wrapper

Хабарҳо

   Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳамкории худро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тадриҷан ба роҳ монда, дар доираи ҳамкорӣ бо онҳо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.
   Барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар барои Тоҷикистон бо чунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаву ниҳодҳои махсусгардонидашудаи он ҳамкориҳо дорад ва худ низ дар рушди фаъолияти онҳо саҳми калон дорад.[1] Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои худ бо созмони универсалии байналмилалӣ-СММ аҳамияти махсус медиҳад.
    29 январи 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба сифати аъзо қабул шуд. 2 марти 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи 46/224 оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба иттифоқи оро қабул гардид. Пайвастани кишвар ба СММ пояи устуворро барои рушди ҳамкориҳо бо ин созмон, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он бунёд ниҳод.
    Тоҷикистон дар давраи начандон дарози узвият дар ин созмон марҳалаҳои муайяни ҳамкориро бо ин созмон паси сар кард ва худро ҳамчун кишвари дорои сиёсати созандаву бунёдкор, ташаббускор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
   Давлати тоҷикон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии густурдаи дипломатияи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайваста пайгирӣ мекунад. Дар доираи ин дипломатия ва дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи марбут ба об («Соли байналмилалии “Оби тоза”, соли 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии “Ҳамкорӣ дар соҳаи об”, соли 2013»), “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”), ки мавриди истиқбол ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, амалӣ намудани ибтикорҳои тоза дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ мешавад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо таъкиди зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об манбаи ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Вобаста ба ин, яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст...[2]
   Дар ҷаҳони имрӯза таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ рӯз то рӯз афзун гардида, хатару ситезаҳои навро ба монанди амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, вазъи экологии ҷаҳонро ба миён меорад. Дар баробари афзоиш ёфтани таҳдиди ин хатарҳо, кишварҳои алоҳида дар муқобили зуҳуроти ба он вобаста истодагарӣ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва ҳаллу фасли чунин масоил бидуни талошҳои дастаҷамъӣ дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имконнопазир аст.
   Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири чунин хатарҳои глобалӣ дар канор монда наметавонад ва дар ин росто бо ташаббусу ибтикороти худ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда пешниҳодҳои худро ироа менамояд. Дар робита ба коҳиш ёфтани захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, ба ярч мубаддал гардидани кӯҳҳу тепаҳо ва дигар омилҳое, ки барои ояндаи аҳли башар метавонанд хатар эҷод намоянд, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кўшишу талош ба харҷ дода истодааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии ин мушкилотҳои табии ҷалб созад.
   Қобили қайд аст, ки дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон тавонист бо ташаббусҳои башардӯстонаи худ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафу ташуббускор оид ба масъалаҳои об пазируфта шудааст.[3]
   Инъикоси ҳадафҳои рушди устувор дар ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон пеш аз ҳама бо ташаббусҳои байналмилалии ин кишвар дар соҳаи об алоқаманд мебошад. Ҳадафи шашум ва ҳафтуми Рузномаи ҷаҳонии рушди устувор “Табдилдиҳии ҷаҳони мо: рузномаи маҷлис дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030”; Ҳадафи 6. Таъмини мавҷудият ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва беҳдоштӣ барои ҳамагон; Ҳадафи 7. Таъмини дастрасӣ ба сарчашмаҳои арзон, боваринок, устувор ва муосири нерӯ барои ҳамагон, дарбаргирандаи ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Яъне мақсад аз ироаи ташаббусҳо ва қабули ҳадафҳои рушди устувор низ ба таври назаррас баланд бардоштани самаранокии истифодабарии об дар тамоми бахшҳо ва таъмин намудани иҳотаи устувор ва додани оби ширин барои ҳалли проблемаи норасоии об ва бештар кам намудани шумораи одамони аз норасоии об танқисӣ кашанда, вусъат бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирӣ дар кори пурзӯр намудани иқтидори кишварҳои дар ҳоли рушд дар амалисозии фаъолият ва барномаҳо дар соҳаи таъмини об ва беҳдошт, аз ҷумла ҷамъоварии обҳои ҷории сатҳӣ, ширинсозии об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, тозакунии гандобҳо ва истифодаи технологияи гардиши дубора ва истифодабарии такрорӣ ва дигар фаъолияти ба самти рушд равонашударо дар бар мегиранд.
   Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) (англ. Sustainable Development Goals (SDGs), расман маъмул бо номи Табдилдиҳии ҷаҳони мо: рузномаи маҷлис дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 (англ. Transforming our world: the 2030 Agenda for Sustainable Development) маҷмуи ҳадафҳо барои ҳамкориҳои байналхалқие мебошанд, ки соли 2015 қабул гардида, муҳлати расидан ба ин ҳадафҳо то соли 2030 муайян шудааст. Ҳуҷҷати ҷамъбастӣ “Табдилдиҳии ҷаҳони мо: рузномаи маҷлис дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030” дарбаргирандаи 17 ҳадафи глобалӣ ва 169 вазифаи дахлдор мебошад.[4]
    Соли 2015 баъд аз ба анҷом расидани муҳлати ҳуҷҷати муҳим Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, ки соли 2000 аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабул гардида буд, зарурати қабули рузномаи нав дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор изҳор гардид, ки минбаъд бо ташкили гурҳӯҳи корӣ ҳадафу вазифаҳои дахлдор таҳия гардиданд. Баъд аз гуфтушунидҳо ва баррасиҳо, гурӯҳи корӣ дар ҳайати кушод тавсияҳоро ҷиҳати муайян намудани 17 ҳадаф дар соҳаи рушди устуворро пешниҳод намуд. Моҳи августи соли 2015 193 кишвари аъзои СММ оид ба ҳуҷҷати ҷамъбастии рузномаи маҷлис “Табдилдиҳии ҷаҳони мо: рузномаи маҷлис дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030” ба мувофиқа омаданд. Мувофиқи нақшаи таҳияшуда, Саммити СММ ҷиҳати қабули рӯзномаи нави рушди устувор 25 – 27 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню – Йорк баргузор гардида, аз ҷониби роҳбарони давлатҳо Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
   Тавре гуфта мешавад Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ният дорад, ки бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки гидроэнергетика омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо боқӣ мемонад.
   Дар мисоли Тоҷикистон, ки дар он 95 фоизи нерӯи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, вобастагии бевоситаи ин ду омили муҳими рушди устувор бараъло зоҳир мегардад. Дар Тоҷикистон солона тақрибан 18 миллиард кВт. соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад ва ин ҳамагӣ 3-4 фоизи иқтидорҳои мавҷудбудаи кишварро, ки ба 527 миллиард кВт. соат нерӯи барқ дар як сол мерасанд, ташкил медиҳад. Аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.[5]
   Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги об ва иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад, ҳамеша омодагии хешро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҷонибҳои алоқаманд, пеш аз ҳама бо кишварҳои ҳамсоя,  дар самти истифодаи самаранок, мутақобилан судманд ва оқилонаи захираҳои обу энергетика ба манфиати кулли кишварҳои минтақа изҳор медорад. Азхудкунии муштараки ин иқтидори азим метавонад ба ҳалли фарогири якқатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
   Дар навбати аввал ин ба таъмини амнияти обӣ ва обтаъминкунии кафолатнок барои обёрии заминҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хушксолиҳо тавассути танзими бисёрсола ва мавсимии маҷрои об дар обанборҳо, ҳамчунин ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об, мисли селу обхезӣ, мусоидат мекунад. Сониян, баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки минтақа бо қувваи барқи дастрас ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад ва ҳамзамон барои татбиқи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор мусоидат сурат гирад. Ахиран, истифодаи захираҳои гидроэнергетикии мамлакат инчунин ба коҳиши назарраси паҳншавии гази карбон дар атмосфера мусоидат мекунад.[6]
   Табиист, ки ҳар кишваре барои ҳузур ва нақшофарӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ниёз ба заминаҳои ҳуқуқие дорад, ки ҳам манфиатҳои миллиро дар тамоми арсаҳо ҳимоят кунанд ва ҳам бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат дошта бошанд. Ин аст, ки бо ҳидоят ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷӣ мувофиқ бо талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омада, бо мурури замон мукаммал гардиданд.
Ҳабибҷон Мирзоев,
ходими илмии Институт
[1] Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият,  Душанбе, “Ирфон”, 2011
[2] Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз 27.01.2015, №332 )
[3] Муҳаммад Музаффарзода. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар ҳалли мущкилотии глобалии марбут ба об. –Душанбе: КВД «Тоҷикдипсервис», 2017, 60 саҳ.
[4] Преобразование нашего мира: Повестка дня в области устойчивого развития на период до 2030 года, сентябрь
[5] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор”   http://www.president.tj/node/17342
[6] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии “Дар ҷустуҷӯи ҳамбастагӣ байни энергия ва об: Синергия байни Ҳадафҳои шашум ва ҳафтуми рушди устувор”   http://www.president.tj/node/17342

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/