wrapper

Хабарҳо

   «Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад».

Пешвои миллат

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

   Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, “Сада” ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. “Сада” низ мисли ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёитабор ба шумор меравад, ки онро ҳар сол 10 - уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ, ки ба 30 - юми январи солшумории мелодӣ рост меояд, ҷашн мегиранд. “Сада” ин пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорвсии Наврӯз дар бар мегирад. Сада ба ҷашни оташпарастӣ, ки хоси дини Зардуштӣ аст, ягон рабте надорад.

    Ҷашни Сада рамзи бедоршавии табиат асту омодагӣ ба корҳои кишту кори баҳорӣ, маънии аз сардӣ раҳо ёфтану ба гармӣ расиданро дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки ҷашни Сада баъд аз асрҳои 12-13, агарчи то як муддате аз байн рафта бошад ҳам, дар байни мардуми тоҷик нишонаҳои он боқӣ монда, то имрӯз бо тобишҳои гуногун ҷилва мекунад.

   Донишманди тоҷик Дилшод Раҳимов дар китоби «Фолклори тоҷик» дар ин хусус чунин овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале муҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст».

   Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»- и безаволи худ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат дода мефарояд:

   Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

   Сада номи он ҷашни фархунда кард.

   Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

   Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

   Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷашни Сада зикр намудаанд: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

   Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

   Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ халқи бофарҳанг ва бонангу номуси миллати тоҷик, фарҳангу тамаддун, расму оин, забону ҳунари ниёгони худро то ба имрӯз ҳифз карда, ба насли баъдии худ ба мерос гузоранд.

   Парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки бар асоси он минбаъд ҷашни “Сада” дар кишвар расман таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ, дар сатҳи ҳукумат ҷашни Сада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал рӯзи 30-юми январ соли 2018 ба таври расмӣ таҷлил гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба ин сана табрик намуда, ҳамзамон ба сарфакорӣ даъват намуданд. Сарвари давлати тоҷикон дар табрикоти хеш зикр карданд, ки дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мардуми кишвар умри дубора пайдо карда, "соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллии дигар, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон ба қонунгузорӣ ворид карда шуд". Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ишора ба баъзе аз мушкилиҳо аз сокинон даъват карданд, тамоми талаботи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим"- ро низ риоя намоянд. Аз ҷумла, изҳор намуданд:“Зарур аст, ки бо назардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ аз сарфу харҷҳои беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад”.

    Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада» бошад, дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст. Гӯё шумораи сад аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз иборат буда, замони фарорасии Наврӯзро ифода мекунад.

   Бо шарофати фарорасии иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянду боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва таври ғизонок намудани бехҳои дарахтон ба амал меояд.

   Дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021 - ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ин барои бебозгашт эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди қуроқдӯзӣ, гилембофӣ, кешбофӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, оҳангарӣ ва ғайраҳоро тақоза менамояд.

   Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда намудану ба наслҳои оянда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад.

   Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

   Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тароз.

Сафаргул Давлиёрова,

ходими калони илмии

Институт

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/