wrapper

Хабарҳо

   Аслан ифротгароӣ худ яке аз падидаҳои номатлуб аст, ки тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст ва ин падидаи номатлуб на танҳо барои кишварҳо алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад. Дар ҷаҳони имрӯза якчанд созмону ҳаракатҳои характери ифротиву террористидошта, фаъолият менамоянд, ки аз ҳама дахшатбортарини онҳо ин созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ», ҳаракати «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳаракати «Салафия» ва ТЭТ ҲНИ мебошад, ки хусусияти ифротии диниро ба худ касб намудаанд.
   Ифротгароӣ ба маънии дигар ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии ифротгароӣ гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ дастгирии молиявӣ пайдо мекунанд. Ифротгароӣ вобаста аз хусусиёташ навъҳо ва шеваҳои гунонгунро доро буда, дар робита ба Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва маҳзабӣ бештар ба назар мерасад.
   Мавриди ёдоварист, ки экстремизми динӣ дар доираи ислом низ мавҷуд буда, ҳар ҷое, ки он пайдо гардад, дар назди худ танҳо як мақсад мегузорад, бунёди давлати «Хилофат». Тибқи нақшаи пешакии таъсиси «Хилофат» аз ҷониби созмони даҳшатангези ба ном «Давлати исломӣ», аслан бар зидди кишварҳои низоми дунявӣ ва демократӣ равона гардидаву онҳоро бо роҳи зурӣ тобеи «Хилофат»-и худ намуданист. Ногуфта намонад, ки барои анҷом додани амалҳои носолими худ ба ин гуруҳи даҳшатангез нерӯи ҷавон лозим меояд, маҳз ба ҳамин хотир онҳо ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба доми худ меафкананд.
   Мутаассифона, имрӯзҳо низ бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо ба якчанд амалҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабиро пайравӣ намуда, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ мехоҳанд ширкат варзанд.
   Бояд тазаккур дод, ки ҳодисаи санаи 7-ум майи соли 2019 ба амал омада, яъне дар додгоҳи шаҳри Душанбе ба маҳкама кашидани як гурӯҳи дувоздаҳ нафараи муҳоҷирони кории тоҷик исбот намуд, ки то кунун чунин раванди муқобил ба амният ва манфиатҳои миллии Тоҷикистон миёни бархе аз ҷавонони гумроҳи мо бадбахтона ба назар мерасад.
   Аслан, омилҳо ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ, ин муҳоҷирати меҳнатӣ, омилҳои динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷамъият, фирефтаи дастгоҳҳои таблиғи ифротӣ, содир намудани ҷиноят ва фирор аз адои ҷазо мебошанд.       Аз мушоҳидаҳо маълум аст, ки вақтҳои охир нисбат ба солҳои пеш пайвастшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористӣ кам гардидааст.
   Қобили қайд аст, ки чунин кирдорҳои ҷиноятпеша зидди амният ва манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо хусусияти умумимиллӣ пайдо кардааст.
   Тавре қайд гардид, омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар ба раванди танзимнашудаи муҳоҷирати меҳанатӣ ва фаҳмиши нодурусти моҳияти дин вобаста мебошад. Дар бештари маврид онҳоро аз рӯйи надоштани саводнокии динӣ фиреб мекунанд. Дар умум, сабабу омилҳои ҳамаи ин иллатҳо аз тарбияи нодуруст намудани ҷавон вобаста мебошанд.
   Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки навобаста аз тадбирҳои муассири дар самти мубориза бо ифротгароӣ андешидашуда, ҳоло низ бетарафӣ миёни сокинон ба мушоҳида мерасад ва норасоии мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ низ як навъ мушкилиро дар роҳи муборизаҳои ҳамешагӣ ва муттасил эҷод мекунад. Тибқи сарчашмаҳо, имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ чунин мушкилоти усули дар мубориза алайҳи ифротгароӣ мавҷуданд, ки роҳи ҳалли худро тақозо доранд:
   Якум, норасоии мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ имрӯзҳо ба таври ҷиддӣ миёни шаҳрвандони кишвар ба назар мерасад, ки ҳалли ин масъала баҳри бароварда кардани эҳтиёҷи онҳо ниҳоят муҳим мебошад. Зеро яке аз роҳҳои дигари пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ифротгароӣ ин таъсиси марказҳои машваратӣ барои шаҳрвандон дар кишвар буда, таҳлилҳо муайян намудааст, сокинон бештар ба хизматрасониҳои ҳуқуқиву равонӣ (психологӣ) ниёз доранд;
   Дуюм, таваҷҷуҳи махсус равона намудан ба тарбияи кӯдакону наврасон дар мактаб ва оила. Аксари мушкилоти имрӯзаи ҷомеа аз нокифоя будани тарбия сар мезанад. Асри иттилоот ва ҷаҳонишавӣ иқдомҳои комилан дигар ва муосирро дар тарбияи наврасон рӯйи даст гирифтанро талаб мекунад. Мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносонро зарур аст, ки чунин усулро таҳия кунанд. Дар самти педагогика ва равоншиносӣ омухтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта аз аҳамият холӣ нест;
   Сеюм, ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин таваҷҷуҳи махсус ба худи ҳозирин равона карда шавад, то дар он шахсони «осебпазир» низ ҳузур дошта бошанд. Аксар ҳолат фаъолон ҷамъ мешаванд, ки барои онҳо ин масъала актуалӣ нест. Кушиш ба харҷ дода шавад, ки дохили толор «нав» карда шавад. Аз назари илми равоншиносӣ ба назар гирифтани вижагии иштирокчиён низ аз аҳамият холӣ нест, зеро кори маърифатӣ нишонрас мешавад;
   Чорум, идома додани иқдомҳо дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ ва умуман ҳунармандӣ низ аз аҳамият холӣ нест, зеро ҷавононро бо шуғл таъмин намудан, мутамарказии зеҳниро ба вуҷуд меорад ва бештар амалгаро мекунад. Ҳунарманд нони худро меёбад. Ба ҳайси «неруи нарм»-и ватанӣ дар дарозмуддат метавонад баромад кунад. Дар ин самт рушди варзиши «шоҳмот» низ муҳим буда, зеҳнияти ҷавонону наврасонро қавӣ карда, барои ташаккули қишри зиёии техникӣ низ мусоидат мекунад ва аз ҳама муҳим барои ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъсири нек мерасонад.
   Панҷум, барои боло бурдани эътимоди шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ТВ ё радиои маҳаллӣ доранд, мулоқоти мустақими раисони шаҳру ноҳияҳо гузаронида шавад. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандон мушкилоти худро гӯянд ва роҳҳои ҳалли он чустуҷӯ шавад. Аз чунин маърака мешавад як қадами ҷиддии политтехнологӣ ба вуҷуд овард.
   Шашум, яке аз роҳҳои дигари пешгирии ифротгароӣ ва паст намудани сатҳи он таъсири ҷонибҳои манфиатдор ба афкори ҷамъиятӣ ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин, лозим аст, ки иқдомҳои амалӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ дар кишвар роҳандозӣ карда шавад.
   Хулоса, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ назди ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузургеро доро мебошанд. Бахусус, аз даст надодани зиракии сиёсӣ зарур аст, ки аз ҷониби Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Барои насли ҷавон ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, боло гузоштани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ бояд нуктаи меҳварӣ бошад.
Мулломухтор МУЛЛОЕВ,
ходими илмии Иститут

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

 Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-тадқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисоди ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, ҷунбишҳои динию идеологӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Америка машғул мебошад. 

Самтҳои ҳамкорӣ

  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сисёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.
http://www.zoofirma.ru/