хуб аст, аммо барои мақолаи илмӣ лозим нест.

   Агар масъалаи мақола нав набошаду шумо мехоҳед баъзе ҷанбаҳои онро ба таҳқиқ кашед, он гоҳ бояд дар сарлавҳа “Дар масъалаи...”, “Оид ба...” – ро зикр кунед.

   Аннотатсия

   Баъд аз сарлавҳа аннотатсия – тавсифи фишурдаи мақола меояд. Аннотатсия бояд мухтасар, аммо пургунҷоиш бошад. Аннотатсия бештар дар ҳаҷми 4-5 ҷумла тавсия мешавад. Дар аннотатсия маълумоти мухтасар дар бораи муаллиф/муаллифон, масъалаи илмии баррасишаванда, ҳадаф ва хулосаҳои муҳимтарин дода мешавад. Аннотатсия бояд аз иқтибосҳо ва далелҳои ба ҳама маълум иборат набошад. Он бояд бо забони сода ва фаҳмо, бо ҷумлаҳои кӯтоҳ ва бешахс ( баррасӣ шудааст, кашф шудааст, муқарар гардида аст) навишта шавад.

   Аннотатсия ду вазифаи асосиро иҷро мекунад: ба хонанда кумак мекунад, ки дар бораи мақола тасаввурот пайдо карда, донад, ки хондани мақола барои ӯ муҳим аст ё не. Хамчунин фикри худро ба самти мантиқи мақола равон созад.

   Вожаҳои калидӣ

   Вожаҳои калидӣ дар мақола як навъ калиде ҳастанд барои ҷустуҷӯ. Калидвожаҳо метавонанд рӯҳияи умуии мақола, хулосаҳо ва истилоҳотро инъикос намоянд. Онҳо бояд барои инъикоси мундариҷа ва ҷустуҷӯи он арзиш дошта бошанд. Ба сифати калидвожаҳо метавонанд ҳам калимаҳои алоҳида ва ҳам таркибҳо истифода шаванд. Одатан барои калидвожа 5 -10 вожа кифоя аст.

Таҳияи

Кайхусрави Субҳонзод

Последнее изменение Чоршанбе, 30 Май 2018
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Сад сарчашмаи фарҳангӣ

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/