Нусхаи чопи
  Имсол санаи 1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар “Рӯзи дониш” ва “Дарси сулҳ” дар ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ширкат варзиданд. Кушодашавии ин бинои бошукуҳи таълимӣ ва бо тамоми лавозимоти соҳавӣ таъмин боз як иқдоми наҷибонаи Сарвари давлат буда, барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиббӣ заминаи мусоид мегузорад.
  Чун анъана дар “Рӯзи дониш” Президенти кишвар бо устодону шогирдон ва кормандони соҳаи маориф ва илм вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар суханронии худ Пешвои миллат аз пешрафтҳои соҳа зикр намуда, қайд карданд, ки бояд низоми таълимии кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуда, барои ба ин ҳадаф ноил шудан барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина омода кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар самти таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, тамоми шароит ва имконоти мавҷударо барои амалишавии ҳадафи мазкур бояд фароҳам оварда, истифода кард. Ҷиҳати амалигардонии ин тадбири муҳим дар соҳаи маориф Пешвои миллат махсус таъкид кард, ки нақшаву барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти касбӣ бо риояи дараҷаву сифати олӣ таҳия гарданд.
  Дар ин зимн, Пешвои миллат дар рафти суханронии худ қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат аз оғози солҳои аввали истиқлолият ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос диққати аввалиндараҷа дода, ҳамеша барои ислоҳоти ин соҳа аз донишмандону мутахассион машваратҳои хубу лозимиро мепазирад. Чунончи дар суханронии худ Президенти кишвар чунин таъкид намудааст:
  “Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бо маром идома медиҳем.”
  Инчунин дар суханрони дигар ташаббуси муҳими Президенти кишвар ба хотири рушди тафаккури техникӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи тиб солҳои 2020 – 2040-ро «Солҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ, илмҳои дақиқ ва риёзӣ» ки ҳанӯз дар Паёми худ Пешвои миллат эълон намуда буданд, ки ҳоло соли сеюми он ҷараён дорад.

Нарзиев Ҷаҳонгир,
ходими хурди илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ