wrapper

Хабарҳо

   Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як давру замон шахсияту бузургони худро дорад ва чунин шахсиятҳо дар доираи маҳалли зист ва зиндагии худ ба воя мерасанд ва чун бузургони дигар аз худ ганҷинаҳои бебаҳои худро мерос мегузоранд. Барои аҳли илму дониш ганҷинаи бебаҳо амсоли  китоб чизи дигаре вуҷуд надорад. Китоб маводи моддӣ буда, ба инсон ғизои маънавӣ медиҳад.

   Барои назму тартиб дар ҷомеа аз кўдакони хурдсол шурўъ намуда, то фарди мустақил ақлу идрок талаб мекунад, ки дар он нақши китоб аҳамияти худро дорад. Аҳамияти китобхона дар комёбиҳои кишвар хеле бузург аст.

   ...Дар ҳоли ғалабаи ҳисси ватандӯстӣ инсон мехоҳад ки садоқати худро ба ватан аз тариқи бузургдошт ва қадрдонӣ намудани арзишҳои милливу фарҳангии халқи худ, мансубияти худ ба умумияте, ки шахс дар оғуши он солҳо ба камол расидааст, собит намояд, муҳаббати худро ба расму русуми аҷдодӣ, ба забону каломи модарӣ (бо дарбаргирии тамоми вожаномаи он) ба қалам дароварад.

   Бо истифода аз муносибатҳои хубе, ки чанд вақти охир миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳукмфармост, мероси илмӣ, яъне китобҳое, ки дар ин минтақа то ба мо расидааст, манзур менамоем.

   Шаҳрисабзӣ (то ҷое ба мо маълум аст, 30 дона китобро китобат намудааст), Ёр Муҳаммад Қаро Шаҳрисабзӣ (1821-1826 с. “Хамса”-и Навоиро панҷ маротиба рӯнавиш намудааст) Иброҳим Девон, Мулло Дӯст Муҳаммад Шаҳрисабзи, Бобобек Иштибар, Мирзо Абдулваҳоб, Мирзо Иброҳимхӯҷа, Имомиддин Шаҳрисабзи, Раҳматуллоҳ Ғизоли Кеши, Муҳаммад Шералибек Шаҳрисабзи, Муҳаммад Раҷаб Шаҳрисабзӣ, Муҳаммад Обид Шаҳрисабзӣ, Муҳаммад Тоҳирхӯҷа Шаҳрисабзӣ умр ба сар бурда, бо эҷодиёт машғул буданд. Дар таърихи хаттоти махсусан Абдуллоҳбек Яккабоғӣ бо мероси хосси гузоштаи худ фарқ мекунад.Ӯ дар давраи (1860-1885) амир Музаффар асир гирифта шуда, ба пойтахт оварда мешавад ва дар асири бо хаттоти ва китобат машғул мешавад. Шогирд ва пайравони зиёди худро ба воя расонидааст.

   Муҳити адабии Шаҳрисабз то нимаи дуввуми асри XX идома ёфт. Намояндаҳои ин давр ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод менамуданд. Намояндаҳои охирини онҳо Абдураҳмон Гулшанӣ (1898-1978), Исмоилхон Иброҳимхӯҷа ӯғли Шаҳрисабзии Фақирӣ (1910-1980), Наҷмиддинхон Асирӣ (1917-1953), Салоҳиддин Маннон ӯғли- Салоҳӣ (1905-1977) буданд.

   Намояндаи маъруфи муҳити илмӣ ва адабии Шаҳрисабз қозӣ Иноятуллоҳ Ӯроқ ибн Азизуллоҳ Мирзо Калонхӯҷа ибн Қаландархӯҷаи Балхӣ мебошад.  Иноятуллоҳ муфтии Ӯроқ дар масҷиди Ҷомеи Болои ҳавзи Шаҳрисабз имом хатиб буд ва мударрисӣ ҳам мекард. Ӯ рӯзи якшанбеи, моҳи рабиъулапввали 1332 ҳиҷрӣ дар синнӣ 61 солагӣ вафот мекунад. Китобхонаи Қози Иноятуллоҳ дар соли 1997 ба аҳли илм маълум гардид. Китобхонаи мазкур дар манзили истиқоматии муфтӣ нигаҳдорӣ шуда буд. Баъдан қисми китобҳои китобхона ба писари Файзуллохӯҷа Равнақӣ ва ворисони ӯ мерос мондааст.

Соҳиби китобхона қози Иноятуллоҳ рӯйхати мухтасари китобҳои худро ба шакли мухтасар тартиб додааст. Дар он нархи китобҳо навишта шудааст. Рӯйхат дар кадом сол тартиб дода шудааст маълум нест. Мо дар зер чанде аз ин китобро номбар менмаоем:

   Руйхати китобҳоро бо худ гирифта хонед.
   
   Имрӯзҳо қисме аз китобҳое, ки дар рӯихат ҳастанд, дар дасти писари Иноятуллоҳ Файзуллохӯҷа, ки бо тахаллусҳои “Равнақӣ” ва “Рамзӣ” асар эҷод мекард, нигаҳдорӣ мешавад. Пас аз вафоти ӯ онҳо дар дасти ворисонаш нигаҳдорӣ мешаванд.

   Файзуллохӯҷа Равнақӣ (1890-1978) соли 1919 пас аз хатми мадраса дар Бухоро ба ҳайси Қозӣ дар Шаҳрисабз фаъолият мекунад. Дар давраи Шӯравӣ низ дар идораҳои суд кор намудааст. Соли 1962 ба нафақа мебарояд ва то охири умри худ бо хаттотӣ ва муҳраканӣ машғул шудааст.
   Айни замон дар китобхонаи Файзуллохӯҷа ибн Иноятуллоҳ ба ғайр аз китобҳои чопи сангӣ (аз 500 дона зиёд) инчунин, 52 дона китоб ба забони форси, 45 дона бо забони араби, 11 дона ба забони форсӣ-арабӣ, 4 дона ба забони ӯзбекӣ-форсӣ, 2 дона дастхат ба забони ӯзбекӣ, форсӣ ва арабӣ маҳфуз аст, ки то ба мо омада расидааст.
   
  Инҳо:

 
  Дар китобхонаи Исмоилхон Фақирӣ 47 ҷилд китоб ба забони форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ маҳфуз аст. Бояд зикр кард, ки мероси илмӣ ва адабии китобхонаи Исмоилхон Фақирӣ дар китоби “Баёзи Фақирӣ” (Тошкент. Адолат, 2004) омӯхта шудааст.
  Нақши назарраси маълумоти зикргардида муайян намуд, ки гузаштагони мо ба китоб ва китобдорӣ майли хос доштанд. Яъне, зиёиёни мо аз аҳли китоб ва китобдӯст буданд. Тарихи китоб ва китобат дар Шаҳрисабз, Китоб ва анъанаҳои китобдорӣ (библиография) барои омӯхтани минтақаҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хоса дорад.

   Адабиёти истифодашуда:

   1. Шаръи Хӯҷа Азим. Тазкират уш-шуаро. FF Дастхат. Академияи илмҳои Ӯзбекистон Институти ба номи Абу Райҳон Берунӣ, № 3393F3.

   2. Қори Раҳматуллоҳ Возеҳ. Туҳфат ул-аҳбоб. Тошкент, 1332 F1913-1914.

   3. Абдуллоҳ Хӯҷа Абдий. Тазкират уш-шуарои мутаахирини Бухоро. Дастхат. Академияи илмҳои Ӯзбекистон Институти ба номи Абу Райҳон Берунӣ, № 64.

   4. Vahidov Sh.,Erkinov A/ Le fihrist (cataloque) de la biblioteque de Sadri Ziya^ une image de la vie intellectuelle dans  le Mavarannahr (fin XIXt-deb.Xxe s.) //Cahiers d`Asie Centrale, 1999, nc 7.P. 141-174.

   5. Муаззамхон А. Воҳидов Ш. Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ.-Хуҷанд,2018.244с. (+48)

   6. Ҳодизода Р. Источник к изучению таджикской литературы второй половины века. Сталинобод, 1956.

   7.  Кедров Б.М. Классификация наук. В 3-х томах. – Москва: Мысль, 1961-1965. – С 52.

   8. Ибн Надим. Китоб ал-феҳрист (библиография). – Қоҳира, 1958.   

 

   [1] Сӯфизода. Ш,. Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад. // Илм ва Ҷомеа (маҷаллаи академии илмию оммавӣ), №2(6) 2017

   [2] http://anrt.tj/tj/khabar-o/1255-oini-vatandor-rushdi-davlati-mill-va-omeai-madan

 

Таҳмина Воҳидова,
ходими хурди илмии Институт

Маводи мазкурро ҳамчунин дар сомонаи "Равшанфикр" хонед: http://ravshanfikr.tj/ilm-amaorif/vaz-i-bibliografiyai-kitobdor-sha-risabz-zbekiston-dar-avvali-asri-xx-dar-misoli-kitobkhonai-oz-inoyatullo.html 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/