wrapper

  Вусъати муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бори дигар дурустии сиёсати «дарҳои кушод»-и пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонро дар оғози солҳои 2000 бозгӯ менамояд. Дар давоми 30 сол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ҳамкориҳо барқарор шуда, ташаккул ёфтанд. Дипломатияи муосири тоҷик ба ҳалли вазифаҳои мубрами минтақавӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. 
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари саноатӣ-аграрии Покистон дорои аҳамияти муҳим мебошад. Зеро ин кишвар дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ дорои саноати пешрафта буда, ба блоки кишварҳои дорои яроқи ҳастаӣ шомил аст, омӯзиши таҷрибаи ин кишварҳо барои Тоҷикистони мустақил боарзиш мебошад.
  Покистон ба дараҷаи зарурии инкишоф ноил гардидааст ва барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус бо Тоҷикистон манфиатдор мебошанд. Дар сиёсати геопалитикии Осиё дар баробари Чин мехоҳад мавқеъ дошта бошад. Ин аст, ки аз рӯзҳои парокандагии давлати Шӯравӣ ва ба минтақаи манфитаи геполитикӣ табдил ёфтани Осиёи Марказӣ, дар қатори кишварҳои гуногун бо Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон муносибатҳои сиёсӣ барқарор намуд. Сиёсати созандаи ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби СММ эътироф гардид, ба Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки аз тарафи дигар кишварҳо эътироф карда шавад ва сиёсати хориҷии мустақилро ба роҳ монда, бо кишваре чун Покистон алоқаҳои ҳамаҷонибаро устувор созад.
  Ҷумҳурии Исломии Покистон бо кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити дипломатиро бо дарназардошти манфитаҳои хеш ба роҳ монд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ барои рушди сиёсати хориҷӣ бо кишварҳои минтақа ҳавасманди барқарор кардани равобити дипломатӣ бо Покистон буд. Ин робитаҳо дар тӯли 30 сол самараи созанда ба бор оварданд. Ҷумҳурии Исломии Покистон ғурури роҳбари минтақа будани худро бо доштани яроқи ҳастаӣ нигоҳ медорад ва ин омили ҷиддӣ дар минтақаи Осиё ба ҳисоб меравад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ махсусан Тоҷикистон барои Покистон ҳам аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва ҳам аз нуқтаи назари сиёсӣ дорои манфиатҳои зиёд ҳастанд. Чунин сиёсати пешгирифтаи Покистон мумкин аст, ки нақши ӯро дар Осиёи Ҷанубӣ боло бурда, дар муқобили Ҳиндустон онро устувор нигоҳ дорад ва мавқеи Покистонро дар мубориза бо дигар рақибони минтақавияш - Эрон ва Туркия мустаҳкамтар намояд.
  Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Покистон дар заминаи созишномаҳои моҳияти иқтисодидоштаи миёни ду кишвар роҳандозӣ мешаванд. Сарзамини Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 конҳои маъдан кашф ва барои азхуд намудан омода карда шудааст. Аз ин теъдод имрӯз танҳо 40 кон мавриди истифодабарӣ қарор дорад, ки дар онҳо зиёда аз 40 намуди маъдан истихроҷ карда мешавад. Дар ин самт бо Покистон ташкил кардани корхонаҳои коркарди саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ зарур мебошад. Дар тавлид ва истихроҷи конҳои маъдан ҳамкорӣ бо соҳибкорони Покистон ба манфиати ҳарду кишвар хоҳад буд.
Кишвари Покистон дар соҳаи саноати сабук, бахусус, истеҳсоли матоъҳо ва масолеҳи пахтагин, маснуоти чармин таҷрибаи бой ва тӯлонӣ дорад. Дар ин ҷода таъсиси корхонаҳои муштарак бо Тоҷикистон хеле самарабахш хоҳад буд.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини афзалиятнок дар рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои босамар ва табодули таҷрибаи кишоварзони Тоҷикистон ва Покистон зарурият дорад.
Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои чорводорӣ, замбури асалпарварӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти оби баландсифати нӯшокӣ аз лиҳози иқтисодӣ барои шарикони покистонии мо фоидавовар хоҳад буд.
  Коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия арсаи дигари ҳамкориҳо шуда метавонад, ки ҷиҳати рушди ин соҳаҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои махсус қабул гардида, ба сармоягузорон имтиёзҳои иловагӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди асосноки сармоягузорони Покистонро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин соҳа пуштибонӣ менамояд.
  Самти дигари афзалиятноки ҳамкориҳо таъсис ва рушди фаъолияти корхонаҳои муштараки маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ шуда метавонад. Дар доираи фаъолияти корхонаҳои муштарак мо метавонем лоиҳаҳои сармоягузории самтҳои гуногунро татбиқ намоем.
  Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон табиати зебои нотакрор, ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ ва дигар имкониятҳои рушди соҳаи туризм, махсусан сайёҳии кӯҳиро дорад ва соҳибкорони Покистон метавонанд дар ин арса низ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта бошанд.
  Дар қаламрави Тоҷикистон миқдори зиёди ҷойҳои тамошобоб мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро аз хориҷи дуру наздик ба худ ҷалб менамоянд. Дар ин самт Тоҷикистон барномаи стратегии рушди инфрасохтори туризм ва хизматрасонии сайёҳиро татбиқ менамояд. Аз ҷумла, барои рушди туризми экологӣ, беҳдошти шароити истироҳат дар кӯҳсор имконоти кофӣ мавҷуд аст. Баъзе дарёҳо дар айёми тобистон барои рафтинг хеле мусоид мебошанд.
Барои ривоҷи ҳамкориҳои гуногунсоҳа бо Покистон, ки яке аз давлатҳои соҳибнуфузи минтақа ва дорои имкониятҳои фаррохи сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад, тамоми заминаҳо фароҳам омадааст.
Рушди босуръати раванди сохтмони иншоотҳои энергетикӣ ва инфрасохтор, тавсеаи сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар кишвар афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмониро тақозо менамоянд. Хушбахтона, дар кишвар захираҳои табиии зиёде вуҷуд доранд, ки дар соҳаи сохтмон аз онҳо метавон истифода кард. Дар ин самт низ ҳамкорӣ бо Покистон дорои манфиатҳои хоси иқтисодӣ-тиҷоратӣ мебошад.
  Покистон ба ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавасманд аст ва кӯшиш мекунад, ки ҳамкориҳои сиёсӣ-иқтисодиро бо ин минтақа густариш диҳад. Вобаста ба ин нақшаҳо Покистон ҳавасманди он аст, ки алоқаҳои худро бо барқарор кардани роҳҳо бо Осиёи Марказӣ тариқи Афғонистон ва сохтани магистралҳо амалӣ намояд. Аммо омилҳои моддӣ-молиявие ҳастанд, ки ба ин нақшаҳои Покистон монеа эҷод месозанд. Аз ҷумла, мавҷуд набудани суботи дохилӣ, зиддият бо Ҳиндустон, таъсири буҳрони Афғонистон омилҳои халалворидсози нақшаҳои Покистон дар ин самт маҳсуб меёбад.
  Дар аксари ҷаласаҳои муштараки иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон Тоҷикистон ва Покистон нокифоя будани гардиши молу коло байни ду кишвар баён гардидааст. Аммо сабабҳои нокифоя будани он мавриди таҳлили тарафҳо қарор нагирифтааст. Чуноне маълум мегардад, мо сабаби нокифоягии мубодилаи молро аз мавҷуд набудани роҳҳои мусоиди ҳамлу нақли молҳо медонем. Дар ин самт андешидани чораҳои зарурӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
  Соҳаи энергетика дар рушди иқтисоди ҳар як кишвар мавқеи калидӣ дорад. Рушди энергияи сабз ба пешрафти саноат мусоидат мекунад. 98%-и энергияи истеҳсолшавандаи Тоҷикистон энергияи сабз мебошад. Ифлосшавии муҳити зистро дар кишварҳои ҳамсоя пешгирӣ мекунад. Кишварҳо аз истифодаи сӯзишвории ба муҳити зист зиёновар даст мекашанд ва бо бунёди Роғун ҳамасола зиёда аз 4 млн тонна сӯзишвории барои қувваи барқ сарфшаванда захира мешавад. Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари дорои «энергияи сабз» мебошад. Пас аз бунёди нерӯгоҳи Роғун дар ин самт ба ҷойи дуюм мебарояд.              
  Сохтмони лоиҳаи CASA-1000 аз дар раванди татбиқи ҷамъи тадбирҳову мувофиқаҳои муштарак бо мақсади таҳкими робитаҳои коммуникатсионӣ ва инфрасохторӣ миёни кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, алалхусус миёни Тоҷикистон ва Покистон қадамҳои нахустин буда, барои иқдомҳои минбаъда дар самти ҳамкориҳои энергетикӣ замина хоҳад гузошт.
  Татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон дар оянда чи барои Тоҷикистон ва чи минтақа манфиатовар буда, имкон фароҳам меояд, ки нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба кишвари Покистон содир карда шавад;
  Масоили идоракунии самараноки захираҳои мавҷудаи обӣ ва таъмини кишварҳо бо об бо бунёди обанборҳо ва танзими резишгоҳҳо ҳалли худро пайдо мекунад.
  Амалинамоии лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон дар рушди бемайлони минтақа ва ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа нақши муассир мебозад.
  Сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар самти рушду истифодаи захираҳои обии Тоҷикистон боиси пешгирии фоҷеаҳои глобалии экологӣ, аз ҷумла ҳалли буҳрони Баҳри Арал ва бартараф кардани оқибатҳои эҳтимолии кӯли Сарез мегардад.
  Дар маҷмуъ, Тоҷикистон дорои захираҳои табиӣ, қувваи арзони барқ ва ашёи хом барои сохтмони нерӯгоҳҳои атомӣ мебошанд ва барои роҳандозии лоиҳаҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ мувофиқ буда, барои баромадани онҳо ба бозори ҷаҳонӣ созгор аст. Инчунин ҳудуди васеъ ва ресурсҳои бойи демографӣ низ мавҷуд аст. Покистон дар симои Тоҷикистон шарики сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодии худро мебинад ва таъминоти якҷояи бехатариро низ дар назар дорад.  
Дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳо вусъат додани ҳамкориҳои минтақавӣ ба манфиати кули кишварҳо мебошад. Рушду густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, бахусус бо Покистон ба манфиатҳои миллии кишварҳо ҷавобгӯ аст. Умед аст, ки ҳамкорӣ ва робитаҳои гуногунҷабҳа самараи нек ба бор оварда, барои мукаммалсозии соҳаҳои алоҳида ва осудагии халқҳои минтақа ва рушди кишварҳои Тоҷикистону Покистон ва амну суботи ҷаҳон мусоидат менамояд.
 
Турсунов Т.Х.
сарходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
 
http://www.zoofirma.ru/