wrapper

  Таърихи бойю қадимии кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ нақши махсусе доранд. Аммо байни ҳама дар таърихи навин аз нигоҳи коршиносону сиёсатмадорон волотарин дастоварди миллати тоҷик ин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ва миллӣ аст, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал омадааст.
  Ба хотир меояд, ки дар як давраи шадиди муқовиматҳои сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, сипас 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳои марбута ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, воқеияти истиқлоли Тоҷикистонро ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида, ба он аз нигоҳи ҳуқуқӣ хусусияти баргаштнопазир дода шуд.
  Метавон баён кард, ки андешаи истиқлолпарастиву истиқлолхоҳӣ дар тӯли чандин солҳо дар ҳолати таҳаввулоту такомули қавӣ қарор дошта, оқибат то ба сатҳи дарку эътирофи истиқлолияти воқеии ҷумҳурӣ расид ва омили муайянкунандаи пешрафти ҷомеаи озоду комилҳуқуқи имрӯзаи мо гардид.
  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон баён дошта буданд, ки: «Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ойини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…» Оре, як бори дигар чунин имконият даст доду мардум аз он баҳравар шуда, масъулияти баландро ба дӯш гирифтанд.
  Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар замони муосир аст, ки ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзида, ба камол расида беш аз пеш ташаккул меёбад.
  Дар ҳақиқат дуруст баён шудааст, ки: «истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри мардуми Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
  Си сол пеш халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ва мардуми кишвар ба дастоварди бузурги таърихӣ - истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳамасола мо ин рӯйдоди фараҳбахшро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем, аз дастовардҳо меболему дар ободкориҳо саҳмгузор ҳастем. Махсусияти ҳар як иду ҷашнвора пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки ҳамагонро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулосабарориҳои воқеаҳои пешин, мушаххас сохтани вазифаҳои кунунӣ ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин лиҳоз истиқлолияти давлатӣ барои мо дарвоқеъ падидаи бемислу бошукӯҳи таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дар бар мегирад ва бинобар ин, бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.
  Дар ҳақиқат роҳи таърихие, ки халқи тоҷик дар тӯли замони истиқлолият тай кард, масири ҳамвор набуда, дарёфти роҳи осоишу оромӣ амри маҳол гашт. Мутаассифона, аз нахустин қадамҳои истиқлолияти кишвар доираҳои мухталифи аҳриманкеш бо роҳи барангехтани низоъ ва муноқишаҳои дохилӣ ва ба қавле бо бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардониданд. Мо зарари ҷисмонию маънавӣ ва хисори зиёди иқтисодӣ дида, мушкилот афзуд. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии гуногун нақшаи тақсими давлати Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд.
  Хушбахтона, алайҳи ҳама бадтинатию бадкориҳо қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами ягонагии миллӣ гирди ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд. Сафинаи умед моро ба соҳили муроду ба соҳили дидору дидани наздикону пайвандони аз ватан беруншуда ва ғарибон расонид.
  Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиматомези низоъҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуда, пас аз панҷ соли мухолифати мусаллаҳона дар кишвар сулҳ барқарор шуда, сарҷамъӣ афзуд. Маҳз бо шарофати истиқлолият тоҷикистониён соҳиби рамзҳои давлатӣ гардида, асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд. Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, муҳофизати сарҳади давлатӣ таҳти назорат қарор дода шуд.
Ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш ёфта, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян шуданд.
  Дар натиҷаи татбиқи Стратегияи миллии рушд муяссар шуд, ки суботи иқтисодӣ дар давлат таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба таври назаррас коҳиш дода шуд. Тоҷикистон ба комёбиҳои бузург ноил гардид.
  Дар замони истиқлолият илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд.
  Бо дарназардошти ин, ба хусус тайи чанд соли охир дар соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ карда шуд. Дар ин самт ҳукумат оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсили миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани дараҷаи сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
  Маҳз дар ҳамин даврон бузургдошти шахсиятҳои бузурги таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, илму адаб ва фарҳангу маърифат, аз ҷумла: Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнй, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар замонҳои гуногун дар ташаккули тамаддун ва давлатсозии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, бо шукӯҳи хосса ва муҳтавои тоза таҷлил шуданд.
  Ворид гардидани маҷмааи ёдгориҳои таърихии Саразм ба мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯзи Аҷам ба рушди минбаъдаи фарҳанги мо ва афзудани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон такони тозае бахшид.
  Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳуввият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ бештар ворид мегардад.
  Маҳз дар даврони истиқлолият узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидани Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахши иқтисодӣ ва робитаҳои дипломатӣ бо бисёр кишварҳои ҷаҳон далели эътироф гардидани кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
  Тоҷикистон иштирокчии фаъоли иттиҳодҳои ҳамгароии минтақавиву байналхалқӣ – ИДМ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили пешомади иқтисодиву сиёсиро ҳал намояд ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрӯзаи байналмилалӣ иттиҳоди кишварҳои манфиатдорро таъмин намояд.
  Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Аслан, истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ва дар навбати худ ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд.
  Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад.
  Бо итминон метавон гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад. Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонии худ мебошад.
  Новобаста ба дастоварду комёбиҳо ҳамаи мо вазифадорем, ки баҳри тақвият ва таҳкими бештари мавқеи Ватани маҳбуби худ –Тоҷикистони азиз пайгирона ва муназзам талош намоему онро равнақу ривоҷи бештар диҳем.
  P.S. Ҳамаи ҳамватанонро аз самими қалб бо фарорасии 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям. Дар ин рӯзи пуршукӯҳу фараҳбахш ба ҳамаи ҳамватанони азизам саломатии қавӣ, саодатмандии рӯзгор, сулҳу амонӣ, дар фаъолияти меҳнатиатон муваффақиятҳои беназир таманно дорам ва дар ҷаҳони бодавом Тоҷикистони азизамон ва Истиқлолияти миллиамон ҳамеша пойдор бошад.
 
Ба дил қувват бубахшад, ҳар нафас нерӯи истиқлол.
Кашад қад сӯи фардо, қомати дилҷӯйи истиқлол.
Ҳазорон хирмани зар пеши истиқлол чизе нест.
Ҳазорон ташнаро сероб созад, ҷӯйи истиқлол.
Худоро, шукр мегӯям, ки ман соҳибватан ҳастам.
Надорам серие, то зиндаам аз рӯйи истиқлол!
 
 
Қудратзода Комрон
Мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
 
 
http://www.zoofirma.ru/