wrapper

Хабарҳо

   Мусоҳиба бо директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо оид ба нақши Созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар ҷаҳон
   - Дар оғоз бигуед, ки созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё чӣ гуна созмон аст ва дар ҷаҳон чӣ нақш дорад?
   - Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар хонаи умумии мо сулҳу субот ҳукмфармо бошаду тафовути сатҳи рушди иқтисодиро ҳаракат бар сӯи пешрафти умумӣ ба тартиб дарорад.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё чун созмони минтақавӣ соли 1992 таъсис ёфта, то имрӯз 27 давлати ҷаҳонро ҳамчун аъзо, 8 кишвар ва 5 созмони минтақавию байналмилалиро ба ҳайси нозир муттаҳид намудааст.
   Давлатҳои аъзо:
   Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Изроил, Ироқ, Камбоҷа, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Миср, Муғулистон, Озарбойҷон, Покистон, Россия, Тайланд, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Урдун, Фаластин, Хитой, Ҳиндустон, Шри Ланка, Корея, Эрон.
   Давлатҳои нозир:
   Белорус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония.
   Созмонҳои нозир:
   Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, Лигаи Давлатҳои Араб, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Парлумони Кишварҳои Туркистон, Созмони Милали Муттаҳид.
   - Ба андешаи Шумо ҳадафи аслии нишасти Душанбе чист ва дар ин ҳамоиш асосан кадом масъалаҳо муҳокима гардиданд?
   - Дар ин нишаст баррасии масоили амният, ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ, пешгирӣ аз паҳншавӣ ва мунтазам бартараф намудани яроқи қатли ом ва таҳкими эҳтироми мутақобила, якдигарфаҳмӣ ва таҳаммул дар муносибатҳои байни тамаддунҳо, ки аз ҳадафҳои асосии ин созмон аст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Котиботи созмон идораи маъмурии он ба ҳисоб рафта, дар Ҷумҳурии Қазоқистон воқеъ аст.
   - Тавре маълум аст, аз сентябри соли 2018 Раёсати МҲТБО ба Тоҷикистон гузашт. Луфтан, бигӯед, ки дар ин давра самаранокии ин созмон то кадом андоза чашмрас аст?
   - Давоми солҳои фаъолияти созмони мазкур се кишвари аъзои он раёсат дар созмонро ба уҳда доштанд. Ҷумҳурии Қазоқистон солҳои 2002-2010, Ҷумҳурии Туркия солҳои 2010-2014, Ҷумҳурии Мардумии Чин, солҳои 2014-2018 кишварҳои раисикунандаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё буданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чорумин мамлакати аъзои фаъоли созмон аст, ки раёсати онро солҳои 2018-2020 ба уҳда гирифтааст.
   Дар доираи Раёсати Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзҳои 14- 15-уми феврали соли 2019 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе Ҷаласаҳои гурӯҳи махсуси корӣ ва Кумитаи кормандони аршади кишварҳои аъзои Машварати ҳаморӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор гардид. Бояд таъкид кард, ки дар таърихи фаъолияти созмон аввалин маротиба чунин ҳамоиши коршиносони аршад бо иштироки намояндагони ҳамаи кишварҳои аъзо ва нозири созмон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои тадорукот ва муҳтавои Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо баррасӣ гардид.
   Мувофиқи низомномаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё кишварҳои аъзо бо навбат дар чорабиниҳои гуногуни Машварат раёсатро ба душ мегиранд. Маротибаи аввал аст, ки Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки яке аз ташкилоти бонуфузи минтақавӣ ба шумор меравад, раисӣ мекунад.
   Соли 2014 раёсати Машваратро Чумҳурии Мардумии Чин ба ӯҳда дошт. Дар ҳамоиши Машварат, ки моҳи майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои қитъаи Осиё ва роҳбарони даҳҳо созмони минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз рушди бонизому босуръати аксари кишварҳои Осиё таъкид доштанд, ки “Ин қитъа бояд дар бунёди Осиёи шукуфон ва бехатар ҷаҳиши бузургеро амалӣ намояд ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъоли он омода аст, дар ин раванд саҳми намоёни худро гузорад”.
   Ояндаи Осиё дар замони ҷаҳонишавӣ аз бисёр ҷиҳат вобаста ба худи мост. Осиё дар таърихи тамаддуни ҷаҳон борҳо муҳаррики рушди умумӣ буд. Имрӯз бисёр давлатҳои Осиё мисолҳои рӯҳбаландсози рушди иҷтимоию иқтисодиро намоиш медиҳанд. Мо ба таҷрибаи ғуншуда такя намуда, бояд роҳи бунёди Осиёи шукуфону бехатарро кушоем, ки ояндаи дурахшонро барои халқҳоямон таъмин кунад.
   Моҳи июни соли 2002 бахшида ба даҳсолагии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Ҷаласаи навбатии ин созмон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад карда, таваҷҷуҳи кишварҳои аъзоро ба густариши ҳамкории судманд дар қитъаи Осиё, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва роҳу нақлиёт ҷалб намуданд. Тавре таъкид гардид, ба кишварҳое, ки дастрасии мустақим ба роҳҳои баҳрӣ надоранд, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор басо мушкил аст. Аз ин хотир дастгирии кӯшишҳои чунин кишварҳо дар самтҳои бунёди зербинои муосири ҳамлу нақли миллию минтақавӣ, диверсификатсияи иқтисод ва робитаҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои асосӣ мебошанд. Бино ба таъкиди Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон омода аст, ки саҳми худро барои расидан ба мақсаду вазифаҳои таҳкими ҳамгироии кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар бахшҳои ҳарбию сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва бахшҳои дигаре гузорад.
   - Пас аз нишасти Тоҷикистон дар назди созмон кадом вазифаҳи нав қарор хоҳанд гирифт?
   - Албатта пеш аз ҳама ба вуҷуд овардани мехнизими амалии ҳадафҳои зикргардида ва дар баробари он омодагӣ ба чолишҳо ва нигаронии масоили амниятӣ, рушди иқтисодӣ ва дар амал татбиқ гардидани моделҳои гуногуне, ки дар ҳадафи чоруми стратегияи миллии рушд, яъне саноатикунонии кишвар кумак ва ин равандро тақвият мебахшад, мебошад. Зеро моделҳои гуногуни саноатикунонии баъзе аз давлатҳои иштироккунанда дар ин ҳамоиш ин марҳиларо пушти сар кардаанд, ки дар асоси машварат ва андешидани тадбирҳо метавонад барои кишвари мо мусоидат кунад. Танҳо бо ба вуҷуд омадани боварӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи тарафайн метавонад, ин ҳамкориҳоро суръат бахшад.
   - Талошҳои сарвари давлати Тоҷикистон баҳри таъмини субот дар минтақа ва  фаъолнокии Тоҷикистон низ дар созмонҳои минтақавӣ, то имрӯз барои кишвари мо чӣ натиҷа доданд?
   - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳое, ки дар ин ҷаласаҳо доштанд, борҳо таъкид кардаанд, ки амният, ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ, пешгирӣ аз паҳншавӣ ва мунтазам бартараф намудани яроқи қатли ом ва таҳкими эҳтироми мутақобила, якдигарфаҳмӣ ва таҳаммул дар муносибатҳои байни тамаддунҳо бояд ҳамеша пайгирӣ шавад. Натиҷаи сулҳу амният ва ороми босуботи кишвар талошҳои ҳамешагии имрӯзи Президет ва Ҳукумати кишварамон аст, ки заминаи рушди босуботи кишвар амалӣ карда истодааст.
   - Умуман ин формати Машварат бар асоси кадом усул пеш меравад ва кадом манфиати муштарак кишварҳои аъзои МҲТБО-ро дар Осиё бо ҳам наздик месозад?
   - Усули асосии ин ҳамоиш аз унвони он бармеояд. Яъне мо бояд иқтидори машваратамонро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ баҳри рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу шукуфони халқҳои Осиёро барпо намоем.
   - Дар охир бигӯед, ки муҳимтарин масъалаҳое, ки дар назди ин созмон истодаасту бояд онҳо ба ҳалли он пардозанд кадомҳоянд?
   - Ҳамоиши Душанбе, ки 15 июни соли 2019 баргузор гардид, идомаи талошҳои кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад, ки аз соли 2002 аз аввалин ҳамоиш идома дорад. Ҳамоиши Душанбе майдоне барои ҳалли мушкилоти амалкунанда гардад, ки Осиё бо он рӯбарӯст. Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои созмони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки бо истифода аз воситаҳои гуногун бо мақсади ҳамгироии минтақавӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Бо дарназардошти сатҳи баланди иштироки кишварҳои аъзо, инчунин муносибати дӯстона ва боэътимод дар байни онҳо, Тоҷикистон аз хамоиши мазкур натиҷаҳои хубро интизор аст.
Мусоҳиб
Барно Соҳибова,
журналист

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/