wrapper

 

Аз 5 то 8 апрели соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ доир гардид. Ҳайати Комиссияро аз ҷониби Беларус Раиси палатаи савдои Беларус Владимир Улахович, вазири кишоварзӣ Дмитрий Крупко, сафири Ҷумҳурии Беларус дар Душанбе Олег Иванов, муовини вазири варзиш ва  сайёҳӣ  Михаил Портной ва роҳбарони  як  қатор ширкатҳои хусусии  ин кишвар  намояндагӣ  карданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар  кори Комиссия муовини раиси палатаи савдои Тоҷикистон Манзура Рустамова, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, намояндагони Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  мақомоти  дигар  ширкат  варзиданд.
Дар рафти ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва самтҳои дигари судманд,  мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Миёни кишварҳо меморандум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои  зикргардида   ба имзо расонида шуд.
Дар  чаҳорчӯбаи  чорабинии мазкур дар меҳмонхонаи  Hyatt Regency Dushanbe» бизнес-форуми сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Беларус  баргузор  шуд. Дар он бо даъвати  кумитаи  тадорукот кормандони шуъбаи Осиёи Марказии  ИОМДОА  АМИТ  Қурбонов Ҳокимҷон ва муаллифи  мақола   ширкат карданд.
Форуми  мазкур  аз  тарафи  намояндагони  беш аз 200 ширкатҳои гуногуни соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ ва нақлиётӣ  хуб  истиқбол  карда шуд. Дар натиҷа аз тарафи онҳо  силсила  созишномаҳои дуҷониба ва сеҷонибаи  мутақобилан  судманд  ба имзо расид.
Бояд зикр кард, ки татбиқи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварамон фоидаовар мебошад, зеро ҳарду кишвар агросаноатӣ мебошад. Дар баробари ин, Беларус дар ин самт ба дастовардҳои бениҳоят калон ноил гардидааст ва ҳамчун шарики стратегии ҷумҳуриамон метавонад барои рушди  соҳаи  кишоварзии  кишвар  саҳми  азим  дошта  бошад.
Ҳамзамон, ҷалби ҳамсоякишвари ба мо дӯст ва  бародар Афғонистони  аграрӣ ба  ин  формати ҳамкориҳои  дуҷонибаи тоҷику беларус, имконият  медиҳад,  ки   табодули  амволу таҷҳизоти агросаноатӣ  байни  Тоҷикистон – Беларус – Афғонистон   ба  марҳилаи  нави  рушд  гузаранд  ва ба ҳалли  мусолиматомезонаи  қазияи мардуми  афғон   мусоидат   намояд.
 
Қурбонов Ҳ., 
Гафуров С.,
ходимони илмии  шуъбаи ОМ
ИОМДОА  АМИТ 
 
 
 
http://www.zoofirma.ru/