wrapper

Хабарҳо

  14-15 ноябри соли равон сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Маликшо Неъматов ба шаҳри Ройтлингени Олмон сафар намуда, бо Обербургамистр (шаҳрдор)-и он хонум Барбара Бош мулоқот намуд.

Бояд қайд кард, ки аз 5 уми октябри соли 1991 пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бо шаҳри Ройтлингени Олмон бародаршаҳр эълон гардида буданд. Ҳамкориҳо байни ин бародаршаҳр ба таври мутассил ба роҳ монда шудаанд.

   Дар оғози ҷараёни мулоқот сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов дуруди дӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалиро ба хонум Барбара Бош расонда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни бародаршаҳрҳо Душанбе ва Ройтлинген мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо зимни мулоқот омодагии хешро баҳри таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ таъкид карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов аз Обербургамистри шаҳри Ройтлинген хонум Барбара Бош даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон мусоид ба Душанбе ташриф оварад. Дар ҷавоб хонум Барбара Бош ба сафир барои даъват изҳори сипос намуда, пайғоми дӯстонаи худро ба раиси бародаршаҳр-Душанбе Рустами Эмомалӣ фиристод. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки омодааст, дар фурсати муносиб ба пойтахти Тоҷикистон бо ҳамроҳии ҳайати соҳибкорон ва фарҳангиёни шаҳри Ройтлинген сафар анҷом диҳад.

Инчунин дар доираи сафари кории сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов мулоқот бо роҳбари Палатаи тиҷорат ва савдои шаҳри Ройтлинген Йенс Каспер баргузор гардид.

Мавзуи меҳварии мулоқоти мазкур имконоти иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки доир ба он Сафири Тоҷикистон ба ҳамсӯҳбати худ маълумот дода, аз роҳбари Палатаи тиҷорат ва савдои шаҳри Ройтлинген барои мусоидат намудани ҷалбисоҳибкорон ва сармоягузорони аъзои Палатаи мазкур ба иқтисодиёти Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Зимни сафар Сафири Тоҷикистон аз ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Ройтлинген дидан намуда, дар кӯчаи тангтарини дунё кӯчаи Шпройерҳофштрассе ба шабакаи телевизионӣ оид ба ҳамкориҳои Душанбе ва Ройтлинген ва ҳамзамон дар бораи  имконияту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон мусоҳиба анҷом дод.

Шаҳри Ройтлинген дар сарзамини Баден-Вютенберги Ҷумҳурии Федоролии Олмон ҷойгир буда, ба маркази шаҳр ва 12 ноҳияи шаҳрӣ тақсим мешавад. Ин шаҳр соли 1240 бунёд гардида, масоҳаташ 87,06 км² ро ташкил мекунад. Аҳолии шаҳр 112 484 нафарро (31-уми декабри соли 2010) ташкил намуда, обербургомистри шаҳр хонум Барбара Бош мебошад.

Мардуми шаҳр ба иттиҳодияҳои сарояндагӣ ва хорҳо майлу рағбати беандоза доранд. Ҳанӯз соли 1874 дар шаҳри Ройтлинген ҷашни сарояндагӣ баргузор гардид, ки дар он 80 иттиҳодияи хор ва умуман зиёда аз 2400 сароянда, аз ҷумла сарояндагони берун аз сарҳад низ иштирок карданд.

Яке аз кӯчаҳои шаҳр Шпройерҳоф ном дорад, ки дар китоби Гиннес ҳамчун тангтарин кӯча дар дунё ворид карда шудааст. Дар ҷойи хеле танг паҳнии он 31 см-ро ташкил мекунад. Ин кӯча танҳо гузаргоҳи байни хонаҳо буда, соли 1726 дар натиҷаи бозсозии масштабии шаҳри Ройтлинген баъди сӯхтор сохта шудааст. Баъд аз сипарӣ гардидани 100 сол, яъне соли 1820 ин гузаргоҳ мақоми кӯчаро ноил гардида  дар харита нишон дода шудааст.

 

Ғуломова Зуҳро

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/