wrapper

Хабарҳо

   Аҳолии минтақаи Осиё нисфи мурдами сайёраи заминро ташкил менамоянд. Тавоноии кишварҳои Осиёро гуногунӣ ва таҳаввулоти мардуми он ташкил медиҳад. Ин тавонои минтақаи Осиё буд, ки имрӯз ҳамаи кишварҳоро дар зери як ҳадафи стратегӣ таҳти Созмони машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ҷамъ овардааст.
   Шомил шудан дар чунин ташкилот таҷҷасумгари равобит ва ҳамгироӣ байни кишварҳои минтақа мебошад. Созмони мазкури талош дорад, то заминаҳои хуберо барои таъсиси форуму нишастҳои тиҷоратӣ ва машваратӣ байни мардумони Осиё, алалхусус ҷавонон ба вуҷуд орад. Зеро ҷавонон нерӯи созандаи ҳар ҷомеа мебошанд, ки тавассути онҳо метавон рушду такомули давлатро ба вуҷуд овард.
   Дар Осиё кишварҳое ҷойгиранд, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ калон буда, аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ тараққиёфта мебошанд. Дар ин раванд Сингапур, Филиппин, Тайланд, Чин, Туркия, Эрон, Ҳиндустон ва Покистонро, ки аз давлатҳои абарқудрати минтақавӣ ба шумор мераванд, метавон зикр кард.
   Ҳамоиши 5-уми Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзҳои 14-15–уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Тоҷикистон баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки МҲТБО яке аз созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки бо дарназардошти таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, ҳифзи арзишҳои муштараки миллӣ, ҳамкориҳои боварибахши дуҷониба ва бисёрҷониба, пешгирии хатарҳои номатлуби аср ба монанди мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, мубориза бар зидди гардиши қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи суботи минтақавӣ, нигаҳдоши сулҳ ва амният дар минтақаи Осиё созмон дода шудаааст ва заминаи хуберо барори баррасии масоили мубрамаи минтақаи Осиё хусусан хушунати байни Исроил ва Фаластин, Покистону Ҳиндустон, ҷангҳои Ироқу Сурия ва Афғонистон мавриди муҳокима ва ҳаллу фасл фароҳам хоҳад овард.
   Имрӯз дар аксари кишварҳои қитъаи Осиё оромӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдати миллӣ дида намешавад. Мамолики Осиё дорои дин, мазҳаб, миллату халқият ва давлатҳои гуногун мебошанд, ки чолишу таҳдиду хатарҳо барои ҳамаи кишварҳо якранг мебошад. Барои ҷилвагирӣ ва мубориза бо ин чолишҳо давлатҳо наметавонанд ба танҳоӣ ё дар алоҳидагӣ ба ҳадафи ниҳоӣ расанд. Доштани сиёсати духӯра низ кишварҳоро дар ин самт ба муваффақият намерасонад. Ва лиҳозо талошу мубориза бо таҳдиду хатарҳо дар байни ҳамаи кишварҳои мазкур бояд дастҷамъона сурат бигирад, то ба марому мақсади ниҳоии худ бирасанд.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллӣ таҷрибаи калон дорад, ки метавон онро чуни намунаи амалӣ барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавриди омӯзиш ва истифода қарор дод. Зеро сулҳу тоҷикон ва Ваҳдати миллӣ чун мактаби намунавӣ ва таҷрибавӣ дар ҷаҳони имрӯза эътироф шудааст ва метавон натоиҷи онро оқилона истифода кард.
Иқдоми дигар Тоҷикистон барои ҳамгироии минтақа ва таҳкими дӯстӣ тавассути рушди сайёҳӣ анҷом дода мешавад. Барои расидан ба ин ҳадаф кишвари мо бо зарфияту имконоте, ки дорад, дар як муддати кутоҳ самти гардишгарии кишварро рушд дод ва тавонист, ки таваҷҷуҳи ташкилотҳои байналмилалиро ба худ ҷалб созад. Тибқи омори дастаршуда кишвари мо дар нимсолаи аввали соли 2019 дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ду баробар сайёҳонро зиёд пазируфтааст, ки ин албатта нишондод хуб аст.
   Баргузории Саммити МҲТБО заминаи хубест, барои ҳамгироии кишварҳои минтақа, алалхусус Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна. Зеро манотиқи мазкур дорои манобеъ ва сарватҳое мебошанд, ки метавон аз онҳо дуруст истифода кард.
   Тоҷикистон Раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои солҳои 2018-2020 бар ӯҳда дорад. Ин ҳамоиши байналмилалие, ки зиёда аз 27 кишвар ва созмони байналмилалӣ узви он мебошанд, барои муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар ҳамоиш илова аз кишварҳои арабӣ, роҳбарон ва намояндагон аз манотиқи Осиёи Ҷанубӣ аз шумули Ҳиндустону Покистон низ ширкат ва суханронӣ карданд.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон бо ин кишварҳо равобити амиқи фарҳангию дӯстӣ дорад, ки дар заминаи он муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ ба дастовардҳо ноил гардидаст. Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна минтақаи стратегӣ маҳсуб ёфта, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ байни ин кишварҳои муҳим арзёбӣ мешаванд.
   Тоҷикистон аз байни манотиқи Осиёи Миёна ягона кишвари наздиктарин бо Покистон мебошад. Ҳарду кишвар дорои тамаддуну фарҳанги муштарак буда, солиёни зиёд аст, ки равобити дипломатии хуб доранд. Покистон яке аз аввалинҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафораташро дар Душанбе боз кард. Аввалин маротиба 6-уми моҳи июни соли 1992 байни Тоҷикистон ва Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд. Соли 1993 Покистон дар Тоҷикистон сафоратхонаашро боз намуд ва ибтидоии соли 1994 ба фаъолият оғоз кард.
   23-юми феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва ҳар ду кишвари дӯст 30 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба имзо расонданд. Моҳи марти соли 1994, октябри 1996, июни 2002, июли 2009 ва марти 2011 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон сафарҳои расмӣ доштанд, ки дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафҳаи навро бозкушоӣ намуд. Нахуст маротиба соли 1997 Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Исломободи Покистон ифтитоҳ гардид. Покистон узви фаъоли СММ, ЭКО, СААРК, Кишварҳои Исломӣ, ва Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
   Дар ин кишвар зиёда аз 12 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд, ки аксари онҳо аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон инҷоро ватани доимии худ қарор доданд. Бояд қайд кард, ки бештари онҳо ба тиҷорат, илму дониш, меъморӣ ва ирфон машғуланд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.
Коршиносон ба ин назаранад, ки Тоҷикистон ва Покистон метавонанд, масири аслии энергетикиеро эҷод кунанд, ки заминаи хуберо барои минтақа ба вуҷуд оварад. Дар ҳоли ҳозир мо дар асри технология зиндагӣ дорем ва ниёз ба истифодаи дурусти ин сарватҳоро дорем.
   Ташрифи намояндаи махсуси Сарвазири Покистон Сония Ништар дар Саммити МҲТБО заминаи хубе барои гуфтушунид ва ҳамкориҳои оянда миёни ду кишвар буд. Инчунин, моҳи апрели 2019 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд «Як камарбанд, як роҳ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот карданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва муносиботи дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир-терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, иброз доштанд.
   Таззоду кашмакашиҳо дар байни манотиқи Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Ғарбӣ пешрафтро дар Осиё коҳиш дода, сабаби ноамнӣ ва нооромии минтақа гардидааст. Имрӯз манотиқи Ховари Миёна таҳти таъсири ҷангу хушунат қарор дорад. Даргириҳои мазҳабӣ, нажодпарастӣ ва хусусан исломҳаросӣ мардуми сайёраро зери тарсу ваҳшат қарор додааст.
   Бояд қайд кард, ки имрӯз терроризм ва хатароти он минтақа ва ҷаҳонро таҳдид мекунад. Ин падидаи номатлуб ба дин, мазҳаб ва миллат эҳтиром қоил нашуда, ҳудудеро эътироф намекунад. Покистон барои мубориза бар зидди ин вабои аср то имрӯз фаъолона талош дорад. Ин аст, ки намояндаи махсуси Сарвазири Покистон дар ҷараёни суханронии худ дар Саммити МҲТБО қайд намуд, ки якҷоя бар муқобили ин падидаи номатлуб бо доштани стратегияи ҳадафманд мубориза мебарем, то тавонем решаҳои асосии онро пайдо карда, аз паёмадҳои номатлуби он ҷилавгирӣ кунем: «Барои расидан ба мақсаду ҳадафҳои ниҳоӣ кишвари Покистон аз тамоми аъзоёни Саммити МҲТБО талаб менамояд, то кашмакашҳои минтақавиро бо истифода аз гуфтушунид ҳал карда, Осиёро ба як минтақаи пешрафт табдил созем».
   Хулоса, метавон қайд кард, ки ташрифи намояндаи махсуси Сарвазири Покистон ва суханронии ӯ заминаи хубест дар эҷоди ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамкорӣ барои мубориза ва ҷилавгирии аз ин паёмадҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ. Ин кишварҳо бояд саъюу талош намоянд, то мардуми сайёраро зери сояи амну субот нигоҳ дошта, ба суи фардои нек роҳнамоӣ намоянд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
корманди Институт

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/