wrapper

Паёми навбатии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таърихи 21 декабри соли равон ироа гардид, паёми ҷашнӣ буд: инак, бори даҳум аст, ки ҳамасола паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар пешкаш мегардад. Ин худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки низоми давлатдории миллии мо сол то сол беҳтару бештар ба меъёрҳои байналмилалии шаффофият ва ҳисобдеҳ будани Ҳукуматҳо мувофиқат намуда, асосҳои демократии он ва  моҳияти иҷтимоияш таҳким меёбад. Мазмун ва мундариҷи Паём низ ҳамчун воситаи муассири гуфтугӯ бо халқ ва санади муҳими сиёсию иҷтимоӣ дар таъйини самтҳои асосии инкишофи кишвар ва роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда сол то сол ҷилои тоза ба худ касб менамояд.
Чун ҳамеша, дар Паёми имсола низ ба масъалаи робитаҳо ва муносибатҳои хориҷии кишвар, ки намоёнгари сиёсати пайгирона ва хастанопазиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини сулҳу субот на фақат дар дохили кишвар, балки дар тамоми минтақа ва арсаи байналмилалӣ мебошад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин масъала дар шароити имрӯз, ки дар саросари ҷаҳон авзои сиёсию иҷтимоӣ дар асари оқибатҳо ва паёмадҳои манфии пандемия, аз як тараф, ва низоъҳои мухталиф дар нуқоти мухталифи дунё, аз дигар тараф, боз ҳам печидатар гаштааст, аҳамияти махсус касб менамояд.
Дар ҳамин замина бояд қайд намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як иштирокчии оддии равандҳои ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ таи солҳои ахир воқеан ҳам ба як узви комилҳуқуқ ва фаъоли ин равандҳо ва, гузашта аз он, ба яке аз акторҳои ташаббускор ва муайянкунандаи низому маромҳои мушаххас дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубаддал гаштааст. Имрӯз Душанбе ба маркази мулоқотҳои байналмилалӣ, ҳалли мушкилиҳои мубрами минтақа ва ташаббусҳои амалӣ дар роҳи истиқрори сулҳу субот ва таъмини рушди устувор табдил ёфтааст. Ин аз камолоти сиёсии роҳбарияти кишвар ва низоми давлатдории миллии мо шаҳодат медиҳад, ки шоистаи таҳсин ва яке аз раҳовардҳои бузурги даврони Истиқлоияти давлатии Тоҷикистон аст. Махсусан сиёсати “дарҳои кушода” ва дар ҳамин замина эҷоди фазои озоди муносибатҳои гуногунҷабҳа бо ҳама кишварҳои ҷаҳон якеа аз дастовардҳои арзанда ва қобили таваҷҷуҳи роҳбарияти сиёсии кишвар манзур мегардад.  
Ба ибораи Пешвои миллат, “мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Дар ин росто, метавон тазаккур дод, ки имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад”.
Бисёр мантиқист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ нисбат ба шарикони стратегӣ ва рушди устувор вафодор боқӣ мемонад. “Дар сиёсати хориҷӣ мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ – Федератсияи Россия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар минтақаҳои олам ҳамеша аҳаммияти хосса медиҳем”,- таъкид намуд Президенти кишвар.
Натиҷаи чунин сиёсат буд, ки аз ҷумла дар чанд соли ахир сафи кишварҳо ва инвесторони хориҷӣ афзоиш карда, ҳаҷми сармоягузориҳои онҳо ба маротиб афзун гаштааст, ки дар ниҳояти кор ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ҳалли бештари мушкилиҳои иҷтимоии кишвар мусоидат намудааст. “Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд. Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд. Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд,”- омадааст дар Паём.
Чуноне ки Пешвои миллат зикр намуданд, “ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд”.
Хулоса, Паёми навбатии Президенти кишвар ҳамчун сарчашмаи илҳом ва санади тақдирсоз, ки аз тарафи шаҳрвандони кишвар гарм пазироӣ гашт, барои ҷаҳониён низ як пайки хуш ва борисолати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳи бардавоми саросарӣ, таъмини субот ва рушду устувори махсусан минтақи Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардад.
 
Шамсиддин Каримов,
сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрико
 
http://www.zoofirma.ru/