Нусхаи чопи
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Малдив, 26 июл 1965
   Истиқлолият ва худмухтории ҳар кишвар пурарзиштарин ва волотарин мақомест барои мардум ва аҳолии он. Барои дарёфти он сокинони он шабонарӯзӣ талош ва ҷаҳд мекунанд. Дар қорраи Осиё кишваре ҷойгир аст, ки бо талошу заҳамоти зиёд мардуми он неъмати истиқлолро ба даст оварданд. Ин кишвар Малдив ном дорад.
   Бояд қайд кард, ки Малдив яке аз кишварҳои Осиёи ҷанубӣ буда, дар ҷанубу ғарби Ҳиндустон ҷойгир аст. Шаҳри Мола пойтахт ин кишвар буда, мувофиқи маълумот он дар забони санскритӣ ба маънои «хонаи мо» ё «қасри подшоҳ» ишора шудааст. Аҳолии ин кишвар зиёда аз 402071 буда, воҳиди пули он руфияи молдив аст. Забони мардуми он дивеҳӣ аст, ки монанд ба забони синҳолӣ мебошад. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ мардуми ин кишвар замоне тобеияти Шриланка ва Ҳиндустонро дошта, қавмиятҳои арабӣ низ дар онҳо вуҷуд дорад. Малдив ҳам аз нигоҳи аҳолӣ ва ҳам масоҳат хурдтарин кишвари қораи Осиё мебошад, ки 26-уми июли 1965 аз Британия озод шуда, расман чун кишвари мустақил худмухтории худро эълон кард.
   Мавриди зикр аст, ки корбурд ва ҳокимияти англисҳо то соли 1965 дар ин кишвар идома ёфт, ки мардуми он як муддат зери шоҳигарии султонӣ умр ба сар мебурданд. Дертар англисҳо низоми монархияи қонуниро ҷорӣ карданд. Дар ин кишвар Султон Маҷид Дидӣ аз соли 1944 то 1952 ҳукмронии Молдивро ба дӯш дошт ва баъди вафоти вай ин мансаб ба зиммаи Муҳаммад Амин Дидӣ гузашт. Дертар бо машварати порлумони ин кишвар вайро ба ҳайси аввалин раиси ҷумҳури мунтахаб қабул карданд, ки тавассути ӯ қавонини собиқаи салтанатӣ бекор шуд ва дар қонуни кишвар ислоҳот ворид гардид.
   Ҳамзамон, дар инҷо кудатҳо сурат гирифт ва аз тариқи овоздиҳӣ мардум дубора низоми салтанатиро қабул карданд, ки дар натиҷа, соли 1954 Муҳаммад Фарид Дидӣ чун султон дар инҷо пазируфта шуд. Солҳои 1968 то 1978 Иброҳим Носир собиқ сарвазири ин кишвар ба ҳайси раиси ҷумҳур ифои вазифа кард. Баъд аз тағйирот ва ислоҳоти зиёд дар кишвар Иброҳим Носир зимоми қудратро ба устоди донишгоҳ ва сафири ин кишвар дар СММ Маъмун Абдуқаюм вогузор кард, ки аз 1978 то 2008 амуроти давлатдории ин давлатро сарварӣ кард. Аз соли 2008 то 2012 раёсати умури ин кишварро Муҳаммад Нашид идора кард. Аз соли 2013 то ҳол сарварии ин кишварро Абдулло Ямин Абдуқаюм ба уҳда дорад, ки тибқи сарчашмаҳо бародари Маъмун Абдуқаюм мебошад.
   Тибқи баъзе маълумот ин кишвар дорои ҷазираҳои зиёде буда, макони хубе барои шиноварон ва сайёҳон аст. Дар он танҳо 9 ҷазира бо масоҳати аз 2 км2 калонтар мавҷуд аст. 200 ҷазираи он маскунӣ буда, 88 дигар дорои иқоматгоҳҳои сайёҳатӣ мебошанд.
   Мола бузургтарин шаҳр ва маркази тиҷоратии он аст, ки бо кишвари Шриланка сарҳади обӣ дорад. Ҳавои он муътадил буда, дорои ду фасл-хушкӣ ва боронӣ мебошад.
   Низоми давлатдорӣ ҷумҳуриявӣ буда, бо аксари кишварҳои дунё равобити хуб дорад. Ин кишвар аз бунёдгузорони созмони минтақавӣ (SAARC) мебошад, ки ҳадафи асоси он рушди фарҳанг, адаб, тиҷорат ва сайёҳатӣ минтақа мебошад.
   Бояд қайд кард, ки иқтисоди асосии он ба пояи кишоварзӣ, моҳигирӣ ва сайёҳат устувор аст. Дар Молдив кишти донаи арзан, картошкаи ширин ва меваҷот роҳандозӣ шудааст. Санъати киштисозӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле равнақ ёфтааст, ки метавон онро ба Тоҷикистон омӯзиш дод. Ин кишвар дар санъати сайёҳат ва гардишгарӣ таҷриба хуб дошта, дорои меҳмонхонаҳои хос барои сайёҳон аст, ки меҳмонон мустакиман аз фурудгоҳ ба онҷо бидуни тарсу ҳарос ворид мешаванд. Тибқи сарчашмаҳо 80 фоизи иқтисоди онро вуруди сайёҳон ташкил медиҳад, ки аксари он аз Чин мебошанд.
   Дар ниҳоят бояд қайд кард, ки Малдив ҷазираи зебоест, ки дорои таҷриба ва санъати хуби сайёҳатӣ буда, метавон тавассути он даричаи наверо дар шинохти кишваршиносӣ ва минтақашиносӣ боз кард, ки заминаи хуберо барои рушд ва кашфи илмӣ барои аҳли сайёра хоҳад буд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
корманди Институт