Нусхаи чопи
Яке аз хусусиятҳои асосии миллати тоҷик доштани ҳисси мустақилӣ ва озодихоҳӣ буда,  дар тамоми давраи мавҷудияти худ барои ҳифзи он ҷоннисориҳои зиёд намудааст.
Ба  ин асос, дар тӯли таърихи гузаштаи хеш миллати тоҷик ба ҳуҷумҳои бераҳмонаи душманони худ дучор шудааст. Гузаштаи  пурифтихори  мо намегузорад, ки  миллатамон тобеъ ва дастнигари миллатҳои дигар бошад.
Дар замони  муосир доштани истиқлолияти сиёсӣ яке аз рукнҳои асосӣ дониста мешавад, дар ғайри он хеҷ миллате бақои худро ҳифз карда наметавонад. Бинобар ин, барои ҳар як фард фаҳмиши доштани истиқлолияти сиёсӣ амри ногузир мебошад.
Ба ин нукта  Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо ишора кардаанд. Ҳар як сокини кишвар бояд ба қадри истиқлолият бирасанд ва онро чун «гавҳараки чашм» ҳифз  намоянд.
Тавре аз саҳифаҳои  таърихи аввали  солҳои 90 – уми асри гузашта маълум аст, «табаддулот»-и бебарори 19-21 августи соли 1991 дар Маскав, Кумитаи давлатии вазъи фавқулодда (КДВФ — ГКЧП) ташкил гардид ва он барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро тезонид. Аз ин истифода карда, 15  кишвари  Иттиҳоди  Шӯравӣ  барои  ба  даст овардани  Истиқлолият  талош   намуданд.  Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ  ба чунин  амал даст зад.
Дар зери таъсири бозсозӣ муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлолияти кишвар аз нав сар шуд. Гирдиҳамоиҳои оммавӣ дар Душанбе ва баъзе шаҳрҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардиданд ва эълон намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд.
Дар натиҷа, 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон»-ро  қабул  намуд. Рӯзи 9 сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон» ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.
Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Конститутсияи нави соли 1994  қабулгардида сохтани кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро  дар кишвар  эълон намудааст.
Вале, бадхоҳони миллат кишвари тоза соҳиби истиқлол гардидаро ба  ҷанги шаҳрвандии бародаркуш  кашиданд,  ки  солҳои  1992 – 1997 – ро дарбар  гирифт. Аммо фарзандони ба ору номуси миллат зери роҳбарии Пешвои  миллат хатари барҳамхӯрии кишвар ва нест шудани миллатро ҳис намуда, ба ин  ҷанг  хотима  бахшиданд ва миллати тоҷик  дубора  ба ризоияти миллӣ ва ваҳдати саросарӣ расид.
Хатари нобудшавии давлати тоҷикон пешгирӣ карда шуд. Дар ин бора Пешвои  муаззами  миллат чунин гуфта буданд: «Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандин асраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад».
Имрӯз аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ризоияти миллӣ ва Ваҳдати миллӣ чораҳои гуногун дида мешаванд, зеро адами он  ҳифзи Истиқлолияти миллиро душвор мегардонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби  зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҳамчун  давлати  мустақили  соҳибистиқлол расман шинохта  шудааст.
Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид ва имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.
Ин барои ҳама  халқҳо  муяссар намешавад. Масалан  курдҳоро гирем. Имрӯз  шумораи онҳо  беш  аз  50 миллионро  дар  тамоми  ҷаҳон  ташкил  медиҳанд. Бо вуҷуди  ин онҳо  соҳиби давлати  мустақил нестанд. Аз ин лиҳоз, бо  миқдори ками аҳолӣ соҳиби давлати алоҳида будани тоҷикон,  як  музаффарияти азим аст.
Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки  кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи мост. Халқи  тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну таҳаммулпеша мебошанд.
Пешвои миллат  соҳиби давлат будан ва доштани истиқлолиятро барои тоҷикон «рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз» дониста, чунин қайд кардаанд: «Халқи тоҷик тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст.                                                                                 
Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст».
Мо дар арафаи 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолият қарор дорем, бинобар ин тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанонро бо ин иди фархунда  самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини Ватани маҳбубамон  бахту  саодати  поянда орзу дорам.
 
  Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович – ходими
 илмии шуъбаи ИДМ Институти омӯзиши
 масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
08.04.2021