Нусхаи чопи
 
“Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз
маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф
– сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ
ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
21.12.2021
 
Таърихи соҳибтамаддун ва соҳибфарҳанги халқи тоҷик ҷиҳати доштани сохтори ҷиддии илмӣ-таҳқиқотӣ ва марказҳои адабӣ-фарҳангӣ абармардони ангуштшумор, аз қабили Рӯдакиву Фирдавсӣ, Дақиқиву Анварӣ, Саъдиву Ҳофиз, Беруниву Хоразмӣ, Синову Румӣ ва даҳҳо нафарро парваридааст, ки на танҳо бузургони Шарқ, балки донишмандони ҷаҳон шинохта шудаанд.
Пӯшида нест, ки ҳарчанд қобилият, зеҳн ва идроки волои бузургонамон азалӣ бошад ҳам, таҷрибаи онҳо маҳз дар марказҳо ва ҳавзаҳои илмиву адабӣ рушду ташаккул ёфтааст. Анъанаи мазкур то замони мо низ идома ёфта истодааст.
Дарвоқеъ, сатҳу сифати илму дониш тамоми соҳаҳоро рушд медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми тозаи соли равон ироа намуданд.
Суханронии Президенти мамлакат ба соҳаҳои мухталиф равона гардид, аммо муҳимтарин нуктаи он баланд бардоштани сатҳу сифати соҳаи маориф ва илм маҳсуб меёбад. Аз ҷумла, чунин тазаккур медиҳанд: “Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд”.
Тазаккур ва эроди ҷиддии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мазкур саривақтӣ ва бамаврид буда, ислоҳот ва воридоти зиёдро тақозо доранд. Барои ба ҳадаф расидан дар ин самт лозим аст, ки аз таҷрибаи модели муосири маориф ва илми Аврупо, Америка ва бархе аз давлатҳои Шарқ чун Малайзия, Сингапур, Индонезия, Чин, Ҷопон ва ғ. истифода намоем. 
Модели маориф ва илм дар кишварҳои абарқудрат ба ҳар сурат амал намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҷиҳатҳои муҳимтарини барои баланд бардоштани сатҳи маърифатгардонии шаҳрвандон, ба хусус аз зинаҳои аввалини таҳсил (томактабӣ) то зинаи баландтарини таҳсил (докториву академикӣ) бархӯрдор гардад.
 
Модели маориф ва илми Аврупо

Модели мазкур, ки модел ё сохтори Болонӣ унвон дорад, дар айни замон қариб саросари ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст, дар муддати даҳсолаҳо усулҳои гуногуни навтаринро ба амал оварда, дар амалия татбиқ карда истодааст.
Пас бояд тазаккур дод, ки барои ноил шудан ба сатҳи баланди маърифатии донишомӯзон дар зинаҳои гуногуни таҳсил модели ихтироъкоронаи илмиро бояд пешниҳод намуд, ки меҳвари асосии онро бояд нуктаҳои зеринро ташкил диҳад:
- истифода намудани таҷҳизоти технологии муосир;
- бархӯрдор будани кормандони ҳамаи соҳаҳо аз забонҳои хориҷӣ;
- зиёд намудани дарсҳои амалия дар ҳамаи соҳаҳо;
- равон намудани кормандони соҳаҳои мухталиф барои гирифтани таҷриба ба хориҷи кишвар;
-нашр намудани китобҳои дарсӣ тибқи талаботи нави модели маориф ва илм;
- таъмин намудани талаботи моддиву молиявии омӯзгорони соҳа;
- ташкил намудани курсҳои кутоҳмуддати касбӣ-тахассусӣ барои калонсолон, маъюбон ва кӯдакони бесаробон;
- тақсимбандии гуруҳҳо ба зинаҳои муайян аз рӯи қобилият ва дарки дониш ва ғ.
Ҳамин тавр, итминони комил дорем, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори илм ва таълим дар зинаҳои мухталиф дар мувофиқа бо мутахассисони варзида ва соҳибтахассус пешниҳоду иловаҳои ҷиддӣ ворид менамоянд.

Шозиёева Г.П.,
ходими пешбари илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ