wrapper

  Дар ҳақиқат Истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки ҳар қавму миллат барои дарёфти он аз равишу роҳҳои дурусту муносиб, муборизаву талошҳо ва бедорхобиҳову худгузариҳо ва ватандӯстиву ватансозӣ истифода карда, саҳм мегузоранд. Нуктаи муҳим дар мубориза барои озодихоҳӣ ин доштани роҳбари хирадманд аст, ки миллатро месозад. Тавассути роҳнамоӣ ва дастури оқилонаи ин ё он шахси соҳибмаърифат қавм ё миллат дар таърих номи худро боқӣ мегузорад.
  Ҳамасола Тоҷикистон 9-уми сентябр ҷашни Истиқлолиятро таҷлил карда, аз дастоварду пешрафтҳои он натиҷагирӣ менамояд. Имсол чашни Истиқлол 31-солагии худро қайд менамояд, ки чун заминагузор барои рушду нумуи худшиносии миллӣ дар партави донишу хирад ва ватандӯстиву сулҳофаринӣ қадам гузошта, имконоти хуберо фароҳам месозад.
  Бояд қайд кард, ки Тоҷикистони навин солиёни дароз зери мудирияти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт, ки шомили 15 кишвар буд. Аҳолии ин сарзамин ҳамеша талошу мубориза мебурданд, то чун қавм ё миллати дорои тамаддуну таърихии бостонӣ мустақилона дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллии худ умр ба сар бурда, тамаддуну фарҳанги худро ҳифз намуда, барои озодӣ, оромӣ ва ободӣ хидмат намоянд. Бо чунин ормону орзуҳои хуб мардумони ин сарзамин соҳиби давлат шуда, бо истифода аз донишу хирад ва роҳнамои фарзандони фарзонаи худ таҳти сарпарастии сиёсатмадор ва ташаббускору созанда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллатӣ талошу мубориза намуда, Ватанро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карданд.
  Ҳадафи асосии ин фарзанди фарзонаи миллат ва мардумони таммадунофари ин сарзамини бостонӣ доштани давлати алоҳида бо ҳифзи арзишу муштаракоти милливу қавмӣ зиндагӣ намудан аст.
  Ҳамин тавр, санаи 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолиятро ноил шуда, чун мамлакати мустақил расман эътироф шуд. Дар ин зимн бо тай намудани фарозу нишебиҳо ва даргузаштҳову бедорхобиҳо мардуми хирадманди мо бо роҳнамоии Президенти кишвар Ватанро обод карда, бо модели нодири мактаби ваҳдату сулҳофаринӣ ва ташаббусҳои созанда дар минтақа ва ҷаҳон шинохта шуд.
  Дар ин асно, ҳамчун анъанаи хубу хирадмандона, ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Ҷаноби Олӣ баргузор мегардад. Бо омадани ин санаи муборак Президенти муҳтарам оғози соли нави таҳсилро ба тамоми сокинони Ватани азизамон табрику таҳният мегӯянду дар оғози Дарси сулҳ пурарзиш будани неъмати сулҳ ва ба ҷо овардани шукронаи онро ба ҳамаи сокинони кишвар хотиррасон менамоянд.
  Дар суханронӣ бештар Президенти кишвар аҳамият доштани илму дониш барои рушди маънавиёти инсон ва инкишофи давлату миллат суҳбат намуда, масъалагузориҳои илмиву оммавӣ карда, моро ба сӯи донишу маърифат ва сулҳу ваҳдат роҳнамоӣ мекунанд.
  Мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистон аз кишварҳои бостонӣ, фаровон аз манобеи табиӣ ва зебое аст, ки аз ҷониби марказҳои муаррихон ва минтақашиносон ва давлатҳои Шарқи Миёна чун минтақаи «Мовароуннаҳр» шинохта шуда, дорои фарҳангу маданияти олӣ, дар байни минтақа нақши муҳим мебозад.
  Тибқи дарёфтҳои илмӣ минтақаи «Мовароуннаҳр» дар Осиёи Марказӣ воқеъ буда, дар ҳар кишвари он тамаддуни фарҳанг ва ҷойҳои таърихии гуногун дида мешавад, ки бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
  Пойтахти кишвари шаҳри Душанбе буда, чун шаҳр ҷавон дорои таърихи қадима аст, ки дар байни доманакӯҳҳои Ҳисору Ромиту Варзоб бо боғҳо, дарахтҳои ёдгорӣ зебо ва музайян шуда, ҷойгир аст. Шаҳр дорои зиёда аз 1 млн. аҳолӣ аст, ки бо биноҳои зебову замонавӣ ва чорабаниҳои минтақавиву байналмилалӣ шуҳратёб шудааст. Ин шаҳри зебову ҷавон бо чандин шаҳрҳои ҷаҳон робита дошта, бародаршаҳр мебошад.
  Мавриди зикр аст, ки ҷаҳони имрӯза ба минтақа ва блокҳои қудратӣ тақсим шудааст, ки дар ин ё он масоил нақши калидӣ мебозанд. Дар ин зимн, Тоҷикистон низ дар даврони 31 соли Истиқлолият тавонист Озодӣ, Оромӣ ва Ободиро ба даст оварда, дар минтақа ва ҷаҳон мақому мартабаи хешро пайдо намуда, бо ташшаббусҳои созандаи худ мавриди эътирофу эҳтиром қарор гирад.
  Имрӯз мо тоҷикон бояд аз ин истиқрори миллӣ ва дастовардҳову сарватҳои маънавию моддии ватан оқилона истифода карда, хештаншиносиро пойдор ва таҳким бахшем, то дубора ба чоҳи ваҳшату даҳшат наяфтем. Ва ба қавли Пешвои миллат "мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад".
  Дар натиҷа метавон чунин қайд кард, ки Истиқлолият заминагузори худшиносии миллӣ буда, паёмрасони хайру баракат, рушду саодат, ҳамеша моро ба сӯи созандагӣ, ободӣ, оромӣ ва амонии кишвар роҳнамоӣ менамояд ва чун як армуғон ё тӯҳфаи арзишманд, наслҳои ояндаро ба суи қуллаҳои баланд дар партави донишу хирад ва худшиносӣ роҳнамоӣ менамояд.
  Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷашни Истиқлояти миллиро барои ҳамватанон муборакбод гуфта, ба меъморону кабӯтарони сулҳовари Тоҷикистон иқболу парвози абадӣ орзумандем.

Мирсаид Раҳмонов,
ходими калони илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
http://www.zoofirma.ru/