Нусхаи чопи
  Барои ҳар як давлати соҳибистиқлол ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд бо дигар кишварҳо шарт ва зарур буда, заминаи рушди фарҳангиву иқтисодии он мебошад. Тоҷикистони азизи мо низ баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ роҳи махсуси худро интихоб карда, бо тамоми кишварҳое, ки имкони ба роҳ мондани муносиботи хуби фарҳангиву иқтисодӣ вуҷуд дошт, робита барқарор кард. Дар солҳои баъдӣ ин муносибатҳо то чанд хубтару беҳтар мегардиданд ва яқинан ба манфиати мо буданд.
  Дар ин муддати сӣ сол Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафтаи Осиёи Шарқӣ низ муносибатҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондааст. Чин, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ин минтақа ҷойгир мебошанд бо кишвари мо муносиботи хуби тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ доранд, ки сол аз сол қавитар шуда истодаанд. Кишвари мо аз ҳама бештар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмиву фарҳангӣ дорад. Ин аз як ҷониб ба доштани марзи муштарак бо ин кишвар вобаста бошад, аз ҷониби дигар Чин бузургтарин иқтисоди минтақа ва дувумин иқтисоди ҷаҳон мебошад. Маълум аст, ки дар чунин шароит кишварҳои мо имконоти бештар, барои васеъ кардани доираи ҳамкориҳои дуҷониба, дошта метавонанд. Ҳукуматҳои ду кишвари ҳамҷавор ин имкониятҳоро самаранок истифода бурда, сол аз сол ҳамкориҳоро бештар карда истодаанд.
  Кишвари дигари бузурги ин минтақа Ҷопон аст, ки дар Осиёи Шарқӣ дуюмин ва дар ҷаҳон севумин иқтисод ба шумор рафта, таваҷҷуҳи хосе ба кишвари мо дорад. Мо дар як тадқиқот қайд карда будем, ки ин кишвар ба Тоҷикистон кӯмакҳои зиёд мекунад ва ҳаҷми ин кӯмакҳо аз ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зиёдтар аст. Вале инро бояд дар назар дошт, ки ширкатҳои ҷаҳонии ин кишвар дар дигар кишварҳои ҳамҷавор маҳсулот истеҳсол мекунанд ва ин маҳсулот хеле зиёд ба кишвари мо ворид мегардад. Ҳарчанд дар чунин маҳсулот номи кишваре сабт мешавад, ки дар он истеҳсол шудаанд, вале маълум аст, ки онҳоро ширкатҳои ҷопонӣ истеҳсол кардаанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки мо бо Ҷопон муносибатҳои тиҷоратии хубе дорем.
  Кореяи Ҷанубӣ имкониятҳои ба роҳ мондани тиҷорат бо Тоҷикистонро, агар аз Чин камтар дошта бошад аз Ҷопон бештар дорад. Мо аз ин кишвар маҳсулоти зиёдеро ҳам бевосита ва ҳам ба воситаи дигар кишварҳо, махсусан Чин, ворид месозем. Маҳсулоти босифати дар ин кишвар истеҳсолшударо имрӯз дар ҳама хонаводаҳои тоҷик дидан мумкин аст. Махсусан, телефонҳои мобилӣ ва автомашинаҳои сабукрави дар ин кишвар истеҳсолшуда, аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон хеле зиёд харидорӣ шуда, мавриди истифода қарор мегиранд.
  Ба зиёд шудани қобилияти харидории аҳолӣ дар Тоҷикистон ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва ашёи хом дар кишвари мо, муносибатҳои тиҷоратии мо бо ин се кишвари пешрафтаи минтақаи Осиёи Шарқӣ рушд кардан мегирад. Имрӯз кишварҳои ин минтақа босуръат пеш мераванд ва табиист, ки муносиботи иқтисодиву тиҷоратии онҳо бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, зиёд мегардад. Бо назардошти таҷрибаи хуб дар муносибатҳои Тоқикистон бо кишварҳои ин минтақа метавон пешгӯӣ кард, ки ин муносибатҳо дар ояндаи наздик қавитар шуда, боиси суръат бахшидан ба рушди иқтисодии мо мегардад.
  Дар ростои ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ Тоҷикистони мо бо ҳар се кишварҳои бузурги минтақаи Осиёи Шарқӣ тақрибан дар як сатҳ қарор доранд. Донишҷуён аз кишвари мо ба ин кишварҳо дар тӯли сӣ соли истиқлол зиёд рафтаанд ва ҳоло ҳам доранд мераванд. Кадрҳои дар муассисаҳои илмиву таълимии ин кишварҳо омодашуда, саҳми арзандаи худро дар сохтани Тоҷикистони навин гузошта истодаанд. Илова бар ин, барои боло бурдани сатҳи тахассуси корманди соҳаҳои гуногун, кишварҳои мазкур барномаҳои коромӯзӣ ба роҳ мондаанд, ки дар тӯли ин сӣ сол кадрҳои зиёдеро ба коромӯзӣ дар кишварҳои худ ҷалб кардаанд. Ин ҳама ба манфиати кишвари мо будааст ва дар оянда низ чунин муносибатҳои илмиву фарҳангӣ идома хоҳанд ёфт.
  Метавон хулоса кард, ки дар сӣ соли истиқлол Тоҷикистони мо аз имкониятҳои фароҳамомада дар ростои ба роҳ мондани муносиботи иқтисодиву илмӣ-фарҳангӣ бо кишварҳои пешрафтаи минтақаи Осиёи Шарқӣ истифодаи дуруст кардааст. Ин таҷриба имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик ин муносибатҳо ба сатҳи болотар гузаранд ва дар натиҷа кишвари мо бо суръати баландтар рушд карда, қавитар гардад. Маҳз қавӣ будан аз ҷиҳати иқтисодиву илмӣ-технологӣ аст, ки сулҳу оромиро дар кишвари мо нигаҳ медорад ва зиндагии шоистаро барои аҳолӣ таъмин месозад. 31-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии ба роҳ мондани муносибатҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Шарқӣ фархунда бод!
 
Лутфулло Баротов,
ходими калони илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ