wrapper

Хабарҳо

   Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таъриху маданият ва фарҳанги қадимаи бою ғанӣ дорад, ба монанди осорҳои хаттию илмӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозӣ, анъанаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд, ки он бо ҳазорон монеаҳо дучор гардида, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам дар шакли шифоҳӣ ба мо ба мерос мондааст. Ин арзишҳои миллии мо ба шумор мераванд.

     Имрўз зарурате ба миён омадааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардад ва чунин ҳам шуд ва боз бо тақозои замон ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ҳамаи ин дар натиҷаи ба назар гирифтани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худи шаҳрвандони кишвар мебошад.

     Қонуни мазкур пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рўзғор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ, дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бе чуну чаро ин Қонунро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст.

     Фарҳанг ифодагари рўҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Фарҳанг муҳофизаткунандаи муҳит аст. Аз хурдсолӣ моро ба тариқи оддитарин муқоисакуниҳо тарбия мекунанд: “Ин аз ту беҳтар аст, вай аз ту боодобтар аст, дигаре озодатар аз ту” гуфта, маҷбур месозанд, ки рафтору кирдору гуфтору одоби худро дигар намоем. Дар натиҷа ба қадри имкон ё маҷбуран рафтори хешро мутобиқ ба дигарон месозем. Ноилоҷ ва гоҳо бехабар, нафаҳмида мемонем, ки чи гуна тақлидкор гардидаем.

     Дар натиҷа мо рў ба бегонапарастӣ меорем ва либос, ки нишони одамият, маданият ва фарҳанг аст, «одаму либос хонаю палос» гуфтаанд, тақлидкорӣ менамоем (зоҳирпарастӣ менамоем). Чунки аз хурдсолӣ дар ниҳоди мо тақлидкорӣ реша давондааст. Ҳамин сабаб мегардад, ки бархе аз ҷавонону ҷавондухтарони мо на он қадар иродаи қавӣ доранд, ба воситаи тақлидкорӣ рў ба беобрўию зоҳирпарастӣ меоранд. 

     Устоди дақиқназар, Мавлонои бузург Ҷалолиддини Балхӣ, ки донандаи беҳтарин расму русум ва анъанаҳои таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, низ муқобили ҳамагуна рафтору урфу одати зарарнок пайгирона мубориза бурдааст ва таклиди ноогоҳонаю кўр-кўронаро хеле нишонрас мазаммат кардааст:

     «Халқро тақлидашон барбод дод,

     Эй дусад лаънат бар он тақлид бод».

       Бояд зикр намуд, ки иҷрои талаботи Қонун вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Аз рўи мушоҳидаҳо ва таҷриба мебинем, ки пеш аз ҳама  худшиносию худогоҳии худи  масъулон, сарварон, мутасаддиён, тарбиядиҳандагон, таълимдиҳандагон дар сатҳи хеле пасти маданию ахлоқӣ қарор дорад. Ба монанди: «Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд». То он замоне, ки мафкураи ба ном чунин масъулон дигар нашавад, онҳо худро ба шароити дигаргунсозиҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ қадре ҳам бошад, мутобиқ насозанд, мо наметавонем, на ин ки як қадам ба пеш, ҳатто як ваҷаб ҳам, ҳатто заррае ҳам ба пеш равем. Ва ана ҳамин бемасъулиятии бархе масъулон ҷомеаро бо умқи ноумедӣ ва нокомӣ мекашад. Дасту дили зертобеъон, муроҷиаткунандагон аз чунин рафтору гуфтор, муомилаҳо сард мегардад. Дар натиҷа майдони бемайлони таассубкорӣ, ифротгароӣ, рў овардан ба фарҳанги бегона, даст задан ба ҷинояткорию фасод сар мезанад. Чунки фарҳанги маънавӣ фарогири шуур, донишу маърифат, ахлоқ, тарбия, ҳуқуқ, фалсафа, эстетика, этика, илм, санъат, адабиёт, асотир ва дин мебошад. Он дастовардҳое, ки инсоният дар тўли фаъолияти дуру дарози таърихи худ ба вуҷуд овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд, ки аз рўи маънию моҳият ҳаммаъно мебошанд. Маданият маънои шаҳрдорӣ, яъне сокини шаҳр ва шаҳрванд буданро ифода менамояд.

    Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангўӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кўшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, «…рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд  бардоштани сатҳи иҷтимоию иқттисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст».

      Пўшида нест, ки тоҷикон дар тўли таърих ба як қатор дастовардҳои моддию маънавӣ, фарҳангофаринӣ, маърифатбунёдӣ дар ҷаҳон шуҳратёр гардидаанд. Манзур аз ин мақола эҳёи расму русуми аҷдодӣ дар доираи фарҳанги миллӣ аст, ки нақши созандаи он дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон мебошад.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор додааст. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар ҳалқу миллат аст, дар навбати худ муҳофизаткунандаи муҳит низ мебошад.

      Омилҳое, ки ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд: омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд. Ҳамин тариқ, чуноне таҷриба нишон дод, айни замон зарурати такмил  додани ин Қонун тақозои замон аст. Нақши ин Қонун дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум беназир аст, ҳарчанд  ки натиҷаҳо назаррас аст, зарурияти такмил додани ин Қонун тақозои замон аст. Танзим падидаи иҷтимоию фарҳанги миллӣ буда, риояи ин қонун дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми меҳнатқарин ва заҳматпеша иқдоми наку мебошад.

     Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш бо умеди зиндагии осоиштаи мардуми заҳматкаши кишвар дар ҳаёт татбиқ намудани ин қонунро амри воқеӣ мешуморад. Дар баробари кўшиш баҳри ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вазифаи ҳар як фарди бедордили миллати кўҳанбунёди тоҷик мебошад.

       Дар ҳар давру замон низ вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ба сиёсати ҷомеа, давлату давлатдорӣ вобастагӣ доранд. Дар ин радиф пандҳои ахлоқии Бузургмеҳр айни муддаост, ки рўзе аз ў пурсидаанд: «Чаро дўстон ба осонӣ душман мегарданду душманон бо машаққат дўст мегарданд?»  Бузургмеҳр ҷавоб дод: «Чунки сўхтан осон аст, сохтан мушкил аст, шикастан осон аст, пайвастан мушкил аст. Маблағ сарф кардан осон аст, маблағ ёфтан мушкил аст».

     Хулоса, кори аз ҳама мушкил эҷод кардану обод кардан аст. Он паҳлуҳои фаъолияти инсонро унсур меноманд, ки дар муддати дуру дарози таърихӣ тавассути мушоҳида, таҷриба, донишу хирад ва заковати инсон ба вуҷуд меоянд, ҳамчунин фарҳанг ном бурда мешаванд. Бинобар ин, муҳимтарин унсурҳои фарҳанг забон, хату алифбо, асотир, мазҳаб, анъанаҳо, расму оин, санъат ва ғайраҳо мебошанд.

    Унсурҳои фарҳанг таърихи қадима доранд, ки онҳо ҷавҳари фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳое мебошанд, ки аз насл ба насл гузашта, ташаккул ёфта, неруву хирад, меҳру муҳаббатро ба худ касб намуда, таҷассумкунандаи таърих ва маърифату маданияти халқҳо гардидаанд.

     Фарҳангҳо якранг нестанд, чунки дар тўли таърихи инсоният аз насл ба насл гузашта, ба фарҳангҳои наслҳои гуногуни ҷаҳон бархўрда, омезиш меёбанд, маҳз дар ана ҳамин бархўрдҳо заифию бузургии худро дармеёбанд. 

        Дар тўли таърих аз ҷониби истилогарони аҷнабӣ бисёр кўшишҳои аз байн бурдани забон, адабиёт, фарҳанг, илм, маориф, санъат ва умуман ҳувияту худшиносии миллати тоҷик ба вуқўъ пайвастааст. Аммо миллати озодандешу ободкори мо ҳамаи мадду ҷазр ва тўфонҳои харобкори зиндагиро бо неруи созандаи худ паси сар карда, аз имтиҳони пуршиддати таърих шарофатмандона гузашт ва имрўз бо сарварии Пешвои худ ба бунёди як ҷомеаи воқеан миллӣ камар бастааст ва умед аст, ки мо дар ҳама ба комёбиҳо муваффақ хоҳем шуд.

Сафаргул Давлиёрова,

мудири шуъбаи магистратура,

аспирантура ва докторантураи АИ ҶТ,

номзади илмҳои фалсафа

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/