wrapper

Тибқи омори Агентии маркетингӣ «ИМСИ Elim» то 1 апрели соли 2021 шумораи корхонаҳои сабтиномшуда дар Ҷумҳурии Қазоқистон 469 892 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба моҳи гузашта 1747 корхона зиёд гаштааст. Аз ҳама зиёди корхонаҳои ба қайд гирифташуда дар соҳаи иқтисод мебошанд. Аз чумла:
-савдои яклухт ва чакана;
-таъмири мошинҳо ва мотосиклҳо;
-сохтмон;
-пешниҳоди намудҳои дигари хидматҳо.
Дар давоми чор ҳафтаи охир дар Қазоқистоншумораи ширкатҳои нав - 3 813 буда, шумораи корхонаҳои барҳамхӯрда – 2132 ташкил дод.
Соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди Қазоқистон

Имрӯз самтҳои афзалиятноки рушд дар Ҷумҳурии Қазоқистон соҳаҳои зерини иқтисодиёт мебошанд: саноати маъдан ва истеҳсолот, инчунин саноати кишоварзӣ.
Моҳи апрели соли 2021 дар бозори корхонаҳои дар боло номбаршуда тағйироти зерин ба амал омаданд: дар саноати кӯҳӣ 47 ташкилот ба қайд гирифта шудааст. Дар саноати истеҳсолӣ 153 ширкат кушода шуда, 217 корхона фаъолияти худро дар бахши кишоварзӣ оғоз намуданд. Шумораи аз ҳама зиёди ташкилотҳои саноати маъдан дар моҳи апрел дар Нур-Султон ва Алмаато - мутаносибан 12 ва 9 ширкат кушода шуданд. Шумораи ташкилотҳое, ки фаъолияташонро қатъ кардаанд бештар аз ҳама дар шаҳри Алмаато - 5 ташкилот, дар вилояти Карганда - 4 ширкат, дар шаҳри Нур-Султон - 2, дар вилоятҳои Туркистон, Алмаато, Қостанай, Ҷамбул ва дар Шимкент - 1 корхона мебошанд.
Дар соҳаи саноати истеҳсолӣ шумораи зиёди корхонаҳо (аз 153) дар Алмаато, Нур-Султон ва вилояти Алмаато мутаносибан 42, 34, 17 кушода шуданд. Дар ҳоле ки 95 корхона барҳам дода шуда буд, бештар аз ҳама дар шаҳри Алмаато - 47 ва вилояти Караганда – 10 ба кайд гирифта шуд.
Дар соҳаи кишоварзӣ шумораи аз ҳама зиёди ташкилотҳо дар вилоятҳои Қазоқистони Шарқӣ ва Туркистон - мутаносибан 37 ва 36 ташкилот кушода шуданд. Ҳамзамон, дар вилояти Туркистон 19 корхона, дар вилояти Кустанай, 8 корхона дар вилоятҳои Алмаато ва Ҷамбул ва дар шаҳри Алмаато - 6 ширкат баста шуданд.
 
Савдои хориҷии Қазоқистон: содирот ва воридот

Пандемияи коронавирус ва сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ба нишондиҳандаҳои содиротии иқтисоди Қазоқистон низ таъсир расонд, ки содирот дар моҳи январи соли 2021 коҳиш ёфт.
Агар дар моҳи январи соли 2020 ҳаҷми содирот 4,3 миллиард долларро ташкил дода бошад, пас дар моҳи январи соли 2021 ин рақам 3,2 миллиард доллар баробар буд. Аз нигоҳи молу махсулот бошад, нишондиҳандаҳои содирот низ коҳиш ёфта, хачми он 525,5 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар ин самт чуғрофияи таъминоти содиротӣ низ тағийр меёбад.
Дар моҳи январи соли 2021 шумораи содиркунандагон дар даҳ самти нав зиёд шуд. Ҳамин тариқ, Шветсия, Финляндия, Филиппин, Тунис, Таиланд, Тайван, Сингапур, Гурҷистон, Ветнам ва Бразилия ба шумораи содиркунандагон дар моҳи январи соли 2021 нисбат ба моҳи январи соли 2020 илова карда шуданд.Бузургтарин истеъмолкунандагони маҳсулоти Қазоқистон - Русия, Чин, Италия ва Нидерланд мебошанд.
 
Воридоти Қазоқистон дар мохи январи соли 2021

Ҳаҷми умумии воридот дар моҳи январи соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 низ коҳиш ёфта, 19,5 миллион долларро ташкил додааст.Дар айни замон, воридот аз кишварҳои алоҳида, аз чумла, Швейтсария 50%, Фаронса - 1218%, Ҳиндустон - 30% ва Бангладеш - 26,6% афзоиш ёфт.
Нисбат ба моҳи январи соли 2020 аз Юнон, Исроил, Аморати Муттаҳидаи Араб, Шветсия воридот умуман ба кайд гирифта нашудааст. Аз ҷиҳати молу махсулот ҳаҷми воридот 165,9 миллион тонна коҳиш ёфт.
Бузургтарин таъминкунандагон барои бозори Қазоқистон маъмулан Русия ва Чин мебошанд.
 
Соҳаи истеҳсолот дар Қазоқистон

Бӯҳрони иқтисодӣ, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирусӣ ба вуҷуд омадааст, ба бахшҳои асосии истихроҷ марбут ба иқтисоди Қазоқистон таъсири бештар расонид.
Ҳамин тариқ, истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ 11%, истихроҷи ангишт ва лигнит 6,5%, рехтани металл ва дигар соҳаҳои саноати кӯҳӣ 16% коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон, дар соҳаи истеҳсолот ва саноати сабук дар муқоиса бо давраи пеш аз оғози пандемия пешрави ба назар мерасад. Ҳамин тариқ, истеҳсоли маҳсулоти тамоку 64%, истеҳсоли коғаз ва маҳсулоти коғазӣ - 77%, истеҳсоли маснуоти металлии тайёр - 72%, истеҳсоли мошинҳо ва таҷҳизот - 92,5%, истеҳсоли таҷҳизоти барқи - 198% зиёд гаштааст.
Ба ҳар ҳол дар ин давра саноати дорусозӣ, истеҳсоли компютерҳо, маҳсулоти резинӣ, пластикӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ афзоиш ба назар мерасад.Истеҳсолкунандагони чарм, маҳсулоти ғайри чармӣ ва истеҳсолкунандагони нассоҷӣ ҳаҷми истеҳсолотро ба таври назаррас коҳиш доданд.Соҳаҳои боқимонда ҳаҷми истеҳсоли худро ба ин ё он дараҷа дар сатҳи ҳаҷми соли гузашта нигоҳ доштанд.
 
Соҳаи кишоварзӣ дар Қазоқистон

Зиёда аз нисфи корхонаҳои деҳқонӣ ва фермерӣ дар вилоятҳои Алмаато ва Туркистон мутамарказ мебшанд.Масъалаи таъмин ва дастрасии маҳсулоти хӯрокворӣ ҳангоми карантин аҳамияти махсус пайдо карда, аҳамияти фавқулоддаи рушди саноати ватаниро муайян кард. Дар ин ҷо минтақаҳо нақши махсус доранд, зеро аз рӯи натиҷаҳои соли 2019, 22% шумораи умумии соҳибкорони хурд ва миёна дар 14 вилоят, ба ғайр аз шаҳрҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, дар соҳаи хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар ҳоле ки дар шаҳрҳои калон ҳиссаи деҳқонон каме бештар аз 1% -ро ташкил медод.
 
Сармоягузорӣ

Тибқи натиҷаҳои соли 2020, сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ дар кишвар аз нишондиҳандаҳои соли 2019 зиёд набуд. Дар заминаи минтақавӣ, вилояти Туркистон ва шаҳри Чимкент пешсаф мебошанд, ки нишондиҳандаҳои онҳо 1,5 баробар афзудаанд.
Атирау, ки аз ҷиҳати ҳиссаи худ дар байни минтақаҳо пешсаф буд, ҳаҷми сармоягузориро аз 34% то 27% коҳиш дод, ки ин назаррастарин коҳиши ҳиссаи он дар байни ҳамаи вилоятҳо мебошад.
Сабабҳои асосии пастшави ҳаҷми сармоягузори - ин оқибатҳои коҳиши нархҳо, ки ба фаъолияти сармоягузории истеҳсолкунандагони нафт таъсири назаррас доштанд, вобаста аст.
 
Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)

Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) тибқи натиҷаҳои соли 2020, рушди иқтисод дар Қазоқистон -2,6% -ро ташкил дод.Тибқи пешгӯиҳои мухталиф, афзоиши ММД дар соли 2021 - 2,5% хоҳад буд ва дар соли 2022 вобаста ба вазъи паҳншавии пандемияи COVID-19 ба 3,5% хоҳад расид.
 
Маҳсулоти дохилии минтақавӣ (МДМ)

Аз соли 2010 инҷониб тақсимоти саҳмияҳои маҳсулоти дохилии минтақавӣ дар сатҳи яктарафа дар ҳоли рукуд қарор гирифтааст.
Дар ин ҷо се пешсаф ба назар мерасанд, ки беш аз нисфи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилии кишвар ба онхо рост меояд - инҳо шаҳрҳои Алмаато, Атирау ва Нур-Султон мебошанд. Дар 9 моҳи соли 2020, вазъ каме хам бошад ба фоидаи минтақаҳо тағйир ёфт (ба истиснои Алмаато, Атирау ва Нур-Султон), ки ҳиссаи умумии онҳо аз 56% дар соли 2019 ба 59% дар соли 2020 афзоиш ёфт.
Аз соли 2010 инҷониб иқтисоди пойтахт босуръат меафзояд, афзоиши миёнаи солонаи он дар 10 соли охир 18% -ро ташкил дод. Баъд аз шаҳри Нур-Султон минтақаҳои ҷанубии Қазоқистон, вилоятҳои Туркистон ва Ҷамбул, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он дар як сол ба ҳисоби миёна 15-16% афзоиш ёфтааст, пайравӣ мекунанд.
Дар рӯйхати пешсафон аз рӯи динамикаи рушд вилоятҳои Ҷамбул, Туркистон, Қазоқистони Шимолӣ ва Акмола карор доранд. Рушди иқтисодиёти минтақавӣ, пеш аз ҳама, андешидани чораҳои қатъии сохториро тақозо мекунад, ки дар онҳо имкониятҳои инсонӣ ва истеҳсолӣ дар шаҳрҳо ва деҳаҳои дур аз марказ ба назар гирифта мешаванд.
 
Тамоюлҳои рушди иқтисодӣ

Саноат ва савдо пешбарандаи ҳам иқтисодиёти давлатӣ ва ҳам минтақавии кишвар боқӣ мемонанд. Имрӯз онҳо беш аз 40% ММД Қазоқистонро ташкил медиҳанд.
Саноати истеҳсолӣ ҳиссаи худро афзоиш дода, аз марҳилаи 12% пеш гузашт. Ҳиссаи сохтмон, нақлиёт ва анборҳои алоҳида ҳанӯз ҳам камтар аз 10% -ро ташкил медиҳад, аммо бо вуҷуди ин, соҳаҳо барои афзоиши ҳиссаи худ дар ММД дар пасманзари миқёси ҳозираи ҳам ташаббусҳои давлатӣ ва ҳам хусусӣ имкониятҳои воқеӣ доранд.
Тақсимоти нафарони шуғлнок аз хисоби ахоли дар намудҳои гуногуни фаъолияти иқтисодӣ метавонад муждадиҳандаи тағийроти имконпазир дар оянда гардад.
Дар байни солҳои 2010 ва 2019, шумораи коргарон дар соҳаи хизматрасонии манзилӣ ва хӯрокворӣ тақрибан ду баробар афзудааст, ки ин ба соҳаҳои фаъолияти молиявӣ ва суғурта низ дахл дорад. Фонди кормандони сегменти фаъолияти илмию техникӣ, санъат, соҳаи дилхуши ва фароғат беш аз якуним баробар афзудааст.
Соҳаҳои бузурги иқтисод дар мукоиса бо хизматрасони дар сохаи манзил ва хӯрокворӣ натичахои назаррас надоранд. Яке аз сабабҳо, эҳтимолан суст шудани суръати рушди худи соҳаҳо мебошад. Масалан, дар тӯли 10 соли охир саноат аз ҷиҳати ММД 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст, дар ҳоле, ки хизматрасони дар сохаи манзил ва хӯрокворӣ беш аз 4 баробар афзудааст.
Бояд кайд кард, ки солҳои охир шумораи меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар марказҳои хӯроки умумӣ назар ба фабрикаву заводҳо дар шаҳрҳо зиёд гаштааст.
Дар дурнамои наздик тағийротҳои назаррас дар сохтмон ва бахши логистика ба назар мерасанд, ки ин бо вазифаҳои ҷории ҳукумат дар рушди инфрасохтор алоқаманд аст.
 
Дурнамо

Моҳи марти соли 2021 бо назардошти дигаргуни дар бозор ва иқтисоди ҷаҳонӣ ба «Нақшаи миллии рушди кишвар то соли 2025» тағийрот ворид карда шуд.
Рақобат дар бозори сармоягузории мустақими хориҷӣ меафзояд. Бозори сармоя ва ашёи хом сатҳи номуайяниро аз сар мегузаронад. Рушди махсулоти истеҳсоли маҳаллӣ, интиқол ва нигоҳдории он дар назар аст. Афзоиши кишоварзӣ беш аз 6% пешбинӣ шудааст.
Раванди рақамикунонӣ, автоматикунонӣ ва роботикунонидар ҳама соҳаҳо суръат хоҳад ёфт.
Тиҷорати электронӣ идома ёфта, дар раванди савдо таъсири худро хохад расонд.
 
Саримсоқов  И., корманди  илмии шуъбаи  ОМ ИОМДОА  АМИТ
Сарчашма: Агентии  маркетингии  «ИМСИ   Elim»
 
http://www.zoofirma.ru/