wrapper

Хабарҳо

 
Дар Ӯзбекистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонони бекор лоиҳаи "100 андеша (идея) барои Ӯзбекистон" рӯи кор гирифта шуд. Таҳти раёсати Президент конфронси видеоӣ баргузор гардид, ки дар он тадбирҳои таъмини шуғл ва ташкили истироҳати судманди ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи мазкур ҳолати ҷойҳои холии корӣ, ҳалли мушкилоти бекорӣ танқид гардид. Масалан, дар Тошканд 26 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пойтахт 77 ҳазор ҷойҳои кории холӣ мавҷуданд, ки 45 ҳазори он доштани маълумоти олиро талаб намекунанд. Сарвари давлат қайд кард, ки чунин ҷойҳои холии кориро бо роҳи омӯзонидани ҷавонон аз рӯи касбҳо ва додани категорияҳои тахассусӣ пур кардан мумкин аст.
Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супориш дода шудааст, ки дар моно-марказҳои "Ишга Марҳамат", инчунин дар як қатор мактабҳои олӣ ва соҳаҳои калони саноат марказҳои баҳодиҳии тахассус таъсис дода шаванд. Зикр гардид, ки имсол аллакай 30 ҳазор нафар ҷавонписарон ва духтароне, ки соҳиби шаҳодатномаҳои тахассусӣ гаштаанд, бо кор таъмин карда мешаванд.
Оид ба ҷудо кардани субсидия барои харидории технология ва таҷҳизоти хурд ба ҷавононе, ки майли шуғл ба тиҷорати худро доранд, инчунин расонидани кӯмак ба бекорон ҳангоми пардохти қарз супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Яке аз захираҳои муҳим дар таъмини шуғл ҷудо кардани замин барои кишоварзӣ мебошад. Аммо, аз 14 ҳазор ҷавононе, ки соли гузашта барои гирифтани замин муроҷиат кардаанд, танҳо 3 ҳазорашон қитъаи замин дастрас намуданд.
Ба муовини сарвазир супориш дода шуд, ки барои ба кишоварзӣ шуғл кардани ҷавонон тартиби аз ҳар 10 гектар замини кишт 1 гектар ҷудо карданизамин ҷорӣкунад.
Инчунин барои ба истифодаи ҷавонон додани қитъаҳои заминҳои эҳтиётии бо чоҳҳо ҷиҳозонидашуда, ҷудо кардани қарзҳо барои лимӯпарварӣ, заргӯшпарварӣ, паррандапарварӣ ва занбуру асалпарварӣ супоришҳо дода шуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ташкили самараноки вақти холии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияти онҳо низ муҳокима карда шуданд.
Вазифа гузошта шуд, ки фарогирии ҷавонон бо мактабҳои мусиқӣ ва рассомӣ, марказҳои фарҳангӣ ва осорхонаҳо то ба 30 фоиз боло бурда шавад. Барои ин дар соли 2021 ҷудо намудани 150 миллиард сум аз буҷаи давлат пешбинӣ шудааст.
Дастур дода шуд, ки барои шиносоии ҷавонон бо мероси ғании фарҳангии ниёгонамон дар мактабҳои минтақаҳои дурдаст маҳфилҳои намунавӣ таъсис ва дар байни онҳо сайёҳии дохилӣ рушд дода шавад.
Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки дар асоси азхудкунии васеи тарзи ҳаёти солим шумораи аҳолии бо варзиш машғулшуда то 25 фоиз, аз ҷумла ҷавонон то 20 фоиз боло бурда шавад. Барои бо таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз кардани боғчаву мактабҳо аз буҷа 100 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст.
Ба вазоратҳои дахлдор супориш дода шуд, то дар мактабҳо 20 ҳазор бошгоҳҳои варзишӣ ташкил ва федератсияҳои варзишию ғолибони мусобиқаҳои байналмилалиро ба таълимгоҳҳо вобаста кунанд, ҷавононро ба варзиши касбӣ ҷалб намоянд.
Имрӯзҳо ҷавонон ба технологияи муосир таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Соли гузашта беш аз 10 ҳазор нафар ҷавонон дар 5 филиали IT-парк ва марказҳои таълимии технологияҳои рақамӣ таълим гирифтанд.
Таъкид гардид, ки барои васеъ кардани миқёси ин иқдомот, кушодани IT-клубҳо ҳадди аққал дар як мактаби ҳар як ноҳия муҳимбуда, ташкили боз 100 маркази технологии рақамӣ ва омӯзиши 20 ҳазор ҷавон дар соҳаи барномасозию соҳибкорӣ пешбинӣ карда шавад.
Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои дастгирии иҷтимоии ҷавонон диққати махсус дода шуд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар 129 донишгоҳ беш аз 500 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд, аммо онҳо бо хобгоҳҳо ба қадри кофӣ таъмин карда нашудаанд. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки шумораи хобгоҳҳоро зиёд кунанд.
Бо мақсади муайян кардани ҷавонони боистеъдод, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббус ва ниятҳои онҳо сарвари давлат пешниҳод кард, ки лоиҳаи "100 андеша барои Ӯзбекистон" амалӣ карда шавад. Лоиҳа барои татбиқи андешаҳои ҷавонони ташаббускори шаҳру деҳот дар соҳаҳои иқтисод, маориф, варзиш, тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Инчунин барои зиёд кардани музди меҳнати кормандони шуъбаҳои минтақавӣ ва ноҳиявии Агентии кор бо ҷавонон, пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуданд. Муқаррар карда шуд, ки минбаъд роҳбарони бахшҳои вилоят, шаҳру ноҳияҳо тавассути матбуоти маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро дар бораи мушкилот ва масъалаҳои ҷавонон огоҳ хоҳанд кард. Соҳибкорон, ташкилотчиён ва роҳбароне, ки дар таъмини шуғли ҷавонон аз ҳама фаъолтаранд, ҳавасманд карда мешаванд.
https://review.uz/post/tadbirkorligini-boshlamoqchi-bolgan-yoshlarning-mini-texnologiya-va-uskunalar-xarid-qilishi-uchun-subsidiya-ajratiladi 28.01.2021
 
Ходими илмии шуъбаи Осиёи Марказӣ
Шозедов Х.
 
 
http://www.zoofirma.ru/